Ситораи футболи тоҷик Рашид Раҳимов аз шартномааш бо бошгоҳи "Уфа" ва нақшаҳояш гуфт

161
(Таҷдидшуда 12:41 18.10.2020)
Сармураббии нави бошгои “Уфа”-и Бошқирдистон матахассиси тоҷик Рашид Раҳимов нахуст дар бораи таъин шуданаш ба ҳайси сармураббии тим гуфт

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik.  Рашид Раҳимов санаи 11 октябр сармураббии нави дастаи футболи “Уфа” таъин шуд. Пас аз аввалин рӯзҳои ба клуби нав мураббӣ таъин шудан фаъолияташаро шарҳ дод.

"Аввалин тамрин бо даста чӣ гуна буд? Бисёр ҳаракат ва суръати зиёд, зеро ҳама футболбозон пас аз рӯзи истироҳат ҳастанд. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо бо хоҳиш кор мекарданд, аммо шиддати муайяне буд. Зеро бе ин - ҳеҷ чиз аст. Тибқи шартнома, ки то охири мавсим аст, фавран бо клуб розӣ шудем, давомашро хоҳем дид, ки чӣ гуна хоҳад буд",- гуфт ӯ.

Мураббӣ инчунин гуфт, ки нақша дорад, ҳангоми боз шудани равзанаи трансферӣ бо ягон бозигар шартнома имзо кунанд.

Номбурда гуфтааст, барои тимаш як бозигари канорӣ, як ҳамлавар ва як футболбози барои мобайнӣ зарур аст, аммо ба таъкиди ӯ ҳоло ёфтани бозигарони хуб душвор аст, ки ҳама шартнома бастаанд ва озод нестанд.

Мураббӣ инчунин аз вазифаҳои дар наздаш гузошташуда дар тими наваш гуфт.

"Дар шароити феълӣ, танҳо як вазифа мавҷуд аст - мо бояд дар РПЛ бимонем. Мо дар ин самт кор хоҳем кард, аммо пеш аз ҳама бояд дар бораи чизи дигаре ҳарф занем - баргардонидани ташкили бозӣ, интизом ва худро бахшидан ба бозӣ муҳим аст",- гуфт Раҳимов.

Рашид Раҳимов қаблан дар дастаҳои “Адмира“-и Австрия, “Локомотив”, “Амкар” ва “Аҳмат” ба ҳайси сармураббӣ фаъолият кардааст.

Рашид Раҳимов 18 марти соли 1965 дар Душанбе ба дунё омадааст. Дастпарвари клуби “Захираҳои меҳнатӣ”- и Душанбе аст.

Фатҳулло Фатҳуллоев тимашро иваз кард: ӯ акнун дар Суперлигаи Ҳиндустон бозӣ мекунад

Дар чемпионати СССР дар ҳайати “Помир”-и овозадор ба майдон мебаромад. Соли 1988 унвони устоди варзишро соҳиб шуд. Дар ҳайати тимҳои “Локомотив” ва “Спартак”- и Маскав бозӣ кардааст. 

 

161

Дана Уайт: Ҳабиб дар роҳи бузургтарин размикори таърих шудан аст

590
(Таҷдидшуда 18:16 23.10.2020)
Мусобиқаи навбатии UFC 254 фардо дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб доир мегардад, ки дидори Ҳабиб ва Гэтҷи аз муҳорибаҳои асосии он мебошад

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт мӯътақид аст, ки агар Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар UFC 254 бар Ҷастин Гетҷи ғолиб ояд, русиягӣ новобаста аз категорияи вазн беҳтарин размикори ҷаҳон хоҳад шуд ва дар садри рейтинги ба истилоҳ Pound-for-Pound пеш ҷой хоҳад гирифт.

"Агар ӯ рӯзи 24 октябр Ҷастин Гетҷиро мағлуб кунад, новобаста аз категорияи вазн беҳтарин размикори ҷаҳон хоҳад шуд. Вай дар роҳи бузургтарин размикори таърих шудан аст”,­ - гуфтааст ӯ.

"Бубинед, ки ӯ чӣ қадар муҳорибаҳо дорад ва ҳанӯз ҳам шикастнопазир аст. Ҳамзамон, ӯ дар як гурӯҳи сахт ва хеле сангин баромад мекунад", - таъкид кардааст, Дана Уайт.

Муборизаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов - Ҷастин Гетҷӣ рӯзи 24 октябр дар "Fight Island" дар Абу-Даби (Аморати Муттаҳидаи Араб) баргузор мешавад ва ҳодисаи асосии намоиш хоҳад шуд.

Раҳбари UFC дар бораи рақобати Ҳабиб ва Гэтҷи навори дидание нашр кард - видео

Муҳориба рӯзи  24 октябр дар Абу-Дабӣ (АМА) баргузор мешавад. Дар ин рақобат қаҳрамони феълии UFC бо рақиби худ Ҷастин Гэтҷи вомехӯрад ва қувва меозмояд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳабиб ин навбат талош мекунад камарбанди қаҳрамонии худро барои маротибаи сеюм ҳифз кунад.

