Таджикский боец Азам Гафоров

Аъзам Ғаффоров дар бораи пирӯзӣ, нақшаҳо ва рақиби эҳтимолии ояндааш гуфт

220
(Таҷдидшуда 14:52 23.09.2020)
Аъзам Ғафоров размикори шинохтаи тоҷик дар бораи нақшаҳои муборизааш барои унвони қаҳрамонӣ ва хостори бо кадом ҳарифон вориди майдон шуданашро гуфт

ДУШАНБЕ, 23 сен - Sputnik.  Рақобати гузашта аз муҳориба барои қаҳрамонӣ муҳимтар буд, гуфт размикори тоҷик Аъзам Ғафоров дар муколама бо Sputnik Тоҷикистон.

"Пас аз мағлубият, ҳар як мубориз мехоҳад бо ғалабаи онро пӯшонад ". Ман аз натиҷа хеле қаноатмандам" гуфт паҳлавон.

Ғафоров илова кард, ки муҳориба ва ҳариф сахт буданд, аммо эътимод ба пирӯзӣ ба ғалаба мусоидат кард.

Варзишгар гуфт, ки марҳилаҳои таълимиву тамринии қабл аз рақобатро дар Осетия, Доғистон ва Маскав гузаронидааст.

Варзишкори тоҷик гуфт, ки муҳорибаҳои пешбинишуда танҳо дар тӯли ду ҳафта ду маротиба лағв карда шуданд: бори аввал ба иллати пандемия ва дуввумӣ ба иллати лат бардоштани ҳариф.

"Ҳеҷ нақшае нест, мо ду ҳафта истироҳат хоҳем кард ва вазъи саломатиро дида мебароем, зеро ҳар як сабқат нерӯи зиёдро талаб мекунад" гуфт паҳлавон.

Гафоров илова намуд, ки мехоҳад то охири сол боз як муҳорибаи дигар гузаронад.

"Ҳар касе, ки онҳо пешниҳод мекунанд, пас ман мубориза хоҳам бурд. Агар онҳо ӯро барои мубориза барои унвони қаҳрамонӣ пешниҳод кунанд, ин хеле хуб хоҳад буд", - илова кард варзишгар.

Паҳлавон умедвор аст, ки Юнус Евлоев ё Азамат Керефов рақиби ӯ хоҳанд шуд.

Ғафоров илова кард, ки ҳадафи тими ӯ унвон аст ва ӯ кӯшиш хоҳад кард, ки дар вазни сабуктарин камарбанди қаҳрамониро ба ба даст орад.

220
футзал, акс аз бойгонӣ

Барои "Сипар" як ғалабаи дигар даркор то чемпиони Тоҷикистон шавад

15
(Таҷдидшуда 22:27 19.10.2020)
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, барои дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд як пирӯзии дигар даркор аст, то қаҳрамони кишвар дар риштаи футзал шавад

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд бар тими “Соро компания”-и пойтахт дар ду силсилабозиҳои финали лигаи касбии футзали Тоҷикистон -2020 ғалаба карда, ба дарёфти унвони чемпионӣ наздик шуд.

"Бозии аввали дастаҳои мусовӣ (1:1) анҷом ёфт, вале дар задани силсилаи пеналтӣ бахти хуҷандиҳо омад кард – 4:3. Дар бозии дуюм бошад, “Сипар” бо ҳисоби 6:2 бар “Соро компания” ғолиб омад. Ҳар ду бозии аввал дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуданд", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, ки ҳамин тариқ, клуби Хуҷанд дар силсилаи бозиҳо бо ҳисоби 2:0 пешсаф аст ва пас аз як ғалабаи дигар аввалин бор чемпион хоҳад шуд.

Зикр гардид, ки бозии навбатии дастаҳо 24 октябр сурат мегирад. “Соро компания” дар Душанбе “Сипар”-ро қабул мекунад.

Инчунин дар ду бозӣ барои ҷои сеюм бошад, дастаи “Муҳоҷир”-и шаҳри Душанбе бар тими “Истаравшан” ғалаба кард. Дар бозии аввал бо ҳисоби 8:5, дар бозии дуюм бо ҳисоби 6:5, тавзеҳ дод Кумитаи миллии олимпӣ. 

Футболбозони “Муҳоҷир” дар силсилаи бозиҳо барои ҷои сеюм бо ҳисоби 2:0 пешсафанд ва мумкин аст дар бозии навбатӣ медалҳои биринҷии лигаи касбии футзали Тоҷикистонро ба даст биёранд.

15
Барчаспҳо:
футзал, Кумитаи миллии олимпӣ, Тоҷикистон

Пеш аз муҳориба: бародари Ҳабиб Нурмуҳаммадов фавран дар беморхона бистарӣ шуд

521
(Таҷдидшуда 00:30 19.10.2020)
Умар Нурмуҳаммадовро бо нишонаҳои зуком, таб ва қайкунӣ фавран дар яке аз беморхонаҳои Дубай бистарӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Бародари размикори доғистонӣ ва қаҳрамони варзиши сабуки UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов, варзишкори муҳорибаи омехта Умар Нурмуҳаммадов ба таври таъҷилӣ дар беморхонаи Дубай бистарӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки Умарро бо нишонаҳои зуком ба беморхона интиқол додаанд.

"Умар Нурмуҳаммадов дарӣ як беморхонаи Дубай бо зукоми шадид, таб ва қайкун бистарӣ шуд",- гуфааст тими размикор.

Ба гуфтаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов, бародараш чанд рӯз пеш бемор шудааст. Табибон ба варзишгар сирояти стафилококк ташхис доданд.

“Субҳи имрӯз, пеш аз парвоз ба Абу-Даби, ӯ худро бадтар ҳис кард ва дар беморхонаи Дубай бистарӣ шуд. Саломат бош бародарам, ин маънои онро дорад, ки тақдир чунин будааст",- навиштааст, Ҳабиб Нурмуҳаммадов.

Бо сабаби беморӣ, муборизаи Умар Нурмагомедов бо як муборизи қазоқистон Сергей Морозов дар доираи мусобиқаи UFC 254 лағв шуд.

521