Боец смешанных единоборств, бывший чемпион турнира UFC Конор Макгрегор

Санаи муҳорибаи Макгрегор ва Поре маълум шуд

417
(Таҷдидшуда 14:17 17.10.2020)
Дар мавриди санаи баргузории муҳориба, ҳар ду размикор дар сафҳаи шабакаҳои иҷтимоии худ хабар доданд. Макгрегорро пас аз муҳориба бо Поре рақобат бо размикор аз Филиппин Мэнни Пакяо интизор аст

ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Рақобат миёни размикори ирландӣ Конор Макгрегор ва рақиби амрикоии ӯ Дастин Поре санаи 23 январ баргузор мешавад. Дар ин бора худи Поре дар сафҳаи Инстаграми худ хабар дод.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

January 23rd The world will be watching! #ElDiamante #PaidInFull

Публикация от Dustin Poirier (@dustinpoirier)

"Тасдиқ шуд. Санаи 23 январ. Ҷаҳон тамошо хоҳад кард", - навиштааст Поре.

Зимнан, рақиби ӯ Конор Макгрегор низ дар сафҳаи худ дар Твиттер санаи баргузор шудани муҳорибаро эълон кард.

Макгрегор ҷонибдори он аст, ки муҳориба дар Сowboys Stadium дар Далласи Амрико доир гардад.

Гуфта мешавад, Конорро пас аз ин муҳориба, рақобат бо размикор аз Филиппин Мэнни Пакяо интизор аст.

Муҳорибаи Конор бо Поре дар ҳолест, ки қаблан размикори ирландӣ аз куллан тарк кардани октагон лоф мезад. Аммо ба эҳтимоли зиёд, ин размикор нияти берун рафтан аз ин намуди варзишро надорад.

417
Барчаспҳо:
дақиқ, муҳориба
Хабиб Нурмагомедов

Шарҳи Кремл дар бораи мулоқоти Путин бо Нурмуҳаммадов

1139
(Таҷдидшуда 15:53 27.10.2020)
Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия хабарҳо дар бораи дидор ва мулоқоти Владимир Путин бо размикор Ҳабиб Нурмуҳаммадовро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков тасдиқ кардааст, ки Владимир Путин бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC мулоқот хоҳад кард, аммо санаи дақиқи ин дидор ҳоло мушаххас нашудааст, хабар додааст РИА Новости.

Қаблан президенти Русия Владимир Путин тавассути телефон Ҳабиб Нурмуҳаммадовро бо пирӯзӣ дар набард бо Ҷастин Гетҷии амрикоӣ табрик гуфтааст.

"Дар ҳақиқат, президент гуфт, ки ин ҳатмист, вақте худи Ҳабиб каме истироҳат мекунад ва вазъи эпидемиологӣ ... ором мешавад, онҳо ҳатман мулоқот хоҳанд кард", - гуфт Песков дар посух ба пурсиши журналистон оид ба имкони мулоқоти президент бо варзишгар.

Ёдовар мешавем, шаби 25 октябр Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар даври дуюми сабқат бо Ҷастин Гейҷӣ бо истифодаи усули буғикунанда пирӯз шуд.

Баъди пирӯзӣ Ҳабиб эълон кард, ки дигар ба майдони набар нахоҳад омад ва ин охирин рақобаташ буд, зеро ба модараш ваъда додааст, ки дигар ҷанг нахоҳад кард.

Феълан Ҳабиб шикастнодида буда, дар 29 сабқаташ 29 пирӯзӣ дорад.

Коршинос дар бораи қарори Ҳабиб: бе падараш ӯ наметавонист ба қуллаҳои баланд расад

Дар пайи пирӯзӣ бар Гейҷӣ, Нурмуҳаммадов аз роҳбарияти UFC хост, ӯро дар садри беҳтарин размикорон ҷой диҳанд, чун ӯ арзанда аст.  Дана Уайт, роҳбари UFC ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар феҳрасти беҳтарин размикорони ҷаҳон мақоми аввалро дод.