Ҳабиб гуфт, чӣ гуна Гэтҷиро "мешиканад": "Зидди ӯ нақшаи нав дорам".

Ҳабиб то ҳол 28 муҳориба баргузор намудааст ва боре ҳам мағлуб нашудаст. Ҳарифи ӯ бошад аз 22 рақобати умумӣ 2 мағлубият дорад.

590
Барчаспҳо:
муҳориба, размикор, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Русия
Журналист держит плакат с олимпийскими кольцами

Эълони қоидаҳои беҳдоштӣ дар Олимпиадаи Токио-2020

68
Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи тадорукот қоидаҳои беҳдоштиеро, ки зимни Олимпиадаи Токио-2020 бояд риоя шаванд, эълон карданд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО), Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Токио-2020 барои сардорони дастаҳои ширкаткунандаи Олимпиадаи Токио-2020 қоидаҳои ҷадидро тавзеҳ додаанд.

Тибқи иттилои сомонаи ТВ Варзиш, дар семинари онлайнӣ инчунин ҳамаи кумитаҳои миллии олимпӣ ширкат варзиданд.

Манбаъ афзуд, ворид шудан ба Ҷопон аз аксари кишварҳо карантини 14-рӯзаро талаб мекунад.

Масъалаи мутобиқгардонии варзишгарон ҳангоми карантин баррасӣ мешавад, то онҳо ба шароити нав мутобиқ шуда, тамрин карда тавонанд. Ҳангоми расидан ба Ҷопон, далели натиҷаи манфии озмоиши COVID-19 (72 соат пеш аз парвоз анҷом дода мешавад) ва озмоиши иловагӣ дар кишвар талаб карда мешавад, таъкид кардааст сомонаи Варзиш.

Инчунин манъи муоширати варзишгарон бо одамони берун аз деҳа пешбинӣ шудааст.

Ҷонибҳо эълон карданд, ки бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамкорӣ намуда, инчунин самаранокии ваксинаҳоеро, ки дар кишварҳои мухталиф таҳия мешаванд, назорат хоҳанд кард.

Президенти КБО Томас Бах таъкид кард, ки барои ҳифзи саломатии ҳамаи иштироккунандагони Олимпиада тадбирҳои назаррас андешида мешаванд ва Бозиҳои Токио барои дигар чорабиниҳои васеъ намуна хоҳанд шуд.

Бозиҳои олимпӣ дар Токио аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи Олимпиада варзишгарон барои 339 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 33 намуди варзиш рақобат хоҳанд кард.

68
Барчаспҳо:
Олимпиада, Ҷопон, Тоҷикистон

"Бо модарам падруд гуфта будам": Лукашенко дар бораи ҳамла ба Раҳмон гуфт - видео

22
Президенти Белорус Александр Лукашенко дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон дар бораи интихоботи президентии баргузоршуда дар Тоҷикистон гуфт

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Президенти Белорус Александр Лукашенко дар рафти сафари кориаш ба минтақаҳои кишвар бо рӯзноманигорон мулоқот кард ва аз интихоботи президентии Тоҷикистон низ гуфт. Дар ин бора телевизиони СТВ гузориш медиҳад.

Ӯ дар посух ба саволҳо дар бораи шӯришҳо дар Белорус аз интихобот дар Тоҷикистон ёдрас шуд.

"Эмомалӣ, дӯсти меҳрубони ман аст. Ман ӯ ва хонаводаашро хуб мешиносам. Дар интихобот бештар аз 91 дар сади овозҳоро ба даст овард. Ин мутлақо одилона аст. Касе ҳатто наҷунбид, касе нашӯрид, дар ҳоле ки кӯшиш карданд кишварро такон диҳанд", - қайд кард президети Белорус.

Вай афзуд, ки дар Тоҷикистон одамоне низ зиёданд, ки метавонистанд вазъро пас аз интихобот тезу тунд кунанд, аммо ҳодисае рух надод.

"Чаро? Чунки онҳо дар миёнаҳои соли 90-ум дар назди чашмони ман, ба қавле дусад ҳазор, ба қавле аз сесад то ниммиллион нафарро аз даст доданд. Он замон дар бораи инқилоби рангин намегуфтанд, он вақт исломгароҳо ғавғо бардошта буданд", - гуфт Лукашенко.

Вай қайд кард, ки шахсан ҳамон вақтҳо ба Тоҷикистон рафта буд.

Далелҳои камёфт дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

"Ва Раҳмон, ки каме аз ман калонтар аст, пурра сабз, бо ҷанг ба Душанбе ворид шуда буд. Аз почааш тир хӯрда буд. Мо он ҷо будем ва худаш нақл карда буд, ки қазия чигуна буд. "Ман, - мегуфт, - бо модарам падруд гуфта будам, зеро намедонистам, ки зинда мемонам". Ва ӯ бо мардум кишварро аз исломгароҳо тоза кард", - ба ёд меоварад президенти Белорус.

Лукашенко афзуд, ки мардуми Тоҷикистон, ки аз даҳшатҳои ҷанг гузаштаву хуб дар хотир доранд, маҳз барои ҳамин раисҷумҳури амалкунандаи Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд.

 

22