Футбольный мяч на поле, архивное фото

Тими "Равшан" - и Кӯлоб дар қаҳрамонии Тоҷикистон миёни наврасон пирӯз омад

76
(Таҷдидшуда 17:04 20.10.2020)
Дар Қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол миёни наврасон, тими "Равшан" - и Кӯлоб ғолибиятро ба даст овард

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дастаи "Равшан"- и Кӯлоб дар Қаҳрамониии Тоҷикистон оид ба футбол миёни наврасони то 15 - сола ғолиб шуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, қаҳрамонӣ бо иштироки 10 даста дар ду марҳила доир гардид. Медалҳои тилло насиби дастаи "Равшан"-и Кӯлоб шуд. Медалҳои нуқраро дастаи "Суғд" ва медалҳои биринҷиро дастаи МҶМОВ ба даст оварданд.

Маросими пӯшидашавӣ ва ҷоизасупории қаҳрамонӣ дар Душанбе баргузор шуд. Дар он ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, котиби генералии ФФТ Давлатманд Исломов, директори лигаи футболи кӯдакону наврасони кишвар Увайдо Давлатбеков ширкат карданд.

Орзуи бозӣ дар Англия: дарвозабон Рустам Ятимов дар бораи футбол ва зиндагӣ - видео

Зиёвуддин Каримов аз дастаи МҶМОВ беҳтарин бозингари дастаҳо дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин бозингари қаҳрамонӣ бошад, ба Ҳайдаршо Худойдодов тақдим гардид. Бо 21 гол Диловар Азизов беҳтарин нишонзан эълон шуд. Ҷоизаи беҳтарин мураббиро Фаридун Рустамов азхуд кард.

76
Барчаспҳо:
футбол, Тоҷикистон, қаҳрамон, тими "Равшан"
Хабиб Нурмагомедов

Талоши Ҳабиб барои ворид кардани набардҳои ММА ба барномаи бозиҳои тобистонаи Олимпӣ

63
(Таҷдидшуда 18:18 01.12.2020)
Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори шинохтаи доғистонӣ талош дорад санъати муҳорибаҳои омехта ё худ ММА-ро ба рӯйхати барномаи бозиҳои тобистонаи Олимпиада шомил созад.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Қаҳрамони UFC Хабиб Нурмуҳаммадов гуфт, ки ба наздикӣ бо роҳбари Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах мулоқот карда, масъалаи ба барномаи бозиҳои тобистонаи Олимпиадаи 2028 шомил кардани ҳунарҳои муҳорибаи омехтаро баррасӣ мекунад.

"Дохил кардани ММА ба Олимпиада яке аз вазифаҳои асосии ман барои ду соли оянда аст, мо аллакай дар ин самт кор карда истодаем. Дар ояндаи наздик ман мулоқотҳои зиёде хоҳам дошт, аз ҷумла бо Президенти Кумитаи Олимпӣ. Ба фикри ман, агар дар Париж набошад, пас дар Лос-Анҷелес, мо имкониятҳои зиёди таблиғи ММА дорем ", - навиштааст Sputnik Узбекистон аз қавли Нурмуҳаммадов.

Ба гуфтаи Нурмуҳаммадов, ягона мушкилӣ дар ин самт бераҳмӣ дар ин навъи варзиш аст, зеро дар Олимпиада ин истиқбол намешавад, онҳо намехоҳанд хуни зиёд бошад.

Дана Уайт: Ман ҳанӯз шарт мебандам, ки Ҳабиб рекорди 30:0 мегузорад. Инро падараш мехост

Дар робита ба эътирофу сарпарастӣ ва таваҷҷӯҳ ба ин навъи варзиш Нурмуҳаммадов гуфт, агар ММА ба барномаи Олимпиада шомил карда шавад , он аз ҷиҳати манфиат бо футбол ва варзиши сабук дар як саф хоҳад буд.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC ва яке аз ситораҳои санъати муҳорибаҳои омехта мебошад.

Гусфанду буқаҳо мепарварам: Ҳабиб аз нақшаҳои панҷсолааш гуфт

Ӯ ахиран дар пайи пирӯзӣ бар Ҷастин Гетҷи, бо 29 ғалаба ва бидуни шикаст изҳор дошт, ки фаъолияти касбияшро хотима медиҳад.

