Ҳабиб гуфт, чӣ гуна Гэтҷиро "мешиканад": "Зидди ӯ нақшаи нав дорам".

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкРоссийский чемпион UFC в лёгком весе Хабиб Нурмагомедов
Российский чемпион UFC в лёгком весе Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори доғистонӣ гуфтааст, чӣ гуна ҳарифи амрикоияшро дар рақобати наввбатиш мағлуб хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Қаҳрамони феълии UFC - Ҳабиб Нурмуҳаммадов зимни як конфронси онлайнӣ гуфт, намояндаи Амрико - Ҷастин Гэтҷиро бо усули буғӣ кардан мағлуб хоҳад кард.

“Чӣ гуна ман нақшаи ба анҷом расонидани набардро дорам? Ман аз усули бӯғикунӣ истифода карда ӯро мағлуб мекунам. Бар зидди ӯ нақшаи нав дорам. Усулҳои бисёр дорам. Ҳоло ҳамаи кор дар пеш аст. Мо набояд ба ҳайяҷон дода шавем. Ҳамаи инро вақт нишон медиҳад. Ман ӯро хаста мекунам”,-гуфт Ҳабиб.

Ёдовар мешавем, ки рақобати Нурмуҳаммадов ва Гэтҷи санаи 24-уми октябр дар Абу Даби доир мешавад.

Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Расман, санаи баргузории муҳорибаи Ҳабиб ва Гэтҷи дақиқ шуд

Дидори  Ҳаби ва Гэтҷӣ рӯзи 19 сентябр дар UFC 253 таъин шуда буд, аммо ба сабаби вафоти падари паҳлавон ва мураббии ӯ Абдулманап Нурмуҳаммадов мавқуф гузошта шуд.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар замони фаъолияти варзишияш 28 бор аз рӯи муҳорибаҳои омехта ба октагон баромадаву боре ҳам мағлуб нашудааст.

Нуздаҳ рақобати Ҳабиб таҳти сарпарастии UFC баргузор шудааст. Рақобати охирини ӯ бо Дастин Поре буд, ки бо пирӯзӣ ба анҷом расонид ва мебоист бо  Тонӣ Фергюсон дидор кунад, аммо бо сабаби пандемия ва басташавии марзҳо ин доир нагашт. 

Бояд гуфт, ки Гейҷӣ ҳоло қаҳрамони муваққатии UFC дар вазни сабук буда, рақиби варзишкори русиягӣ мебошад.

Унвони қаҳрамонии худро ӯ дар рақобат бо Тонӣ Фергюсон ба даст овард.

Лентаи хабарҳо
0