Полузащитник Парвизджон Умарбоев, архивное фото

Парвиз Умарбоев, футболбози тоҷик дар Лигаи Аврупо бозӣ мекунад

432
(Таҷдидшуда 17:42 06.09.2020)
Тими Парвиз Умарбоев "Локомотив"  17 сентябр бо "Тоттенхэм"-и Лондон дар дувум давраи муқаддимотии Лигаи Аврупо ба майдон мебарояд

ДУШАНБЕ, 6 сен – Sputnik. Футболбози тоҷик Парвиз Умарбоев бозиҳояшро дар тими Булғория идома медиҳад ва моҳи сентябр дар дувумин давраи муқаддимотии лигаи Аврупо бозӣ хоҳад кард.

Дастаи "Локомотив"-и шаҳри Пловдиваи Булғория ҳарифи лондониашон тими "Тоттенхэма"-ро 17 сентябр дар майдони худ дар дувумин давраи муқаддамотӣ қабул хоҳанд кард.

Ин бозӣ дар натиҷаи қуръапартоии Лигаи Аврупо муайян гардид.

Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқаҳои Лигаи Аврупо дар як давра баргузор ва дастаи ғолиб муайян мешаванд. Мусобиқа бидуни тамошобин мегузарад.

Футболбози тоҷик дар тими "Локомотив" дар қаҳрамонии Булғория фаъолона иштирок мекунад. Худи чемпионат дар чанд давра баргузор мешавад. Нахуст - давраи аввал, ки дар натиҷаи он беҳтарин тимҳо аз қисми болоии ҷадвал ба давораи дувум - роҳхат ба Лигаи қаҳрамонҳо ва Лигаи Аврупо мегиранд.

Феълан дар фасли нав тими бозингари тоҷик дар қаҳрамонӣ дар 4 бозӣ ширкат кард. Дар натиҷаи бозиҳо "Локомотив" 9 хол ба даст оварда, дар ҷадвал ҷои севумро ишғол мекунад.

Ёдрас мешавем, моҳи июли ҳамин сол Парвиз Умарбоев бори дувуми паиҳам Ҷоми Булғорияро ба даст овард. Моҳи август "Суперкубок" гирифт.

Убарбоев аз кӯдакӣ дар мактаби варзишии "Рубин" таҳсил кардааст. Ҳарчанд дар тими ин мактаб боре ҳам ба майдон набаромад. Парвиз аллакай аз солҳои 2013/14 дар "Нефтхимик"-и Нижнийкамск баромад мекард, сипас ба "Химик"-и Дзержинск гузашт. Парвиз солҳои 2015/16-ро дар "Истиқлол" сипарӣ кард. Дар умум футболбози тоҷик дар 84 бозӣ иштирок кардаст ва 7 бор тӯбро ба ҳадаф расонидааст.

Пас аз бозӣ дар "Истиқлол" дар соли 2016 ба ӯ роҳ ба сӯи Аврупо кушода шуд, ӯ ба "Локомотив"-и Булғория пайваст. Бино бар омори Transfermarkt, арзиши пайвастани Умарбоев ба тими булғорӣ 100 ҳазор евро буд. Феълан, арзиши вай, бино бар иттилои Transfermarkt, ба 600 ҳазор евро баробар шудааст.

Тошев дар бораи сатҳи омодагии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон гуфт: видео

Парвиз Умарбоев аз соли 2015 дар тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад. Дар чор сол дар дастаи булғорӣ бошад бештар аз 100 маротиба ба майдон баромадааст.

432
Футбольный мяч на поле, архивное фото

Дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон варзишгоҳи муосир бунёд шуд

55
(Таҷдидшуда 21:40 30.09.2020)
Дар рӯзи ифтитоҳи варзишгоҳ Хонаи фарҳанги деҳа низ пас аз таъмиру таҷдид дари худро ба рӯи сокинон боз намуд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон варзишгоҳи муосир ба истифода дода шуд. 

Дар варзишгоҳ барои машқ ва мусобиқа аз намудҳои баскетбол, волейбол, футболи хурд, давидан ба масофаи кӯтоҳ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Директори мактаби №10-и деҳаи мазкур Акимбек Акимбеков гуфт, ки "ин варзишгоҳ дар наздикии бинои таълимгоҳ  воқеъ аст. Дар мувофиқа бо бахши ҷавонон ва варзиши назди мақомоти ноҳия то нисфирӯзӣ хонандагони таълимгоҳ дар ин варзишгоҳ  дарси тарбияи ҷисмонӣ мегузаронанд ва пас аз анҷоми дарс он дар ихтиёри ҷавонони деҳа гузошта мешавад".

