Игор Черевченко мутахассиси тоҷик эҳтимол сармураббии тими футболи "Химки" шавад

106
(Таҷдидшуда 16:40 23.09.2020)
Пас аз бохти шадид аз “Краснодар”, дастаи вилояти Маскав дар бораи қатъи шартнома бо мураббӣ Дмитрий Гунко хабар дод

ДУШАНБЕ, 23 сен - Sputnik. Номзадии Игор Черевченко ба вазифаи сармураббии бошгоҳи “Химки” баррасӣ мешавад, гуфт чанд манбаи огоҳ аз вазъ ба РИА Новости.

Бошгоҳ бошад ин маълумотро ҳанӯз расман тасдиқ ё рад накардааст.

Ёдрас мешавем, ки 21 сентябр маълум шуд, ки бошгоҳи “Химки” ҳамкориро бо мураббии собиқ Дмитрий Гунко қатъ мекунад, ки дар ин бора дар изҳороти хадамоти матбуоти даста зикр шудааст.

"Игор Юшенко иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ таъин шуд, ки дастаро ба бозии навбатии РПЛ (Премер-Лигаи Русия - таҳрир) омода мекунад", - омадааст дар хабарнома.

Сарфи назар аз навиштаҳои ВАО дар бораи таъини қарибулвуқӯъи Черевченко, вазири варзиши вилояти Маскав Роман Терюшков гуфт, ки тасмим дар бораи мураббии нав ҳанӯз гирифта нашудааст.

"Мо ҳавзи мураббиён дорем, аммо ҳоло мебинем, ки Юшенко дастаро чӣ гуна омода мекунад, тасмими минбаъдаро хоҳем гирифт" гуфт Терюшков ва дар муколама бо ТАСС илова кард, ки тасмим дар бораи мураббӣ пас аз бозӣ бо "Динамо" гирифта хоҳад шуд.

Черевченко метавонад дар тӯли камтар аз як сол чорумин мураббии клуби вилояти Маскав шавад.

Бозгашти Сергей Юран низ баррасӣ мешавад, ки дар он “Химки” ба натиҷаҳои баланд ноил гашта, ҳуқуқи бозӣ дар РПЛ-ро ба даст овард ва ба финали Ҷоми Русия расид.

Дмитрий Гунко тавонист камтар аз ду моҳро дар даста гузаронад. Таҳти роҳбарии Гунко, “Химки” ба зинаи охири дар ҷадвали РПЛ фаромад.

Черевченко 46-сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи “Помир”-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард..

Номбурда тавонист ҳам дар тими мунтахаби кишвар ва ҳам дар бошгоҳҳои футболи Русия бозӣ кунад.

Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои "Локомотив"-и Маскав, "Балтика"-и Калининград ва Тула "Аренал" -и Тула фаъолият кардааст.

106
Барчаспҳо:
номзад, тим, футбол, Сармураббӣ, Игор Черевченко
футзал, акс аз бойгонӣ

Барои "Сипар" як ғалабаи дигар даркор то чемпиони Тоҷикистон шавад

15
(Таҷдидшуда 22:27 19.10.2020)
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, барои дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд як пирӯзии дигар даркор аст, то қаҳрамони кишвар дар риштаи футзал шавад

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд бар тими “Соро компания”-и пойтахт дар ду силсилабозиҳои финали лигаи касбии футзали Тоҷикистон -2020 ғалаба карда, ба дарёфти унвони чемпионӣ наздик шуд.

"Бозии аввали дастаҳои мусовӣ (1:1) анҷом ёфт, вале дар задани силсилаи пеналтӣ бахти хуҷандиҳо омад кард – 4:3. Дар бозии дуюм бошад, “Сипар” бо ҳисоби 6:2 бар “Соро компания” ғолиб омад. Ҳар ду бозии аввал дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуданд", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, ки ҳамин тариқ, клуби Хуҷанд дар силсилаи бозиҳо бо ҳисоби 2:0 пешсаф аст ва пас аз як ғалабаи дигар аввалин бор чемпион хоҳад шуд.

Зикр гардид, ки бозии навбатии дастаҳо 24 октябр сурат мегирад. “Соро компания” дар Душанбе “Сипар”-ро қабул мекунад.

Инчунин дар ду бозӣ барои ҷои сеюм бошад, дастаи “Муҳоҷир”-и шаҳри Душанбе бар тими “Истаравшан” ғалаба кард. Дар бозии аввал бо ҳисоби 8:5, дар бозии дуюм бо ҳисоби 6:5, тавзеҳ дод Кумитаи миллии олимпӣ. 

Футболбозони “Муҳоҷир” дар силсилаи бозиҳо барои ҷои сеюм бо ҳисоби 2:0 пешсафанд ва мумкин аст дар бозии навбатӣ медалҳои биринҷии лигаи касбии футзали Тоҷикистонро ба даст биёранд.

15
Барчаспҳо:
футзал, Кумитаи миллии олимпӣ, Тоҷикистон

Пеш аз муҳориба: бародари Ҳабиб Нурмуҳаммадов фавран дар беморхона бистарӣ шуд

521
(Таҷдидшуда 00:30 19.10.2020)
Умар Нурмуҳаммадовро бо нишонаҳои зуком, таб ва қайкунӣ фавран дар яке аз беморхонаҳои Дубай бистарӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Бародари размикори доғистонӣ ва қаҳрамони варзиши сабуки UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов, варзишкори муҳорибаи омехта Умар Нурмуҳаммадов ба таври таъҷилӣ дар беморхонаи Дубай бистарӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки Умарро бо нишонаҳои зуком ба беморхона интиқол додаанд.

"Умар Нурмуҳаммадов дарӣ як беморхонаи Дубай бо зукоми шадид, таб ва қайкун бистарӣ шуд",- гуфааст тими размикор.

Ба гуфтаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов, бародараш чанд рӯз пеш бемор шудааст. Табибон ба варзишгар сирояти стафилококк ташхис доданд.

“Субҳи имрӯз, пеш аз парвоз ба Абу-Даби, ӯ худро бадтар ҳис кард ва дар беморхонаи Дубай бистарӣ шуд. Саломат бош бародарам, ин маънои онро дорад, ки тақдир чунин будааст",- навиштааст, Ҳабиб Нурмуҳаммадов.

Бо сабаби беморӣ, муборизаи Умар Нурмагомедов бо як муборизи қазоқистон Сергей Морозов дар доираи мусобиқаи UFC 254 лағв шуд.

521