Самбист Бехруз Ходжазода, архивное фото

Паҳлавон Беҳрӯз Хоҷазода барои роҳхати Олимпиада мубориза мебарад

146
(Таҷдидшуда 11:14 03.10.2020)
Чемпиони ҷаҳон оид ба самбо дар  2017 Беҳрӯз Хоҷазода тасмим гирифтааст, ки пас аз ҷароҳат тамринро идома диҳад ва ба Олимпиадаи 2020 омодагӣ бинад

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik.  Варзишкори тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода баъди ҷароҳат барқарор мешавад ва пас аз он дубора ба тамринҳо ҷиддӣ шурӯъ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Беҳрӯз Хоҷазода соли 2017 дар Чемпионати ҷаҳонии Самбо дар Сочи ғолиб омада буд. Варзишгари тоҷик дар вазни 74 кг рақобат кард. Ӯ пас аз 42 сол, натиҷаи варзишгари маъруфи тоҷик Саидмӯъмин Раҳимовро такрор кард. Пас аз он, ӯ ба дзюдо тамаркуз кард ва имрӯз мақсад дорад, ки ба Бозиҳои 2020 иҷозатнома ба даст орад.

"Ҳоло ман дар ҳолати барқароршавӣ ҳастам. Дар пеш масими ҷиддие ҳаст, ки ҳамаи мо умедворем, ки пас аз пандемия бармегардад. Мавсими масъулиятнок хоҳад буд. Бовар дорам, ки бомуваффақият баромад карда метавонам",- гуфт ӯ.

Беҳрӯз Хоҷазода яке аз варзишгарони варзидаи кишвар, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон мебошад. Дар карераи худ бисёр мусобиқаҳои муваффақ дошта, таҷрибаи баромад дар мусобиқаҳои бузургро дорад.

"Аз синни 10-солагӣ ман бо самбо ва ҷудо машғул будам ва дар мусобиқаҳои кураш ва гуштии миллӣ низ ширкат мекунам. Ҷудоро хеле дӯст медорам, ин як намуди варзиши олимпӣ аст ва албатта, ҳадафҳои бузургтарини ман дар ин намуди варзиш аст. Аз дастовардҳоям шод ҳастам. Дар пеш мусобиқаҳои муҳим истодаанд ва ман кӯшиш ба харҷ хоҳам дод, то натиҷаҳои арзанда ба даст орам. Мехоҳам барои роҳхат ба Олимпиада мубориза барам ва танҳо пас аз он дар бозиҳои асосии чорсола хуб ҳунарнамоӣ кунам ", - гуфт паҳлавон.

Беҳрӯз Хоҷазода дар риштаи ҷудо устоди варзиш шуд

Дар ҳамин ҳол, Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ва ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтанд, ки мусобиқоти "Тоскулоҳи бузург"-и Токиоро лағв кунанд. IJF эълом дошт, ки ба ҷои он мусобиқаи Гран-при баргузор мекунад.
Тибқи созишнома бо Федератсияи дзюдои Хорватия, аз 30 октябр то 1 ноябр дар шаҳри Загреб мусобиқа аз силсилаи Гран-При баргузор мешавад.

146
19 ноября на стадионе имени Долона Омурзакова играли сборные Кыргызстана и Таджикистана по футболу

Мунтахаби футболи Тоҷикистон мавқеашро дар рейтинги ФИФА аз даст дод

113
(Таҷдидшуда 10:39 23.10.2020)
Федератсияи байналмилалии футбол рейтинги дастаҳои футболи ҷаҳонро нав кард, ки бар асоси он ҷойгоҳи Тоҷикистон низ дар ин рӯйхат тағир ёфтааст

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik.  Тибқи раддабандии нави ФИФА Тоҷикистон тайи 3 моҳи ахир як зина мавқеашро аз даст дод.

Дар раддабандиҳои се моҳи гузашта Тоҷикистон дар ҷойи 121 қарор дошт ва ҳамакнун дар зинаи 121 қарор гирифтааст.

Ёдовар мешавем ба мавқеи Тоҷикистон дар раддабандбӣ ягона бозии дӯстонаи тими миллии кишвар бо яккачини Ӯзбекистон, ки бо бохт анҷом шуд, таъсир кард.

