Тренер Рашид Рахимов

Рашид Раҳимов, мутахассиси шинохтаи тоҷик сармурабии тими "Уфа" шуд

240
(Таҷдидшуда 15:02 11.10.2020)
Рашид Раҳимов, футболбоз ва мураббии маъруфи тоҷик сармурабии тими “Уфа”-и Бошқирдистон шудаст

ДУШАНБЕ, 11 октябр - Sputnik. Дар ин бора бошгоҳи “Уфа” иттилоъ дода, гуфтааст, Рашид Раҳимов дар ин мақом Вадим Евсеевро иваз кардааст.

Дар бораи маблағи гузариш ва муҳлати шартномаи бо муттахассиси 55 солаи тоҷик иттилое нашр нашудааст.

Директори генералии Уфа Ринат Шайбеков Рашид Раҳимовро мураббии қавӣ гуфтааст.

“Мо бо Раҳимов тез ба мувофиқа расидем. Вазифа яктост, "Уфа" дар ҷое, ки ҳозир қарор дорад, бояд набошад. Мо сари таъйини Раҳимов истодем. Мутахассиси хеле қавист. Муҳлати шартнома то охири мавсим аст, давомашро мебинем. “, - гуфт Шайбеков

Рашид Раҳимов қаблан дар дастаҳои “Адмира“-и Австрия, “Локомотив”, “Амкар” ва “Аҳмат” ба ҳайси сармураббӣ фаъолият кардааст.

Рашид Раҳимов 18 марти соли 1965 дар Душанбе ба дунё омадааст. Дастпарвари клуби “Захираҳои меҳнатӣ”- и Душанбе аст.

Орзуи бозӣ дар Англия: дарвозабон Рустам Ятимов дар бораи футбол ва зиндагӣ - видео

Дар чемпионати СССР дар ҳайати “Помир”-и овозадор ба майдон мебаромад. Соли 1988 унвони устоди варзишро соҳиб шуд. Дар ҳайати тимҳои “Локомотив” ва “Спартак”- и Маскав бозӣ кардааст. 

240
Барчаспҳо:
сармураббӣ таъин шуд, Футбол, Рашид Раҳимов
Комроншох Устопириён, архивное фото

Танҳо Комроншоҳ ва Сомон: ширкати ду паҳлавони тоҷик дар "Тоскулоҳи бузурги Будапешт"

5
(Таҷдидшуда 14:40 21.10.2020)
Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии  Тоскулоҳи бузург, ки дар дар шаҳри Будапешти  Венгрия доир мегардад, Комроншоҳи Устопирён ва Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тоскулоҳи бузурги Венгрия аз 23 то 25-уми октябр доир мегардад, ки дар он аз Тоҷикистон танҳо Комроншоҳ ва Сомон ширкат мекунанд, гуфт намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ дар суҳбат ба  Sputnik Тоҷикистон.

Қаблан дар назар буд аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа панҷ варзишгар ширкат мекунад.

Аммо ба иттилои Умаралӣ Сафаралӣ  Акмал Муродов ва Темур Раҳимов натавонистанд сари вақт раводит дастрас кунанд.

“Комроншоҳ ва Сомон раводити яксолаи шенгенро доштанд, бинобар ин барои онҳо чунин мушкил пеш наомад”,-гуфт манбаъ.

Номбурда гуфт, Беҳрӯзи Хоҷазода низ бояд ширкат мекард, аммо бо сабаби лат бардоштанаш натавонист ва щоло табобат мегирад.

Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар Гранд слами Будапешт 459 варзишгар аз 69 давлат барои дарёфт роҳхати олимпӣ иштирок хоҳанд кард.

Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо, Мариус Визер баргузории мусобиқаи Гранд слам рӯйдоди таърихӣ хондааст.

“Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҷаҳони ҷудо ва варзиш аст. Мо бо беқарорӣ интизорем, ки мусобиқаи Гранд сламро баргузор кунем, албатта бо қоидаи муқарраршуда ва риояи қатъии чораҳои ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ. Мехоҳам ба ҳама сидқан ташаккур гӯям, ки дар давраи барои ҳама душвор заҳмат кашиданд. Мо бояд бо Covid-19 мутобиқ шавем ва беҳтар чӣ аст, ки инро мо бо бозгашт ба сайри ҷаҳонии ҷудо нишон диҳем", - изҳор дошт Визер.

Ӯ таъкид кардааст, ҳамаи корро, ки бар уҳдаашон аст, иҷро мекунанд, то варзишгарон тавонанд фаъолияти варзишиашонро дубора оғоз кунанд ва худашонро нишон диҳанд.

5
Барчаспҳо:
Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён, варзишгарон, Тоҷикистон
Юношеская сборная Таджикистана  (U-16)

Ҳайати яккачини кишвар барои рақобати дӯстона бо Баҳрайн ва АМА дақиқ шуд

47
(Таҷдидшуда 13:47 21.10.2020)
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои ду рақобати дӯстона бо кишварҳои арабӣ дақиқ шуд

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон  ҳайати яккачини кишварро барои бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн ва АМА муаян кард.

Тибқи иттилои Федератсия футболи Тоҷикистон, бозиҳои дӯстонаи миллипӯшони кишвар бо тимҳои Баҳрайн ва АМА 7 ва 12-уми ноябр дар Дубай баргузор мешавад.

Тошев барои рақобатҳои дӯстона 27 бозигар: 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагарро даъват кардааст.

Гуфта мешавад, яккачини кишвар барои ин рақобат 4-уми ноябр ба Дубай хоҳанд рафт.

Ҳайати яккачини Тоҷикистон дар рақобат бо тимҳои миллии Баҳрайн ва АМА аз ин қабил аст:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов (Истиқлол), Шоҳрух Кирғизбоев (Локомотив-Помир), Муҳриддин Ҳасанов (Хуҷанд).

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эгашев (Бунёдкор, Ӯзбакистон), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ҳанонов (Истиқлол), Манучеҳр Сафаров (Локомотив-Помир), Алишер Баротов (Худҷанд).

Тими "Равшан" - и Кӯлоб дар қаҳрамонии Тоҷикистон миёни наврасон пирӯз омад

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (Локомотив, Пловдив, Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе (Навбаҳор, Ӯзбекистон), Комрон Турсунов (ТРАУ, Ҳиндустон), Илҳом Баротов (Истаравшан), Алишер Ҷалилов, Амирҷон Ҷурабоев ("Истиқлол"), Абдулмӯъмин Забиров ("Хуҷанд"), Шарафҷон Солеҳов ("Файзканд").

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (Истиклол), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодустов (Хуҷанд), Ислом Зоиров (Локомотив-Помир).

47
Барчаспҳо:
рақобат, Баҳрайн, АМА, Тоҷикистон