Уқоб боз болои қулла аст: Ҳабиб Гетҷиро бо усули "буғӣ" шикаст дод-видео

2139
(Таҷдидшуда 15:29 25.10.2020)
Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба ҳама, ҳам мухлисон ва ҳам бадхоҳонаш исбот кард, ки ӯ дар рейтингҳои UFC воқеан ҷои аввалро ишғол мекунад ва сазовори ин зинаҳост

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ҳабиб Нурмуҳаммадов рақиби амрикоии худ Ҷастин Гетҷиро мағлуб кард.

Нурмагомедов после боя с Макгрегором
Одноклассники /  ММА и БОКС

Мубориза барои ҳарифон шиддатнок гузашт ва дар даври дуввум Ҳабиб бо усули буғӣ кардан ҳарифашро шикаст дод.

Тавре ки бисёре аз коршиносон гуфтанд, чизи аз ҳама мушкил дар мубориза барои Ҳабиб Нурмуҳаммадов истодагарӣ ва муқовимат ба даври аввал аз рақибест, ки барои пирӯзиро зуд ситонида нақша дорад.

Ҳабиб урён ва Гейҷӣ бо ниқоб: навори вазнченкунии размикорон

Ин мубориза барои размикори доғистонӣ ғалабаи навбатӣ буд: ҳоло Ҳабиб 29 ғалаба дорад ва ҳамчун варзишкори шикастнадида камарбанди қаҳрамонияшро бори дигар ҳаифз кард.

Дана Уайт: Ҳабиб дар роҳи бузургтарин размикори таърих шудан аст

Ҷастин Гейҷии амрикоӣ ҳамакнун дар корномаи варзияшияш маротибаи сеюм шикаст хӯрд. Ӯ қаблан дар 20 муҳориба пирӯзӣ ба даст овардааст.

2139
Барчаспҳо:
пирӯзӣ, размикор, зӯрозмоии размикорон, Ҳабиб Нурмуҳаммадов
Хабиб Нурмагомедов

Баъди Рамазон: Ҳабиб санаи баругзории GFC 20 дар Ӯзбекистонро гуфт

318
(Таҷдидшуда 19:29 01.12.2020)
Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори шинохтаи Русия гуфт, тарҳи баргузории мусобиқаи GFC 20 дар Тошканд аллакай омода аст, аммо ба далели пандемияи коронавирус дар он метавонанд баъзе тағйирот ворид гарданд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC дар вазни сабук санаи тақрибии баргузории мусобиқоти GFC 20-ро гирифт, хабар дод Sputnik Ӯзбекистон.

Ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар Кумитаи миллии олимпӣ дар Тошканд изҳор дошт, ки мусобиқа дар ин шаҳр баргузор хоҳад шуд.

"Фикр мекунем, ки баъди Рамазон дар моҳи май баргузор намоем ", - гуфт Нурмуҳаммадов.

Ба гуфтаи Нурмуҳаммадов, GFC 20, ки соли 2019 дар Тошканд баргузор шуда буд, ба рушди ҳунарҳои размии омехта дар Ӯзбекистон таъсири мусбат гузошт. Ин мусобиқот ба ҷавонон илҳом бахшиданд ва онҳо дар гуруҳҳои варзишӣ сабти ном карданд.

"Размандаҳо дастбакор шуданд, ҳавасмандӣ пайдо гардид", - таъкид намуд Нурмуҳаммадов.

Ӯ соли 2019 дар Ӯзбекистон изҳор дошта буд, ки омода аст барои варзишкорони бомаҳорат барои ҳунарнамоияшон дар саҳнаҳои ҷаҳонӣ мусоидат кунад. Қаҳрамони UFC инчунин изҳори ният кард, ки дар Ӯзбекистон Академияи муҳорибаҳоро таъсис медиҳад.

Қаблан ин ташаббуси Нурмуҳаммадовро роҳбари Шӯрои мудирони Premier Beverages, Игор Ким ҷонибдорӣ намуд.

