Гейҷӣ ҳангоми гиряи Ҳабиб дар майдон ба ӯ чӣ гуфт?

5367
(Таҷдидшуда 15:18 25.10.2020)
Ҷастин Гейҷӣ, размикори амрикоӣ нақл кард, ки ҳангоми гиряи Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар майдон бо кадом суханҳо ӯро дилбардорӣ кард

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik.  Гейҷӣ гуфт, баъди анҷоми сабқт ҳангоми гиряи Ҳабиб Нурмуҳаммадов ӯ ба қаҳрамони UFC дар вазни сабук изҳори ҳамдардӣ кард.

Гейҷӣ ба Нурмуҳаммадов гуфтааст, ки қаблан имкони муроҷиат кардан ба ӯро надоштаст ва илова намудааст, хеле мутаассиф аст, ки Ҳабиб падарашро аз даст дод.

"Коратро ман давом медиҳам": Макгрегор муҳорибаи Ҳабиб бо Гедҷиро баҳогузорӣ кард

“Ту дар ҳамин лаҳзаҳо падарро водор кардӣ, ки бо ту ифтихор дошта бошад”, - тавзеҳ дод Гейҷӣ суханҳои гуфтааш дар майдонро ба BT Sport.

Шаби 25 октябр Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар даври дуюми сабқат бо Ҷастин Гейҷӣ бо истифодаи усули буғикунанда пирӯз шуд. Феълан Ҳабиб шикастнодида буда, дар 29 сабқаташ 29 пирӯзӣ дорад.

Дар пайи пирӯзӣ бар Гейҷӣ, Нурмуҳаммадов аз роҳбарияти UFC хост, ӯро дар садри беҳтарин размикорон ҷой диҳанд, чун ӯ арзанда бошад.  Дана Уайт, роҳбари UFC ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар феҳрасти беҳтарин размикорони ҷаҳон мақоми аввалро дод.

Лаззат бар: Ҷонс ҷои аввалро дар рейтинги UFC ба Нурмуҳаммадов дод

Ҷон Ҷонс, ки то ҳол дар сархати беҳтарин размикорон қарор дошт, аз мақомаш ба фоидаи Нурмуҳаммадов даст кашид.

Pound-for-pound – нисбати размикоре кор бурда мешавад, ки новобаста аз вазн беҳтарини беҳтаринҳо эътироф шудааст.

5367
Барчаспҳо:
Ҳабиб Нурмуҳаммадов, сабқат, Русия
Хабиб Нурмагомедов

Талоши Ҳабиб барои ворид кардани набардҳои ММА ба барномаи бозиҳои тобистонаи Олимпӣ

9
Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори шинохтаи доғистонӣ талош дорад санъати муҳорибаҳои омехта ё худ ММА-ро ба рӯйхати барномаи бозиҳои тобистонаи Олимпиада шомил созад.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Қаҳрамони UFC Хабиб Нурмуҳаммадов гуфт, ки ба қарибӣ бо роҳбари Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах мулоқот карда, масъалаи ба барномаи бозиҳои тобистонаи Олимпиадаи 2028 шомил кардани ҳунарҳои муҳорибаи омехтаро баррасӣ мекунад.

"Дохил кардани ММА ба Олимпиада яке аз вазифаҳои асосии ман барои ду соли оянда аст, мо аллакай дар ин самт кор карда истодаем. Дар ояндаи наздик ман мулоқотҳои зиёде хоҳам дошт, аз ҷумла бо Президенти Кумитаи Олимпӣ. Ба фикри ман, агар дар Париж набошад, пас дар Лос-Анҷелес, мо имкониятҳои зиёди таблиғи ММА дорем ", - навиштааст Sputnik Узбекистон аз қавли Нурмуҳаммадов.

Ба гуфтаи Нурмуҳаммадов, ягона мушкилӣ дар ин самт бераҳмӣ дар ин навъи варзиш аст, зеро дар Олимпиада ин истиқбол намешавад, онҳо намехоҳанд хуни зиёд бошад.

Дана Уайт: Ман ҳанӯз шарт мебандам, ки Ҳабиб рекорди 30:0 мегузорад. Инро падараш мехост

Дар робита ба эътирофу сарпарастӣ ва таваҷҷӯҳ ба ин навъи варзиш Нурмуҳаммадов гуфт, агар ММА ба барномаи Олимпиада шомил карда шавад , он аз ҷиҳати манфиат бо футбол ва варзиши сабук дар як саф хоҳад буд.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC ва яке аз ситораҳои санъати муҳорибаҳои омехта мебошад.

Гусфанду буқаҳо мепарварам: Ҳабиб аз нақшаҳои панҷсолааш гуфт

Ӯ ахиран дар пайи пирӯзӣ бар Ҷастин Гетҷи, бо 29 ғалаба ва бидуни шикаст изҳор дошт, ки фаъолияти касбияшро хотима медиҳад.

9
Барчаспҳо:
Олимпиада, муҳориба, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, ММА
Турнир по смешанным единоборствам FFC GLOBAL SELECTION среди мигрантов в Москве

Размикори тоҷик ба Bellator MMA роҳ ёфт

35
(Таҷдидшуда 16:04 01.12.2020)
Хуршед Қаҳҳоров, размикори тоҷик, бо яке аз беҳтарин промоушенҳои ҷаҳон - Bellator MMA созишнома баст

ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Қаҳҳоров, размикори зодаи Тоҷикистон, ки феълан Олмонро намояндагӣ мекунад, ба яке аз маъруфтарин промоушенҳои ҷаҳон - Bellator MMA роҳ ёфт.

Дар бораи имзои созишнома миёни Қаҳҳоров ва Bellator MMA пойгоҳи MMA Figthing хабар додааст.

Дар майдони муҳорибаҳои касбӣ, Қаҳҳоров 7 сабқат гузаронда, дар 6-тояшон пирӯз шудааст.

Ҳамаи пирӯзиҳояшро Қаҳҳоров ҳамчун намояндаи Олмон дар промоушенҳои аврупоӣ ба даст овардааст. Аз ҷумла моҳи ноябр дар сабқат Патрика Хробакаро шикаст дода, унвони European Fight Masters дар вазни сабукро ба даст овард.

Санаи нахустин майдондории Қаҳҳоров дар Bellator ҳанӯз маълум нест.

Маврид ба зикр аст, ки Bellator бо чандин размикори шинохта созишнома баст. Аз ҷумла бо Усмон Нурмуҳаммадов, амакбачаи қаҳрамони UFC, Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва собиқ размикори UFC Рустам Ҳобилов созишнома баст.

Маврид ба зикр аст, ки Bellator – созмони амрикоие мебошад, ки дар Санта-Монике мақар гирифта, мусобиқаи размҳои омехтаро баргузор мекунад. Аз ҷумла муҳорибаҳо барои камбарбанди қаҳрамонии ин созмонро ташкил мекунад.

35
Барчаспҳо:
варзишгар, мусобиқа, зӯрозмоии размикорон, размикор, ИМА, Тоҷикистон