63
Барчаспҳо:
Олимпиада, муҳориба, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, ММА
Турнир по смешанным единоборствам FFC GLOBAL SELECTION среди мигрантов в Москве

Размикори тоҷик ба Bellator MMA роҳ ёфт

122
(Таҷдидшуда 16:04 01.12.2020)
Хуршед Қаҳҳоров, размикори тоҷик, бо яке аз беҳтарин промоушенҳои ҷаҳон - Bellator MMA созишнома баст

ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Қаҳҳоров, размикори зодаи Тоҷикистон, ки феълан Олмонро намояндагӣ мекунад, ба яке аз маъруфтарин промоушенҳои ҷаҳон - Bellator MMA роҳ ёфт.

Дар бораи имзои созишнома миёни Қаҳҳоров ва Bellator MMA пойгоҳи MMA Figthing хабар додааст.

Дар майдони муҳорибаҳои касбӣ, Қаҳҳоров 7 сабқат гузаронда, дар 6-тояшон пирӯз шудааст.

Ҳамаи пирӯзиҳояшро Қаҳҳоров ҳамчун намояндаи Олмон дар промоушенҳои аврупоӣ ба даст овардааст. Аз ҷумла моҳи ноябр дар сабқат Патрика Хробакаро шикаст дода, унвони European Fight Masters дар вазни сабукро ба даст овард.

Санаи нахустин майдондории Қаҳҳоров дар Bellator ҳанӯз маълум нест.

Маврид ба зикр аст, ки Bellator бо чандин размикори шинохта созишнома баст. Аз ҷумла бо Усмон Нурмуҳаммадов, амакбачаи қаҳрамони UFC, Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва собиқ размикори UFC Рустам Ҳобилов созишнома баст.

Маврид ба зикр аст, ки Bellator – созмони амрикоие мебошад, ки дар Санта-Монике мақар гирифта, мусобиқаи размҳои омехтаро баргузор мекунад. Аз ҷумла муҳорибаҳо барои камбарбанди қаҳрамонии ин созмонро ташкил мекунад.

122
Барчаспҳо:
варзишгар, мусобиқа, зӯрозмоии размикорон, размикор, ИМА, Тоҷикистон

Коронавирус дар Тоҷикистон: омори моҳи ноябр

0
(Таҷдидшуда 19:29 01.12.2020)
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон гирифторони коронавирус рӯ ба афзоиш ниҳод. Дар ҳамин ҳол, шумораи ҳолатҳои ошкоргардида дар як рӯз назар ба моҳи гузашта кам шудааст
Коронавирус дар Тоҷикистон: омори ноябрӣ
© Sputnik

Бино бар иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шумораи гирифтори корнавирус дар кишвар дар як рӯз дар моҳи ноябр рӯ ба коҳиш ниҳодааст.

Рӯзҳои ахири ҳафта дар ҷумҳурӣ на зиёд аз 45 нафар бемор дар як рӯз ошкор мегардид. Дар ҳамин ҳол шумораи сиҳатёфтагон азCOVID-19 дар ҳар як рӯзи аввали моҳи ноябр аз 50 то 60 нафар гуфта мешуд, охирҳои моҳ ин нишондод то 40 кас кам гардид.

Ҳамчунин, дар як моҳи ахир аз коронавирус дар Тоҷикистон 4 кас ҳалок шуданд.

Ҳамагӣ аз оғози ҳамагирӣ аз инфексияи намуди нав дар Тоҷикистон 12 194 тан сироят ёфта, 11599 кас шифо ёфтаанд ва аз ин маризӣ 86 тан ҳалок шудаанд.

Вазорат омори навро гуфт: шумораи мубталоёни коронавирус дар Тоҷикистон аз 12 ҳазор гузашт

Ҷумҳурӣ чун пештара аз рӯи шумораи гирифторони коронавирус дар Осиёи Марказӣ ҷои чорумро мегирад. Дар ҷои авал Қазоқистон(131 659), дувум Қирғизистон (72 807), севум - Ӯзбекистон (72 920).

Туркманистон то ҳол ягона кишварест дар Осиёи Макразӣ, ки расман ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Тоҷикистон маҳдудиятҳои ҷоришуда дар пайи пандемия идома доранд. Чанде пеш Сироди мубориза бо коронавирус қарор дод, ки таҷлили Соли нав дар кишвар лағв мешавад. 

Мурда зинда шуд: пирамарде пас аз "марг" аз коронавирус ба манзилаш баргашт

Дар ҳамин ҳол, моҳи ноябр дар зиндонҳои Тоҷикистон иҷозат шуд, ки маҳбусон бо наздиконашон дидор кунанд.

Аз 29 ноябр дар кишвар парвозҳои дохилӣ бақарор карда шуданд. Дар Русия бошад муҳоҷирон метавонад ба хатсайрҳои чартерӣ бидуни номнавис шудан аз нуқтаҳои билетфурӯшӣ озодона чипта харанд.

0