Хабиб Нурмагомедов

Охирин парвози Уқоб: Ҳабиб пас аз мубориза бо Гетҷи "карера"-ашро ҷамъбаст кард

659
(Таҷдидшуда 10:47 25.10.2020)
Размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуфт, ки 29-умин пирӯзияшро ба падараш, ки имсол даргузашта буд, мебахшад

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Қаҳрамони  UFC дар вазни сабуки Ҳабиб Нурмуҳаммадов аз поёни корномаи варзишияш хабар дод.

Ӯ ин қарорашро пас аз пирӯзӣ бар размикори амрикоӣ Ҷастин Гейҷ эълон кард.

Зимни баромади худ Нурмуҳаммадов таъкид кард, ки пирӯзияшроро дар ин рақобаӣ ба ба падараш Абдулманап Нурмуҳаммадов бахшидааст.

Ёдовар мешавем, Абдулманап Нурмуҳаммадов 3 июл дар синни 58-солагӣ бинобар сабаби беморӣ аз  коронавирус даргузашт.

Ҳабиб иқрор шуд, ки ба модараш ваъда дода буд, ки 29-умин набарди охирини ӯ хоҳад буд.

"Ман танҳо як саробон дорам - ин модари ман аст. Мехостам ба ӯ вақти бештаре ҷудо кунам" гуфт ӯ.

Ғайр аз он, Ҳабиб аз роҳбарияти UFC хоҳиш кард, ки ӯро дар рейтинги нави размикорони беҳтарин дар ҷои аввал гузорад.

"Имрӯз охирин муборизаи ман дар UFC буд. Танҳо аз UFC мехоҳам, ки рӯзи сешанбе новобаста аз дараҷаи вазн дар ҷои 1-ум маро қарор диҳад. Ман сазовори он ҳастам ",-таъкид кард размикор.

Дар тӯли корномаи варзишии худ Нурмуҳаммадов 29 муҳорибаро бидуни ягон шикаст аз сар гузаронидааст.

Дана Уайт: Ҳабиб дар роҳи бузургтарин размикори таърих шудан аст

Охирин муҳорибае, ки ӯ пеш аз хотимаи корномааш дошт, бар зидди Ҷастин Гетҷи, размикори амрикоӣ буд.

Тариқи анъанавӣ Хабиб ӯро низ бо усули буғӣ кардан мағлуб кард.

 

659
Глава парламента Таджикистана Рустам Эмомали

Интихоби президент ФФТ: Рустами Эмомалӣ меравад ва ё мемонад

320
(Таҷдидшуда 14:52 03.12.2020)
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки роҳбариашро раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бар ӯҳда дорад, аз нав интихобот баргузор мекунанд

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Дар бораи аз нав интихоб шудани президенти ФФТ сомонаи федератсия хабар додааст.

Гуфта мешавад, интихоботи президенти ФФТ дар Конфронси ҳисоботиву интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 16 декабр баргузор мешавад. 

Интизор меравад, ки конфронс дар маҷмааи "Кохи Наврӯз" доир шавад.

"Дар рӯзномаи Конфронс ҳафт масъала интихоби котибот, ҳисобот дар бораи фаъолияти ФФТ дар солҳои 2016-2019, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба низомномаи федератсия, интихоби президенти ФФТ ва муовинонаш, интихоби Кумитаи иҷроияи ФФТ баррасӣ хоҳад шуд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Ёдрас мешавем, феълан президентии федератсияро Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бар ӯҳда дорад.

Аз зӯрӣ ба довар то рафтори ғайриахлоқӣ: ҷазои 8 бозигар ва як директори бошгоҳ аз сӯи ФФТ

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин яке аз созмондиҳандагони дастаи футболи "Истиқлол" аст, ки соли 2007 ташкил шуда буд. Аз соли 2008-2010  дар ҳайати даста бозӣ мекард. Пас аз анҷоми бозӣ, аввал муовини раиси ФФТ ва сипас президенти ФФТ интихоб гардид.

