Футбольный матч, душанбинский Истиклол против турсунзадевского Регар-ТадАЗом

Ҷоми футболи Тоҷикистон: "Регар-ТадАЗ" ва "Истаравшан" ба давраи нимниҳоӣ роҳ ёфтанд

74
Даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 22-23 сентябр баргузор мегардад. Дастаҳои футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб бо "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода ва "Хатлон"-и шаҳри Бохтар бо "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан байни ҳам рақобат мекунанд

 ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. "Регар-ТадАЗ" ва "Истаравшан" ба давраи нимниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон роҳ ёфтанд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, шоми  дирӯз  дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои   даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 ба анҷом расиданд.

Дар баробари дастаҳои футболи  "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб  ва "Хатлон"-и шаҳри  Бохтар дастаҳои "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода  ва "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан  низ ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд. 

Дар бозиҳои  чорякфинал  дастаи  футболи "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода бар дастаи  "Локомотив-Помир"  бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард.

Дар ҳайати дастаи ғолиб Шавкати Ҳотам се гол зад. Як голи дигарро Иброҳим Зокиров ба нишон расонид. Дар бозии дигар  дастаи футболи "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан  пас аз силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра дастаи футболи  "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакиро мағлуб намуд.

Баъди "рондан" аз "Ротор": футболбози шинохтаи тоҷик ба тими “Нижний Новгород” гузашт

Вақти асосии дидор бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт. Дар вақти изофӣ дастаҳо ба дарвозаи якдигар якголӣ заданд. Дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахти истаравшаниҳо омад карду бо ҳисоби 5:4 ғолиб омаданд.

Ҳамин тариқ, даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 22-23 сентябр баргузор мегардад. Дастаҳои футболи  "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб  бо "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода  ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан байни ҳам рақобат мекунанд.

74

Тавсифи Трамп аз Нурмуҳаммадов: беҳтарин размикори ҷаҳон аст

1346
(Таҷдидшуда 08:50 17.09.2020)
Кишвардори Амрико Доналд Трамп изҳор доштаст, ки новобаста аз серкорӣ, муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гейтҷиро ҳатман тамошо хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ба изҳори раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп, размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов беҳтарин варзишгари ҷаҳон дар муҳорибаи омехта новобаста аз вазн, ба ҳисоб меравад, хабар медиҳад Russia Today. 

Трамп мегӯяд, новобаста аз он ки, дар арафаи интихоботи президентӣ бисёр серкор аст, бо вуҷуди ин ҳам, муҳорибаи размикори доғистонӣ бо ҳамтои амрикоии ӯро ҳатман тамошо мекунад.

Филме, ки аз зиндагиномаи Абдулманап Нурмуҳаммадов қисса мекунад, нашр шуд - видео

"Гейтҷиро муҳорибаи вазнин дар пеш аст, зеро бо беҳтарин размикори ҷаҳон вориди рақобат мешавад. Ин як муҳорибаи бебаҳо хоҳад буд ва ман онро ҳатман тамошо мекунам", - изҳор доштааст Трамп.

Ёдовар мешавем, муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гейтҷи рӯзи 24 - уми октябр дар АМА баргузор мешавад. Гейтҷии 31 - сола аз 22 муҳорибаи худ танҳо дар ду маврид бохтааст.

Ҳарифи ӯ, размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов бошад, ҳамаи 28 рақобати худро бидунӣ мағлубият анҷом додааст.

Бояд гуфт, ки Нурмуҳаммадов дар рейтинги UFC пас аз Ҷон Ҷонс дар мақоми дуюм қарор дорад.

1346
Барчаспҳо:
тавсиф, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Доналд Трамп
Юношеская сборная Таджикистана  (U-16)

Яккачини ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолони ӯзбекашон ду бозии рафиқона мекунанд

67
Бозиҳои дӯстона миёни тимҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Узбакистон рӯзҳои 21 ва 24 сентябр дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" -и шаҳри Хуҷанд доир мешавад

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Ӯзбекистон бозиҳои дӯстона баргузор мекунанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи кишвар, дар доираи омодагӣ ба чемпионати Осиё, ки даври ниҳоии он бо сабаби пандемияи коронавирус ба соли оянда мавқуф гузошта шуд, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16) бо ҳамсолони Ӯзбекистонияшон ду бозии дӯстона анҷом медиҳанд.

Ба иттилои манбаъ, бозиҳои дӯстона миёни тимҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Узбакистон рӯзҳои 21 ва 24 сентябр дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" -и шаҳри Хуҷанд баргузор мешаванд.

Ҳарду бозӣ соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Хуҷанд ду бозии дӯстона байни тимҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор шуда буд.

Шикасти тими мунтахаби Тоҷикистон аз яккачини ҷавонони кишвар

Дар бозии нахуст яккачини Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 шикаст диданд, аммо дар рақобати ҷавобӣ  4: 1 пирӯз шуданд.

67
Выборы в парламент Таджикистана - Москва 2020 год

Даҳ ҳазор довталаб барои баргузории интихоботи президентӣ Тоҷикистон кӯмак хоҳанд кард

0
(Таҷдидшуда 02:29 20.09.2020)
Кумитаи давлатии ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон эълом кард барои баргузории интихоботи президентӣ 11 октябр 10 ҳазор ҷавони довталаб ба кӯмаки комиссияи марказии интихобот хоҳанд омад

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дилноза Аҳмадзода муовини раиси кумитаи давлатии ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо эъломи ин хабар дар нишасти комиссияи марказии интихоботи ин кишвар  афзуд, ки ин 10 ҳазор нафар дар ҳама қитъаҳои интихоботӣ ҳузур хоҳанд дошт, то ба маъмурони интихоботӣ кӯмак кунанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои  Хуросон. 

Вай гуфт, 250 нафар аз ин довталабон ба забонҳои руси ва англисӣ мусаллат ҳастанд ва ба нозирони байналмилалии интихоботи президентӣ Тоҷикистон  кӯмак хоҳанд кард.

Ин довталабон акнун машғули таҳияи феҳристи райдиҳандагон , сабти номи онон ва омодасозии маконҳо барои дидорҳои интихоботӣ бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ мебошанд.

Бар асоси тасмими комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  номзади Ҳизби халқии Демократӣ, Рустам  Латифзода  номзади Ҳизби Кишоварзӣ, Абдуҳалим Ғаффоров номзади ҳизби сотсиалист, Рустами Раҳматзода номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев номзади Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябр  рақобат хоҳанд кард.

0
Барчаспҳо:
Кумитаи ҷавонону варзиш, кӯмак, ҷавонон, президентӣ, интихобот, Тоҷикистон