Лаззат бар: Ҷонс ҷои аввалро дар рейтинги UFC ба Нурмуҳаммадов дод

391
(Таҷдидшуда 15:36 25.10.2020)
Размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов аз раҳбарияти UFC хост, ки ӯро пас аз шикаст додани Ҷастин Гетҷи дар рейтинги умумии размикорони созмон ба мақоми аввал барорад

ДУШАНБЕ, 25 октябр - Sputnik. Устоди муҳорибаи омехта, варзишкори амрикоӣ Ҷон Ҷонс дар рейтинги беҳтарин размандагони UFC, новобаста аз вазн, аз ҷои аввал ба фоидаи Ҳабиб даст кашид.

Дар ин бора қаҳрамони собиқи вазни сабуки UFC дар сафҳаи Твиттери худ изҳорот додааст. Ҷонс пешсафиро ба қаҳрамони вазни сабуки UFC, муштзани рус Ҳабиб Нурмуҳаммадов аз даст дод.

"То он даме ки ман ин тоҷро нагирам, ҷойро ба ту медиҳам. Баҳра бар",- навиштааст Ҷонс.

Ӯ ҳамзамон қаҳрамонро табрик карда, ба ӯ барор хостааст.

"Мехоҳам Ҳабибро бо корномаи барҷастааш табрик намоям. Ман медонам, ки ӯ падари худ ва миллионҳо мухлисони тамоми дунёро водор кард, ки бо ӯ ифтихор кунанд. Бигзор Худо ӯро дар сафари минбаъдааш баракат диҳад", - навиштааст Ҷонс дар сафҳаи Твиттери худ.

Ёдовар мешавем, шаби гузашта Ҳабиб Нурмуҳаммадов размикори амрикоӣ Ҷастин Гетҷиро шикаст дод.

Рақобат ду давр идома карда, размикори доғистонӣ бо усули маъмулияш, буғӣ кардан, ҳарифашро шикас дод.

Ҳабиб зимни суханронӣ баъди муҳориба аз роҳбарияти UFC хоҳиш кард, ки ӯро дар рейтинги нави размикорони беҳтарин дар ҷои аввал гузорад.

"Имрӯз охирин муборизаи ман дар UFC буд. Танҳо аз UFC мехоҳам, ки рӯзи сешанбе новобаста аз дараҷаи вазн дар ҷои 1-ум маро қарор диҳад. Ман сазовори он ҳастам ",-таъкид кард размикор.

Дар тӯли корномаи варзишии худ Нурмуҳаммадов 29 муҳорибаро бидуни ягон шикаст аз сар гузаронидааст.

391
Лионел Мессӣ, футболбози аргентинӣ, акс аз бойгонӣ

Эълони номзадҳо ба беҳтарин футболбоз, дарвозабон ва мураббии соли 2020

75
(Таҷдидшуда 15:56 25.11.2020)
Федератсияи байналмилалии футбол, ФИФА дар сомонаи расмиаш номзадони беҳтарин футболбоз, дарвозабон ва мураббии соли 2020-ро барои соҳиб шудан ба ҷоизаи The Best эълон кард

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Номзадон дар бахши Ҷоизаи “Беҳтарин бозигар” Тиаго Алкантара (“Бавария”/ “Ливерпул”), Криштиану Роналду (“Ювентус”), Кевин де Брюйне (“Манчестер Сити”), Роберт Левандовски (“Бавария”), Садйо Мане (“Ливерпул”) мебошанд.

Ба иттилои сомонаи “Варзиш”, дар ин бахш инчунин Килиан Мбаппе (“ПСЖ”), Лионел Месси (“Барселона”), Неймар (“ПСЖ”), Серхио Рамос (“Реал”), Муҳаммад Салоҳ (“Ливерпул”), Вирҷил ван Дейк (“Ливерпул”) номзад шудаанд.

Дар риштаи ҷоизаи “Беҳтарин дарвозабон” номзадҳо Алиссон (“Ливерпул”), Тибо Куртуа (“Реал”), Кейлор Навас (“ПСЖ”), Мануэл Нойер (“Бавария”), Ян Облак (“Атлетико”), Марк-Андре тер Стеген (“Барселона”) мебошанд.

Барои ҷоизаи “Беҳтарин мураббӣ”  Марсело Бқелса (Аргентина / “Лидс Юнайтед”), Ханс-Дитер Флик (Олмон / “Бавария Мюнхен”), Юрген Клопп (Олмон / “Ливерпул”), Хулен Лопетеги (Испания / “Севиля”), Зинедин Зидан (Фаронса / “Реал Мадрид”) сабқат мекунанд.  

Манбаъ афзуд, маросими ҷоизасупории беҳтарин футболбози сол,  рӯзи 17 декабр баргузор мешавад, дар робита бо пандемияи коронавирусӣ, чорабини мазкур онлайн дар шакли виртуалӣ баргузор мешавад.

75
Барчаспҳо:
Футбол, ҷаҳон

Дана Уайт: Ман ҳанӯз шарт мебандам, ки Ҳабиб рекорди 30:0 мегузорад. Инро падараш мехост

391
(Таҷдидшуда 18:12 22.11.2020)
Президенти UFC Дана Уайт эълони қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадовро, ки гуфт ҳама имконот барои бозгашти дубора ба майдонро рад кард, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 22 ноя - Sputnik. Президенти UFC гуфтааст, минбаъд низ ба он боварӣ дорад, ки Ҳабиб бармегардад ва рекорди 30-0 сабт мекунад, ҳамон тавре ки падараш мехост.