Аз моҳи апрели соли 2019 Рустами Эмомалӣ президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аст.

320
Главный тренер команды «Истиклол» Виталий Левченко

Виталий Левченко беҳтарин мураббии футбол дар Тоҷикистон дониста шуд

46
(Таҷдидшуда 15:50 03.12.2020)
Шарики расмии Лигаи футболи Тоҷикистон Ширкати байналмилалии букмекерии “Parimatch” беҳтаринҳоро аз рӯи нишондиҳандаҳои инфиродӣ дар мавсими 2020-и Лигаи олӣ муайян кардааст

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Аз рӯи фарзияи "Parimatch" сармураббии дастаи  "Истиқлол"-и  Душанбе Виталий Левченко, ки дастаро дар ин мавсим чемпиони Лигаи олӣ намуд, беҳтарин мураббии Чемпионати Тоҷикистон эътироф гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, қаблан  ширкати байналмилалии букмекерии "Parimatch" бозингари дастаи футболи "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан Илҳом Баротовро беҳтарин футболбози мавсим ва дарвозабони дастаи футболи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе Рустам Ятимовро беҳтарин дарвозабон муайян карда буд.

Ҳамчунин муҳофизатгари украинии дастаи "Истиқлол" Алексей Ларин беҳтарин муҳофизатгар, бозингари шинохтаи  дастаи футболи  "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд Фатҳулло Фатҳуллоев беҳтарин ниммуҳофизатгар ва ҳамлавари дастаи футболи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе Манучеҳр Ҷалилов беҳтарин ҳамлавари Лигаи миллӣ аз рӯи фарзияи "Parimatch" дониста шуданд.

46
Барчаспҳо:
лигаи олӣ, сармураббӣ, истиқлол, беҳтарин, Футбол, Тоҷикистон
Русская преподавательница в Худжанде Екатерина Половинкина

Омӯзгори рус дар Хуҷанд: маъракаву таъомҳои тоҷикон писандам омад

0
(Таҷдидшуда 16:18 03.12.2020)
Екатерина Половинкина аз моҳи сентябри соли 2019 дар муассисаи таълимии " Гулчини маърифат" ба ҳайси омўзгори фанни забон ва адабиёти рус дар синфҳои таълимаш бо забони русӣ дар синфҳои 6-10 дарс медиҳад.

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ба аёдати омӯзгори рус Екатерина Половинкина рафт, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.

Екатерина Половинкина,  дар Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии "Гулчини маърифат"-и шаҳри Хуҷанд тибқи шартномаи байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия фаъолияти педагогӣ дорад.



"Омӯзгори рус аз ин таваҷҷуҳ ва эҳтиром нисбаташ ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд баён дошта, аз ҷумла изҳор дошт, ки шаҳри бостонии Хуҷанд барояш аллакай бегона нест. Соли сеюм аст, ки дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ ба хонандагони шаҳри Хуҷанд дарс меомўзонад. Урфу одат, хонаву манзил, бозору маърака, меваю таъомҳои болаззати хуҷандиён барояш хеле писанд аст", - менависад манбаъ.

Бояд қайд намуд, ки Екатерина Половинкина, омўзгори фанни забон ва адабиёти руси Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии "Гулчини маърифат"-и шаҳри Хуҷанд буда, худ зодаи вилояти Нижновгороди Русия мебошад.

50 омӯзгори рус барои таълим додани хонандагон, озими Тоҷикистон шуданд

 

Мавсуф дар асоси шартнома аз моҳи сентябри соли 2019 дар муассисаи таълимии " Гулчини маърифат" ба ҳайси омўзгори фанни забон ва адабиёти рус дар синфҳои таълимаш бо забони русӣ дар синфҳои 6-10 дарс медиҳад.

Тибқи иттилоъи роҳбарияти Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии "Гулчини маърифат"-и шаҳри Хуҷанд дар муддати фаьолияти кориаш ў худро ҳамчун омўзгори фаъол, эҷодкор ва масьулиятшинос нишон додааст.

0