Уайт Нурмуҳаммадовро беҳтарин размикори UFC эълон кард

196
(Таҷдидшуда 15:26 25.10.2020)
Дана Уайт, роҳбари UFC ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар феҳрасти беҳтарин размикорони ҷаҳон мақоми аввалро дод

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Роҳбари UFC дар пайи пирӯзии Ҳабиб Нурмуҳаммадов бар Ҷастин Гейҷӣ, қаҳрамон дар вазни сабукро беҳтарин размикори ин созмон сарфи назар аз гуруҳбандиҳои вазнӣ хонд.

Изҳороти Уайт дар саҳифааш дар Twitter нашр шудааст.

“Муборак бошад тими Ҳабиб, ҳар чиро дар назар доштед, амалӣ кардед. Беҳтарин размикор ​​P4P (Pound-for-pound - идора) дар ҷаҳон ва воқеан  G.O.A.T. дар варзиш мебошед", - навишт роҳбари UFC.

Шаби 25 октябр Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар даври дуюми сабқат бо Ҷастин Гейҷӣ бо истифодаи усули буғикунанда пирӯз шуд. Феълан Ҳабиб шикастнодида буда, дар 29 сабқаташ 29 пирӯзӣ дорад.

Дар пайи пирӯзӣ бар Гейҷӣ, Нурмуҳаммадов аз роҳбарияти UFC хост, ӯро дар садри беҳтарин размикорон ҷой диҳанд, чун ӯ арзанда бошад.

Ҷон Ҷонс, ки то ҳол дар сархати беҳтарин размикорон қарор дошт, аз мақомаш ба фоидаи Нурмуҳаммадов даст кашид.

Pound-for-pound – нисбати размикоре кор бурда мешавад, ки новобаста аз вазн беҳтарини беҳтаринҳо эътироф шудааст.

196
Глава парламента Таджикистана Рустам Эмомали

Интихоби президент ФФТ: Рустами Эмомалӣ меравад ва ё мемонад

285
(Таҷдидшуда 14:52 03.12.2020)
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки роҳбариашро раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бар ӯҳда дорад, аз нав интихобот баргузор мекунанд

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Дар бораи аз нав интихоб шудани президенти ФФТ сомонаи федератсия хабар додааст.

Гуфта мешавад, интихоботи президенти ФФТ дар Конфронси ҳисоботиву интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 16 декабр баргузор мешавад. 

Интизор меравад, ки конфронс дар маҷмааи "Кохи Наврӯз" доир шавад.

"Дар рӯзномаи Конфронс ҳафт масъала интихоби котибот, ҳисобот дар бораи фаъолияти ФФТ дар солҳои 2016-2019, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба низомномаи федератсия, интихоби президенти ФФТ ва муовинонаш, интихоби Кумитаи иҷроияи ФФТ баррасӣ хоҳад шуд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Ёдрас мешавем, феълан президентии федератсияро Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бар ӯҳда дорад.

Аз зӯрӣ ба довар то рафтори ғайриахлоқӣ: ҷазои 8 бозигар ва як директори бошгоҳ аз сӯи ФФТ

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин яке аз созмондиҳандагони дастаи футболи "Истиқлол" аст, ки соли 2007 ташкил шуда буд. Аз соли 2008-2010  дар ҳайати даста бозӣ мекард. Пас аз анҷоми бозӣ, аввал муовини раиси ФФТ ва сипас президенти ФФТ интихоб гардид.

Аз моҳи апрели соли 2019 Рустами Эмомалӣ президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аст.

285
Главный тренер команды «Истиклол» Виталий Левченко

Виталий Левченко беҳтарин мураббии футбол дар Тоҷикистон дониста шуд

43
(Таҷдидшуда 15:50 03.12.2020)
Шарики расмии Лигаи футболи Тоҷикистон Ширкати байналмилалии букмекерии “Parimatch” беҳтаринҳоро аз рӯи нишондиҳандаҳои инфиродӣ дар мавсими 2020-и Лигаи олӣ муайян кардааст

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Аз рӯи фарзияи "Parimatch" сармураббии дастаи  "Истиқлол"-и  Душанбе Виталий Левченко, ки дастаро дар ин мавсим чемпиони Лигаи олӣ намуд, беҳтарин мураббии Чемпионати Тоҷикистон эътироф гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, қаблан  ширкати байналмилалии букмекерии "Parimatch" бозингари дастаи футболи "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан Илҳом Баротовро беҳтарин футболбози мавсим ва дарвозабони дастаи футболи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе Рустам Ятимовро беҳтарин дарвозабон муайян карда буд.

Ҳамчунин муҳофизатгари украинии дастаи "Истиқлол" Алексей Ларин беҳтарин муҳофизатгар, бозингари шинохтаи  дастаи футболи  "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд Фатҳулло Фатҳуллоев беҳтарин ниммуҳофизатгар ва ҳамлавари дастаи футболи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе Манучеҳр Ҷалилов беҳтарин ҳамлавари Лигаи миллӣ аз рӯи фарзияи "Parimatch" дониста шуданд.

43
Барчаспҳо:
лигаи олӣ, сармураббӣ, истиқлол, беҳтарин, Футбол, Тоҷикистон
Нафт, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон тавлиди маҳсулоти нафтиро каму воридоташонро зиёд кардааст

0
(Таҷдидшуда 16:14 03.12.2020)
Дар Тоҷикистон аз оғози соли 2020 то моҳи ноябр воридоти маҳсулоти нафтӣ зиёд шуда, истеҳсолот коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тайи 10 моҳи 2020 тавлиди маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 21 дарсад кам шудааст, хабар дод Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Бар асоси омори расмӣ, ҳаҷми тавлиди бензин 51,1%, сӯзишвории дизелӣ 51,2% ва мазут 51,3% кам шудаст.

Дар маҷмуъ аз январ то октябри соли равон дар Тоҷикистон 20,4 ҳазор тонна нафт истихроҷ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки воридоти маҳсулоти нафтӣ дар кишвар 15,6% афзоиш ёфтааст. Таъминкунандаи асосии маводи сӯхт дар Тоҷикистон ҳамоно Русия боқӣ мондааст.

Аз аввали сол ба ҷумҳурӣ 488,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 231,6 миллион доллар ворид шудааст.

Қаблан Вазорати рушди иқтисоду савдо хабар дода буд, ки воридоти мол ба кишвар дар 10 моҳ ба 2,5 миллиард доллар баробар шудааст, ки ба андозаи 6,3 фоиз нисбати нишондоди январ – октябри соли 2019 камтар мебошад.

0
Барчаспҳо:
маҳсулот, нафт, Тоҷикистон