318
Барчаспҳо:
варзиш, сабқат, Ӯзбекистон
Хабиб Нурмагомедов

Талоши Ҳабиб барои ворид кардани набардҳои ММА ба барномаи бозиҳои тобистонаи Олимпӣ

143
(Таҷдидшуда 18:18 01.12.2020)
Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори шинохтаи доғистонӣ талош дорад санъати муҳорибаҳои омехта ё худ ММА-ро ба рӯйхати барномаи бозиҳои тобистонаи Олимпиада шомил созад.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Қаҳрамони UFC Хабиб Нурмуҳаммадов гуфт, ки ба наздикӣ бо роҳбари Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах мулоқот карда, масъалаи ба барномаи бозиҳои тобистонаи Олимпиадаи 2028 шомил кардани ҳунарҳои муҳорибаи омехтаро баррасӣ мекунад.

"Дохил кардани ММА ба Олимпиада яке аз вазифаҳои асосии ман барои ду соли оянда аст, мо аллакай дар ин самт кор карда истодаем. Дар ояндаи наздик ман мулоқотҳои зиёде хоҳам дошт, аз ҷумла бо Президенти Кумитаи Олимпӣ. Ба фикри ман, агар дар Париж набошад, пас дар Лос-Анҷелес, мо имкониятҳои зиёди таблиғи ММА дорем ", - навиштааст Sputnik Узбекистон аз қавли Нурмуҳаммадов.

Ба гуфтаи Нурмуҳаммадов, ягона мушкилӣ дар ин самт бераҳмӣ дар ин навъи варзиш аст, зеро дар Олимпиада ин истиқбол намешавад, онҳо намехоҳанд хуни зиёд бошад.

Дана Уайт: Ман ҳанӯз шарт мебандам, ки Ҳабиб рекорди 30:0 мегузорад. Инро падараш мехост

Дар робита ба эътирофу сарпарастӣ ва таваҷҷӯҳ ба ин навъи варзиш Нурмуҳаммадов гуфт, агар ММА ба барномаи Олимпиада шомил карда шавад , он аз ҷиҳати манфиат бо футбол ва варзиши сабук дар як саф хоҳад буд.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC ва яке аз ситораҳои санъати муҳорибаҳои омехта мебошад.

Гусфанду буқаҳо мепарварам: Ҳабиб аз нақшаҳои панҷсолааш гуфт

Ӯ ахиран дар пайи пирӯзӣ бар Ҷастин Гетҷи, бо 29 ғалаба ва бидуни шикаст изҳор дошт, ки фаъолияти касбияшро хотима медиҳад.

143
Барчаспҳо:
Олимпиада, муҳориба, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, ММА

Владимир Путин аз нақши махсуси Тоҷикистон зикр кард - видео

0
(Таҷдидшуда 19:58 02.12.2020)
Русия ҳамроҳ бо Тоҷикистон ҷилавгирӣ аз вуруди террористон ва маводи мухаддир аз кишварҳои ҳамсояро идома хоҳад дод

Владимир Путин, расиҷумҳури Русия, зимни ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД аз нақши махсуси Тоҷикистон зикр кард.

“Мехоҳам нақши махсуси Тоҷикистонро дар ҷилавгирӣ аз таҳдидҳое, ки аз кишварҳои ҳамсоя меоянд, зикр намоям, албатта, ман воридшавии маводи мухаддир ва террористонро дар назар дорам. Дар ин самт Тоҷикистон корҳои азими мусбат анҷом дода истодааст, ин корро дар якҷоягӣ бо шумо идома медиҳем, аз ҷумла, бо истифода аз имконияти худ бо сохтори низомии Русия, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст”, — изҳор дошт Путин.

Раисҷумҳури Русия афзуд, ки Тоҷикистон дар самти ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм кори азими мусбатро анҷом медиҳад.

Владимир Путин қайд кард, ки Русия минбаъд низ Тоҷикистонро дар масъалаҳои амният дастгирӣ хоҳад кард, аз ҷумла, бо истифода аз имконоти сохтори низомии Русия кумак хоҳад кард.

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Русия Владимир Путин дар шакли видеоконфронс ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории иттифоқӣ дар доираи созмон, афзоиши минбаъдаи самаранокии СААД, мушкилоти мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Дар ҷаласа Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва иҷрокунандаи вазифаи Президенти Қирғизистон Талант Мамитов ширкат варзиданд.

0
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин, нақша, террористон, ҳамсоя, ҷилавгирӣ, Русия, Тоҷикистон