Муовини аввали раиси ноҳияи Рӯшон Гулмаст Дӯсталиев гуфт, ки "Ҳукумати ҷумҳурӣ ба солимии насли наврас таваҷҷуҳи зиёд равона месозад ва инро мо дар ноҳияи худ низ мушоҳида мекунем. Танҳо дар се соли охир се варзишгоҳи мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода шуданд".

Ба иттилои Дӯсталиев барои бунёди ин варзишгоҳ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 650 ҳазор сомонӣ сарф шуд.

Ҳоло сохтмони майдони футбол дар маркази ноҳия барои 6 ҳазор ҷои нишаст идома дошта, дар назар аст, ки  дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба истифода дода шавад.

55
Барчаспҳо:
Варзишгоҳ, Рӯшон, ВМКБ
Открытие спортивного клуба «Парвиз Собиров» в Фирдавсинском районе Душанбе

Ҷаҳонпаҳлавон Парвиз Собиров дар Душанбе клуби варзишӣ сохт: Раҳмон онро ифтитоҳ кард

737
(Таҷдидшуда 17:54 29.09.2020)
Тамоми таҷҳизотҳои варзишӣ дар асоси фармоиши махсус дар шаҳри Гуанчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сифати ҷавобгу ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт дар ноҳияи Фирдавсии Клуби варзишии “Парвиз Собиров”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, муассиси клуби варзишӣ ҷаҳонпаҳлавон Парвиз Собиров мебошад ва толор бо риояи тамоми меъёрҳои сохтмонию меъморӣ ба маблағи 2 милиону 400 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби даромади шахсии ӯ бунёд шудааст.

Ба иттилои манбаъ, иншооти варзишӣ аз 2 ошёна иборат буда, масоҳати зери сохтмони он 468 метри мураббаъро ташкил дода, дар он 15 нафар соҳиби ҷойи кори доими гардидаанд.

“Тамоми таҷҳизотҳои варзишӣ дар асоси фармоиши махсус дар шаҳри Гуанчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сифати ҷавобгу ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст”,-афзудааст манбаъ..

“Дар ошёнаи якум толори машқи бадан дорои 45 намуд тренажёр барои 55 намуди варзиши чор гурӯҳ ҳар кадоме бо 20 нафарӣ дар ду баст, утоқи кории роҳбари маҷмаа, ҳуҷраи кории мураббиён, ҷойи ивазкунии сару либос, ҳаммом ва ҳоҷатхона дар ошёнаи дуюм толори машқу тамрини гуштини тарзи дзюдо барои 4 гурӯҳ ҳар кадоме бо 20 нафарӣ дар ду баст, дар маҷмуъ барои 100 нафар сохта шудааст”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, дар таҳхонаи бино ояндаи наздик дар нақша аст, ки барои занону бонувон толори машқи бадан бо тамоми таҷҳизот ба истифода дода шавад. Таҷҳизоти зарурии машқу тамрин харидорӣ шудааст.

 

737
Барчаспҳо:
варзишгар, паҳлавон, Душанбе, Тоҷикистон
Девушка за рулем автомобиля, архивное фото

Ҷазои Снежанна барои мошинронӣ бо суръати хеле баланд дар Душанбе-видео

0
(Таҷдидшуда 21:06 01.10.2020)
Раёсати умури дохилии Душанбе аз ҷаримабандии ҷавондухтаре хабар дод, ки мошинро дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт бо суръати 175 километр дар як соат рондаст

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, духтар мошинронияш бо суръати 175 км/соатро ба навор гирифта, дар саҳифаи шахсияш дар Инстаграм нашр намудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз маъмурини милиса хостаанд, ки барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ронанда ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Раёсати умури дохилӣ хабар дод, ки дар пайи санҷиш муайян шуд, ронандаи мазкур Юдинна Снежанна Руслановна, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе мебошад, ки ҳангоми идораи мошини шахсияш “Ауди А4” ба қонуншиканӣ роҳ додааст.

Манбаъ таъкид кард, ки бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ронанда, барои бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт ва гузаштан дар чароғаки сурх санади маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардид.

0
Барчаспҳо:
ҷазо, ронанда, роҳ, Тоҷикистон