"Ҳабиб бо Гетҷи охирин муборизаи хеле эҳсосотӣ дошт, аз ин рӯ ман ба бозгашти ӯ боварӣ дорам", - гуфтааст, Уайт.

Ӯ гуфтааст, дар ин масъала ҳоло ҳеҷ чиз ҳал нашудааст, аммо ба рушди ҳаводис нигариста шарт мебандад, ки Ҳабиб бармегардад.

"Ки рақиби ӯ хоҳад буд? Ин метавонад на танҳо Сен-Пейр бошад. Конор ва Порйе мубориза мебаранд, ҳамзамон Фергюсон ва Чандлер низ ҳастанд...",- гуфтааст Дана Уайт.

Номбурда гуфт, ҳоло интизор мешавем, ки Ҳабиб ин таваққуфро то кай нигоҳ дошта метавонад. Агар ӯ қарор диҳад, ки баргардад ва ин корро бикунад, пас ин бачаҳо омодаанд бо ӯ мубориза баранд, гуфт президенти UFC.

Санаи рақобати дуввуми собиқ ҳарифони Ҳабиб - Конор ва Порйе дақиқ шуд

Ёдовар мешавем, Нурмуҳаммадов дар пайи пирӯзӣ бар Ҷастин Гетҷи, бо 29 ғалаба ва бидуни шикаст изҳор дошт, ки фаъолияти касбияшро хотима медиҳад.

391
Барчаспҳо:
бозгашт, муҳорибаи омехта, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC
Бинои Ҳукумати ФРДом

Рустами Эмомалӣ ба Алексей Оверчук: иҷрои 300 созишнома беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад

0
(Таҷдидшуда 18:05 25.11.2020)
Рустами Эмомалӣ ва Алексей Оверчук масоили иқтисодӣ, фарҳангӣ ва муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Русия раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз бо муовини раиси Ҳукумати Русия, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Алексей Оверчук мулоқот кард.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии шаҳрдори Душанбе ин дидор дар бинои Ҳукумати Русия дар шаҳри Маскав баргузор шудааст.

Гуфта мешавад, ки иштирокчиёни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Русияро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда мавриди баррасӣ кардаанд.

Дар ин мулоқот, Рустами Эмомалӣ ёдовар шудааст, ки асосҳои қарордодиву ҳуқуқии тарафайнро қариб 300 созишномаҳои байнидавлативу байнисоҳавӣ ташкил медиҳанд, ки иҷрои босифати онҳо беҳбудии ҷиддӣ тақозо мекунад.

Дар ин робита ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ки самти афзалиятноки муносибатҳои дуҷонибаро ифода мекунад, таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст.

"Дар ҳашт моҳи соли равон гардиши мол байни ду давлат  720 миллион доллари амрикоиро ташкил дод", - садо дод дар ин дидор.

Корхонаҳои саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Вобаста ба саноатикунонии иқтисоди кишвар, ки афзалияти стратегӣ эълон шудааст, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ қобили қабул арзёбӣ гардидааст.

Ҷонибҳо манфиатдории худро дар рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, сӯзишворӣ-энергетикӣ, комплекси аграрӣ, ҳамчунин саноати сабук ва хӯрокворӣ иброз доштаанд.

Рустами Эмомалӣ дар ин робита ташкили Шӯрои байнидавлатиро оид ба ҷалби мустақими сармояи Русия ба Тоҷикистон мувофиқи мақсад донистааст.

Воридоти маҳсулоти ғизоӣ

Дар вохӯрӣ ҳамчунин ба масъалаи содироту воридоти маҳсулоти ғизоӣ ва сабзавоту мева манфиатдор будани ҷонибҳо мавриди гуфтугӯи ҷиддӣ қарор дода шуд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки самти фарҳангӣ-гуманитарии ҳамкорӣ, бахусус дар соҳаи маориф имконияту захираҳои фаровон дорад.

Омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон

Дар ин дидор гуфта шудааст, ки дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони русӣ шароити мусоид фароҳам карда мешавад.

Ҳамасола аз Русия ба мактабҳои Тоҷикистон беш аз 50 нафар омӯзгорон фиристода мешаванд.

Рустами Эмомалӣ аз тезонидани суръати сохтмони 5 мактаб дар Тоҷикистон дар асоси Созишномаи тарафайн изҳори назар карданд.

Ҷонибҳо аз муҳимияти масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити пандемия ёдовар шуда, зарурати барқарор намудани алоқаи мунтазами ҳавоии байни ду давлатро таъкид намудаанд.

Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ изҳори боварӣ намудааст, ки Алексей Оверчук ба ҳайси ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ саҳми арзандаи худро дар рушду таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои стратегӣ ва иттифоқчигӣ байни кишварҳоямон мегузорад.

0
Барчаспҳо:
созишнома, Рустами Эмомалӣ
Мавзуъ
Рустами Эмомалӣ аз мушкили муҳоҷирон гуфт: афв то 15 декабр
Рустами Эмомалӣ аз интиқоли донишҷӯёну парвозҳо: шарҳи пурраи гуфтушунид - видео
Аз як даст садо намебарояд: Матвиенко ба Рустами Эмомалӣ зарбулмасали тоҷикӣ гуфт