Миёни кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, Узбакистон мавқеи беҳтаринро ишғол карда, дар ҷойи 84 қарор гирифтааст.  Қирғизистон бошад дар зинаи 96, Қазоқистон дар ҷойи 119 ва  Туркманистон бшад, мавқеи 129-умро соҳиб шудааст.

Шикасти мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ аз дастаи Ӯзбекистон-видео

Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натиҷаҳои дастаи мунтахаби миллии ҳар кишвар дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

113
Барчаспҳо:
рейтинги ФИФА, раддабандӣ, Мунтахаби футболбозон, Тоҷикистон
Комроншох Устопирён

Коронавирус: Сомон ва Комроншоҳ ба мусобиқаи Grand Slam нарафтанд

279
(Таҷдидшуда 00:05 23.10.2020)
Сафари ҳарду низ ба ин мусобиқаи пурнуфуз лағв шудааст. Яке бо далели набудани парвоз ва дигаре бо сабаби коронавирус натавонистанд дар сабқат ширкат кунад

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Комроншоҳ Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков, ду варзишкори тоҷик, ки бояд Тоҷикистонро дар озмуни Grand Slam Hungary дар Венгрия намояндагӣ мекарданд, дар сабқат иштирок намекунанд.

Ин хабарро ба АМИТ "Ховар" аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон тасдиқ кардаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, Комроншоҳи Устопириён бо сабаби лағви парвозҳои ҳавоӣ ба макони баргузории мусобиқа сафар карда натавонист.

"Инчунин бинобар сабаби ошкор шудани бемории COVID-19 дар бадани мураббии Сомон Маҳмадбеков ба ӯ низ иҷозат дода нашуд, то дар мусобиқа иштирок кунад", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Ҳамин тавр аввалин мусобиқа оид ба ҷудо  баъд аз эҳёи рақобатҳо аз намуди ҷудо бе иштироки паҳлавонон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Мавқеи Сомон ва Комроншоҳ дар радабандии ҷаҳонӣ як зина поён шуд

Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии  ҷудо, дар Гранд Слами Будапешт 459 варзишгар аз 69 давлат барои дарёфти роҳхати олимпӣ иштирок хоҳанд кард.

Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо, Мариус Визер баргузории мусобиқаи  Гранд Сламро  рӯйдоди таърихӣ хондааст.

Чунин мусобиқаи рейтингӣ 11-13  декабр дар шаҳри Токиои Япония бо номи Tokyo Grand Slam 2020 доир мегардад. Пас аз чанд моҳи маҳдудият ниҳоят ҷаҳон дари худро ба сӯи оянда боз мекунад ва варзиш барои оғози марҳилаи нав беҳтарин тадбир мебошад.

279
Арест, архивное фото

Боздошти Муминов барои қатли тағои 70-солааш: хонаро ба ӯ нею ба додараш додааст-видео

0
(Таҷдидшуда 13:02 23.10.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Турсунзода хабар медиҳад, ки дар қатли тағояш муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Бино ба иттилои ин ниҳод, пулиси шаҳри Турсунзода Муминов Александри 42 соларо барои қатли тағояш боздошт кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда пас аз истеъмоли машруботи спиртӣ ба хонаи тағои 70-солааш Холмуродов Темур омада, ӯро латукӯб кардааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи латукӯби шадид ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнин бардошта ҳалок шудааст.

Боздоштшуда зимни бозпурсӣ гуфт, ӯро барои он кушт, ки хонаро на ба ӯ, бал ки ба додараш Семён додааст.

“Пас аз куштор, барои пинҳон кардани ҷиноят либосҳои ӯро пинҳон карда ҷасадро тавре гузоштааст, ки гӯё ҷабрдида аз беморӣ ҳалок шудааст, аммо ташхис дар ҷисми марҳум аломатҳои марги маҷбуриро ошкор кард”,‑ афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, боздоштшуда ва фавтида робитаи хешовандӣ дошта, ҷинояти мазкур барои ба даст овардани хона сар задааст.

ВУД мегӯяд, айни ҳол нисбат ба  Муминов Александр парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

0
Барчаспҳо:
парванда, боздошт, қатл, Турсунзода, Тоҷикистон