Маълум шуд, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз хатми “карера”-аш чӣ кор хоҳад кард-видео

© Getty Images/UFC / Гузариш ба медиабонкХабиб Нурмагомедов защитил титул чемпиона UFC в легком весе
Хабиб Нурмагомедов защитил титул чемпиона UFC в легком весе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи нақшаҳояш пас аз ба охир расидани корномаи варзишияш гуфт

ДУШАНБЕ, 25 октябр - Sputnik. Пас аз ба итмом расонидани кономаи худ ҳамчун размикор, қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов ният дорад мураббӣ шавад.

Наворе бо изҳороти Хабиб аз ҷониби мураббии ӯ Хавиер Мендес дар Инстаграммааш нашр шудааст.

Дар навори видео Мендесро мешунавед, ки Нурмагомедовро мепурсад, ки оё ӯ ҳамчун мураббӣ бармегардад?

"Ман ба шумо кӯмак мекунам. <...> Мо бисёр муборизони насли нав дорем. Мураббӣ, мо ба қулла бармегардем. Ба қарибӣ",- посух дод Ҳабиб.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз мағлуб кардани Ҷастин Гетҷии амрикоӣ дар мусобиқаи UFC-254 хотимаи корномаи варзишияшро эълон кард.

Ёдовар мешавем, шаби гузашта Ҳабиб Нурмуҳаммадов размикори амрикоӣ Ҷастин Гетҷиро шикаст дод.

Рақобат ду давр идома карда, размикори доғистонӣ бо усули маъмулияш, буғӣ кардан, ҳарифашро шикас дод.

Лентаи хабарҳо
0