Дана Уайт: Ҳабиб дар роҳи бузургтарин размикори таърих шудан аст

736
(Таҷдидшуда 18:16 23.10.2020)
Мусобиқаи навбатии UFC 254 фардо дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб доир мегардад, ки дидори Ҳабиб ва Гэтҷи аз муҳорибаҳои асосии он мебошад

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт мӯътақид аст, ки агар Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар UFC 254 бар Ҷастин Гетҷи ғолиб ояд, русиягӣ новобаста аз категорияи вазн беҳтарин размикори ҷаҳон хоҳад шуд ва дар садри рейтинги ба истилоҳ Pound-for-Pound пеш ҷой хоҳад гирифт.

"Агар ӯ рӯзи 24 октябр Ҷастин Гетҷиро мағлуб кунад, новобаста аз категорияи вазн беҳтарин размикори ҷаҳон хоҳад шуд. Вай дар роҳи бузургтарин размикори таърих шудан аст”,­ - гуфтааст ӯ.

"Бубинед, ки ӯ чӣ қадар муҳорибаҳо дорад ва ҳанӯз ҳам шикастнопазир аст. Ҳамзамон, ӯ дар як гурӯҳи сахт ва хеле сангин баромад мекунад", - таъкид кардааст, Дана Уайт.

Муборизаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов - Ҷастин Гетҷӣ рӯзи 24 октябр дар "Fight Island" дар Абу-Даби (Аморати Муттаҳидаи Араб) баргузор мешавад ва ҳодисаи асосии намоиш хоҳад шуд.

Раҳбари UFC дар бораи рақобати Ҳабиб ва Гэтҷи навори дидание нашр кард - видео

Муҳориба рӯзи  24 октябр дар Абу-Дабӣ (АМА) баргузор мешавад. Дар ин рақобат қаҳрамони феълии UFC бо рақиби худ Ҷастин Гэтҷи вомехӯрад ва қувва меозмояд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳабиб ин навбат талош мекунад камарбанди қаҳрамонии худро барои маротибаи сеюм ҳифз кунад.

Ҳабиб гуфт, чӣ гуна Гэтҷиро "мешиканад": "Зидди ӯ нақшаи нав дорам".

Ҳабиб то ҳол 28 муҳориба баргузор намудааст ва боре ҳам мағлуб нашудаст. Ҳарифи ӯ бошад аз 22 рақобати умумӣ 2 мағлубият дорад.

736
Барчаспҳо:
муҳориба, размикор, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Русия

Дастпарвари футболи тоҷик беҳтарин мураббии моҳ дар Премер Лигаи Русия дониста шуд

8
(Таҷдидшуда 16:34 03.12.2020)
Зодаи Тоҷикистон, мураббии футбол Игор Черевченко дубора дар садри рейтинги Премер Лигаи Русия қарор гирифтааст

 

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Зодаи Тоҷикистон Игор Черевченко беҳтарин мураббии моҳи ноябр дар Премер Лигаи Русия эътироф шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин созмон дар Twitter.

Мухлисон, мутахассисони Премер Лигаи Русия ва ҳамзамон шабакаи телевизионии MATCH якдилона ӯро беҳтарин номиданд.

Ёдовар мешавем, Черевченко барои кор бо тими футболи “Химки” даъват карда шуд. Таъиноти ӯ ба ҳайси мураббӣ рӯзи 25-уми сентябр тасдиқ шуд.

Давоми моҳи ноябр ба мураббӣ муяссар шуд, ки бо Рубин (2: 0), Уфа (2: 1) ва Краснодар (1: 0) се бозиро бо ғалаба анҷом диҳад.

Даспарварони Черевченко танҳо як бозиро бо тими “Зенит” (2:0) бохтанд.

Черевченко 46-сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи “Помир”-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.

Cобиқ футболбози тими миллии Тоҷикистон, сармураббии “Химки” шуд

Номбурда тавонист ҳам дар тими мунтахаби кишвар ва ҳам дар бошгоҳҳои футболи Русия бозӣ кунад.

Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои "Локомотив"-и Маскав, "Балтика"-и Калининград ва "Арсенал" -и Тула фаъолият кардааст.

8
Барчаспҳо:
беҳтарин, Сармураббӣ, футбол, Русия
Бадминтон, архивное фото

Пирӯзии тими Хатлон-1 дар мусобиқаи ҷумҳуриявии бадминтон

6
(Таҷдидшуда 16:28 03.12.2020)
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз анҷоми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи бадминтон хабар додааст

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, зимни сабқатҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе аз ҳама зиёд варзишгарони тими Хатлон-1 медал гирифтанд.

Манбаъ аз қавли Федератсияи бадминтони Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки мусобиқа миёни наврасон дар се синну сол байни духтарону писарон, 12-13-сола, 14-15-сола, 16-17-сола баргузор шуд.

“Дар мусобиқа беш аз 100 варзишгар дар ҳайати дастаҳои Душанбе, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд, ВМКБ, Рашт ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат карданд”, - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи олимпӣ таъкид намуд, ки варзишгарони дастаи Хатлон-1 маҳорати баланд нишон дода, бештари медалҳо, аз ҷумла 7 тилло, 9 нуқра ва 1 биринҷиро ба даст оварданд.

“Тими Душанбе сазовори 3 медали тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ гардид. ШНТМ - 2 тилло, як нуқра, 1 биринҷӣ, Рашт - 2 тилло, 1 биринҷӣ, ВМКБ - 1 тилло, 5 биринҷӣ, Суғд - 3 нуқра, 5 биринҷӣ ва Хатлон-2 як медали биринҷӣ ба даст оварданд”, - илова намуд манбаъ.

6
Барчаспҳо:
медал, Кумитаи миллии олимпии ҶТ, мусобиқа, Тоҷикистон