Охирин парвози Уқоб: Ҳабиб пас аз мубориза бо Гетҷи "карера"-ашро ҷамъбаст кард

Ҷон Ҷонс, ки то ҳол дар сархати беҳтарин размикорон қарор дошт, аз мақомаш ба фоидаи Нурмуҳаммадов даст кашид.

1139
Барчаспҳо:
Кремл, Дмитрий Песков, Владимир Путин, размикор, Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузори дунё шомил шуд

404
(Таҷдидшуда 14:48 27.10.2020)
Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов тайи чанд сол аст пай дар пай ба рейтинги мусалмонони бонуфузи ҷаҳон шомил карда мешавад

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Пажуҳишгоҳи исломии Уммон исми қаҳрамони UFC дар вазни сабук ва варзишкори муҳорибаи омехта Ҳабиб Нурмуҳаммадовро ба феҳрасти "500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2021" шомил кардааст.

Муаллифони таҳқиқот Нурмуҳаммадови 32-соларо ба рӯйхати 450 нафари сол дохил кардаанд. Ин размикори доғистонӣ тайи чанд сол аст, ки пай дар пай ба рейтинги мусалмонони бонуфузи ҷаҳон шомил карда мешавад.

Варзишкори шикастнадида 29 набардро бо ғолибият пушти сар карда, имрӯз аз беҳтарин  размикори сайёра ба шумор меравад.

Набарди охирини ӯ шаби 25 октябр - бар зидди Ҷастин Гетҷии амрикоӣ сурат гирифт.

Ҳабиб пас аз пирӯзӣ эълон кард, ки тарки майдон мекунад, зеро ба модараш ваъда додааст, ки дигар ба майдон намебарояд.

Дар баробари Ҳабиб ҳамзамон исми футболбоз-ҳамлагари бошгоҳи "Ливерпул" ва мунтахаби Миср Муҳаммад Салоҳ низ шомил шудааст.

Маълум шуд, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз хатми “карера”-аш чӣ кор хоҳад кард-видео

Дар сархати ин феҳрист дар соли ҷорӣ раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон қарор дорад. Пас аз ӯ шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдул-Азиз ва Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, роҳбари аъзами Эрон ҷой гирифтаанд.

Охирин парвози Уқоб: Ҳабиб пас аз мубориза бо Гетҷи "карера"-ашро ҷамъбаст кард

Ёдовар мешавем, ки TOP-500 аз бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон сар аз соли 2009 ҳамасола нашр мешавад.

404
Барчаспҳо:
размикор, мусалмон, рейтинг, Ҳабиб Нурмуҳаммадов
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров

Лавров пас аз алоқа бо маризи COVID - 19 хонашин шуд

0
(Таҷдидшуда 13:03 28.10.2020)
Ҳамаи вохӯриҳо ва сафарҳои вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров ба таъхир гузошта шуд. Феълан аҳволаш хуб аст

ДУШАНБЕ, 28 окт – Sputnik. Вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров пас аз суҳбат бо нафари сироятшуда аз коронавирус, хонашин шуд, хабар медиҳад ВКХ ФР.

Вазорати умури хориҷаи Русия, қайд карда, ки айни замон аҳволи вазир хуб аст.

Қайд мешавад, ки ба далели хонашинӣ, ҳамаи вохӯриҳо ва сафарҳои вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Равров ба таъхир гузошта шуданд.

Дар баробари ин гуфта нашудааст, ки вазир кай ва бо кӣ суҳбат кардааст.

Сергей Лавров рӯзи 21 март 70-сола шуд. Ӯ аз рӯи синну сол  ба гурӯҳи хавфи баланд, дохил мешавад.

Тибқи фармони амалкунанда, ашхоси синнашон аз 65 боло бояд ба кори фосилавӣ гузаронида шаванд.

Бо вуҷуди ин, вазири корҳои хориҷии Русия фаъолона кор мекарду мулоқот бо ҳамкорон ва боздид аз дигар кишварҳоро идома медод.

Аз ҷумла, 26 октябр Лавров бо сафари расмӣ ба Юнон рафт ва аллакай рӯзҳои 28-29 октябр ӯ бояд ба Сербия сафар мекард.

0
Барчаспҳо:
алоқа, вируси корона, Сергей Лавров
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон