Команда кулябский «Равшан»

Баъди 26 сол: “Равшан”-и Кӯлоб Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб шуд

552
(Таҷдидшуда 16:46 18.10.2020)
Бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол миёни дастаҳои “Равшан” и Кӯлоб ва “Хатлон” и шаҳри Бохтар ба анҷом расид

ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Бозӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2020 миёни ду дастаи футболи вилояти Хатлон, соати 14:00 дар варзишгоҳи шаҳри Ҳисор оғоз ёфт.

Дар 45 дақиқаи қисмати аввали бозӣ ҳисоб бетағйир сипарӣ шуд. Ҳарчанд ҳар ду даста имкони голзаниро доштанд. Насрулло Кабиров, довари марказӣ дар қисмати дуюм дар дақиқаи 65 уми бозӣ бар муқобили дарвозаи “Хатлон” ҷаримаи 11 метра таъйин кард.

Делер Шомуродов, бозингари “Равшан” аз тариқи пеналтӣ тубро вориди дарвозаи “Хатлон” кард ва ҳисоби бозиро тағйир дод.

Ҳамин тариқ то 90 + 5 дақиқа, ҳисоби бозӣ дигар тағйир наёфт ва дастаи “Равшан” Ҷоми Тоҷикистон-2020 ро бо номи худ сабт намуд.

Зимнан, ин дуюмин пирӯзии “Равшан” дар сабқати футболи кишвар барои дарёфти Ҷом ба ҳисоб меравад.

Соли 1994, баъди пирӯзӣ бар муқобили дастаи “Шодмон” и Ҳисор, як дафъа соҳиби Ҷом шуда буд.

Барои финали Ҷоми Тоҷикистон 35 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд, ки аз ин 15 ҳазор сомонӣ ба дастаи “Хатлон” ва 20 ҳазор сомонӣ ба ҳисоби Ҷом ва медалҳои тилло ба дастаи “Равшан” тақдим карда шуд.

Таърихи футболи кишвар барои дарёфти Ҷом аз соли 1992 оғоз мешавад ва то ин ҷониб 28 бор финали бозиҳо доир шудааст.

Ситораи футболи тоҷик Рашид Раҳимов аз шартномааш бо бошгоҳи "Уфа" ва нақшаҳояш гуфт

Дар бештари чунин бозиҳо, бештар аз ҳама ва 8 маротиба дастаи “Истиқлол” и Душанбе пирӯз шудааст. Натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон (1992 – 2020):

  • 1992 – “Помир” (Душанбе) – “Регар” (Турсунзода) – 1:0
  • 1993 – “Ситора” (Душанбе) – “Равшан” (Кӯлоб) – 0:0.
  • Аз рӯи пеналтӣ – 5:3 1994 – “Равшан” (Кӯлоб) – “Шодмон” (Ҳисор) – 2:1
  • 1995 – “Пахтакор” (Ҷаббор Расулов) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2 1996/1997 – “Вахш” (Қӯрғонтеппа) – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 4:0
  • 1997/1998 – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – “Ранҷбар” (Восеъ) – 2:1
  • 1998 – “Варзоб” (Душанбе) – “Хуҷа Каримов” (Ғозималик) – 3:1
  • 1999 – “Варзоб” (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2
  • 2000/2001 – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – “Варзоб” (Душанбе) – 4:2
  • 2001/2002 – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 3:1
  • 2002 – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – “Вахш” (Қӯрғонтеппа) – 3:0
  • 2003 – “Вахш” (Қӯрғонтеппа) – “Олимп-Ансол” (Кӯлоб) – 3:1
  • 2004 – “Авиатор” (Бобоҷон Ғафуров) – “Ӯротеппа” (Истаравшан) – 5:0
  • 2005 – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – “Вахш” (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1
  • 2006 – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – “Хима” (Душанбе) – 2:1
  • 2007 – “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) – Хима” (Душанбе) – 1:0
  • 2008 – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – “Энергетик” (Душанбе) – 2:1
  • 2009 – “Истиқлол” (Душанбе) – ССКА “Помир” (Душанбе) – 3:1
  • 2010 – “Истиқлол” (Душанбе) – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 5:0
  • 2011 – “Истиқлол” (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 0:1
  • 2012 – “Истиқлол” (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6
  • 2013 – “Истиқлол” (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 2:0
  • 2014 – “Истиқлол” (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 5:2
  • 2015 – “Истиқлол” (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
  • 2016 – “Истиқлол” (Душанбе) – “Ҳосилот” (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
  • 2017 – “Истиқлол” (Душанбе) – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 0:2
  • 2018 – “Истиқлол” (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 1:0
  • 2019 – “Истиқлол” (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 4:2.
  • 2020 – “Равшан” (Кӯлоб) – “Хатлон” (Бохтар) – 1:0
552

Пеш аз муҳориба: бародари Ҳабиб Нурмуҳаммадов фавран дар беморхона бистарӣ шуд

491
(Таҷдидшуда 00:30 19.10.2020)
Умар Нурмуҳаммадовро бо нишонаҳои зуком, таб ва қайкунӣ фавран дар яке аз беморхонаҳои Дубай бистарӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Бародари размикори доғистонӣ ва қаҳрамони варзиши сабуки UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов, варзишкори муҳорибаи омехта Умар Нурмуҳаммадов ба таври таъҷилӣ дар беморхонаи Дубай бистарӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки Умарро бо нишонаҳои зуком ба беморхона интиқол додаанд.

"Умар Нурмуҳаммадов дарӣ як беморхонаи Дубай бо зукоми шадид, таб ва қайкун бистарӣ шуд",- гуфааст тими размикор.

Ба гуфтаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов, бародараш чанд рӯз пеш бемор шудааст. Табибон ба варзишгар сирояти стафилококк ташхис доданд.

“Субҳи имрӯз, пеш аз парвоз ба Абу-Даби, ӯ худро бадтар ҳис кард ва дар беморхонаи Дубай бистарӣ шуд. Саломат бош бародарам, ин маънои онро дорад, ки тақдир чунин будааст",- навиштааст, Ҳабиб Нурмуҳаммадов.

Бо сабаби беморӣ, муборизаи Умар Нурмагомедов бо як муборизи қазоқистон Сергей Морозов дар доираи мусобиқаи UFC 254 лағв шуд.

491
Боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов

Раҳбари UFC дар бораи рақобати Ҳабиб ва Гэтҷи навори дидание нашр кард - видео

1714
(Таҷдидшуда 17:37 18.10.2020)
Ҷастин Гэтҷи 24 маротиба ба октагон баромада ҳамагӣ ду бор мағлуб шудааст. Ҳабиб Нурмуҳамадов бошад, 28 маротиба вориди октагон шуда ва боре ҳам мағлуб нашудааст

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Раҳбари UFC Дана Уайт дар саҳифааш дар Instagram дар бораи рақобати дар пешистодаи Ҳаб

Посмотреть эту публикацию в Instagram

If this doesn’t fire u up for next week..... NOTHING will

Публикация от Dana White (@danawhite)

иб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гэтҷӣ навори нави таблиғотие нашр кардааст.

Теофимо Лопес қаҳрамони мутлақи ҷаҳон шуд: видеои муҳорибаи диданӣ

Варзишкори амрикоӣ замоне рақиби муборизи русиягӣ гардид, ки 9 май дар як рақобат варзишкори ҳамшаҳрияш Тони Фергюсонро бо усули нокаути техникӣ мағлуб кард.

Рақобат миёни ин ду варзишкор барои унвони қаҳрамони ҷаҳон рӯзи 24 октябр баргузор мешавад.

Гэтҷии 31-сола дар давоми фаъолияти варзшиаш 24 маротиба октагон баромада ҳамагӣ ду бор мағлуб шудааст. Ҳабиб Нурмуҳамадов бошад, 28 маротиба вориди октагон шуда ва боре ҳам мағлуб нашудааст.

1714
Барчаспҳо:
қаҳрамони UFC, нашр, навор, рақобат, Ҳабиб Нурмуҳаммадов
Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Анжелика Шопп, роҳбари нави НамояндагииКБСС дар Тоҷикистон

Таъйини роҳбари нави намояндагии Кумитаи Салиби Сурх дар Тоҷикистон

0
(Таҷдидшуда 20:59 19.10.2020)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз таъйини роҳбари нави намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, хонум Анжелика Шопп, роҳбари нави намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон таъйин шудааст.

Манбаъ афзуд, рӯзи 19 октябри соли ҷорӣ мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо хонум Анжелика Шопп, роҳбари нави Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон баргузор гардид.

“Зимни cуҳбат масоили фаъолияти КБСС ва  барномаҳои расонидани кумакҳои башардӯстона дар ҷумҳурӣ,  афзудани иқтидори сохторҳои давлатии дахлдор, паҳн намудани дониш дар бораи ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки таваҷҷуҳи хоса ба кӯмакҳои башардустона ба муассисаҳои тиббӣ, хонаҳои кӯдакон ва ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулода дар давраи ҳамагирии COVID-19 равона гардид.

Манбаъ афзуд, Анжелика Шопп миннатдории хешро ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ барои дастгирӣ ва мусоидат дар амалӣ гардидани барномаҳои башардӯстона баён намуд.

0
Барчаспҳо:
таъйин, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Тоҷикистон