Хушкадам Хусравов. Архивное фото

Чорумин медали Хушқадам Хусравов дар Чемпионати ҷаҳон

360
(Таҷдидшуда 20:34 08.11.2020)
Хушқадам Хусравов, паҳламони тоҷик дар вазни то 62 кило чаҳорумин медали Чемпионати ҷаҳон дар риштаи самборо ба даст овард

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Хусравов ин дафъа дар Ново Сади Сербистон дар вазни то 62 кило медали бирнҷӣ ба даст овард.

То ҳол паҳлавони тоҷик як медали тилло, як нуқра ва ду биринҷии қаҳрамонии ҷаҳонро соҳиб аст.

Паҳлавони дигари тоҷик Акмалиддин Каримов дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Нови-Сади Сербия барандаи медали нуқра шуда буд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, Акмалиддин дар вазни то 57 кило то ба финал расиданаш се қувваозмоиро бо пирӯзӣ анҷом дод.

Ба иттилои манбаъ, ҳарифони шикастхӯрдаи паҳлавони тоҷик Нгуен Рубин аз Фаронса, Бектош Назаров аз Ӯзбекистон ва Андрей Лашичук аз Украина буд.

Дар даври финалӣ Акмалиддин Каримов аз варзишкори рус Владимир Гладких шикаст хӯрда, барандаи ҷойи дуввум ва медали нуқра гашт.

Акмалиддин Каримов аз варзишкорони шинохтаи кишвар аст, ки ҳамасола дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо ширкат меварзад.

То кунун ӯ дар чунин мусобиқот медалҳои биринҷиву нуқраро ба даст овардааст.

360
Барчаспҳо:
қаҳрамонӣ, Самбо, Тоҷикистон

Дастпарвари футболи тоҷик беҳтарин мураббии моҳ дар Премер Лигаи Русия дониста шуд

127
(Таҷдидшуда 21:26 03.12.2020)
Зодаи Тоҷикистон, мураббии футбол Игор Черевченко дубора дар садри рейтинги Премер Лигаи Русия қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Зодаи Тоҷикистон Игор Черевченко беҳтарин мураббии моҳи ноябр дар Премер Лигаи Русия эътироф шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин созмон дар Twitter.

Мухлисон, мутахассисони Премер Лигаи Русия ва ҳамзамон шабакаи телевизионии MATCH якдилона ӯро беҳтарин номиданд.

Ёдовар мешавем, Черевченко барои кор бо тими футболи "Химки" даъват карда шуд. Таъиноти ӯ ба ҳайси мураббӣ рӯзи 25-уми сентябр тасдиқ шуд.

Давоми моҳи ноябр ба мураббӣ муяссар шуд, ки бо Рубин (2: 0), Уфа (2: 1) ва Краснодар (1: 0) се бозиро бо ғалаба анҷом диҳад.

Даспарварони Черевченко танҳо як бозиро бо тими "Зенит" (2:0) бохтанд.

Черевченко 46-сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи "Помир"-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.

Cобиқ футболбози тими миллии Тоҷикистон, сармураббии “Химки” шуд

Номбурда тавонист ҳам дар тими мунтахаби кишвар ва ҳам дар бошгоҳҳои футболи Русия бозӣ кунад.

Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои "Локомотив"-и Маскав, "Балтика"-и Калининград ва "Арсенал" -и Тула фаъолият кардааст.

127
Барчаспҳо:
беҳтарин, Сармураббӣ, футбол, Русия
Бадминтон, архивное фото

Пирӯзии тими Хатлон-1 дар мусобиқаи ҷумҳуриявии бадминтон

17
(Таҷдидшуда 21:28 03.12.2020)
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз анҷоми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи бадминтон хабар додааст

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, зимни сабқатҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе аз ҳама зиёд варзишгарони тими Хатлон-1 медал гирифтанд.

Манбаъ аз қавли Федератсияи бадминтони Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки мусобиқа миёни наврасон дар се синну сол байни духтарону писарон, 12-13-сола, 14-15-сола, 16-17-сола баргузор шуд.

"Дар мусобиқа беш аз 100 варзишгар дар ҳайати дастаҳои Душанбе, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд, ВМКБ, Рашт ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат карданд", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи олимпӣ таъкид намуд, ки варзишгарони дастаи Хатлон-1 маҳорати баланд нишон дода, бештари медалҳо, аз ҷумла 7 тилло, 9 нуқра ва 1 биринҷиро ба даст оварданд.

"Тими Душанбе сазовори 3 медали тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ гардид. ШНТМ - 2 тилло, як нуқра, 1 биринҷӣ, Рашт - 2 тилло, 1 биринҷӣ, ВМКБ - 1 тилло, 5 биринҷӣ, Суғд - 3 нуқра, 5 биринҷӣ ва Хатлон-2 як медали биринҷӣ ба даст оварданд", - илова намуд манбаъ.

17
Барчаспҳо:
медал, Кумитаи миллии олимпии ҶТ, мусобиқа, Тоҷикистон
Люди в защитных костюмах проводят церемонию погребения человека умершего от COVID-19

Шӯрои уламо фатвои мурдаҳои бе намози ҷаноза гӯронидаро дод

2888
Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳолати ба қабр гузоштани майит бидуни хондани намози ҷаноза мусалмонон чи кор карда метавонанд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik.  Шӯрои уламои Маркази  исломии Тоҷикистон дар посух ба суоли як корбараш гуфтааст, ки дар ҳолати гӯронидани мурдае бидуни хондани намози ҷаноза чи кор метавон кард.

Усмон ном корбаре аз уламои Маркази исломии Тоҷикистон пурсидааст: агар нафаре аз касалии гузаранду фавтад, бе хондани намози ҷаноза гӯрониданаш ҷоиз аст.

"Шахсе, ки аз ягон бемории гузаранда, яъне аз вабо вафот мекунад ва ӯро ҷаноза намекунанд, барои майит ягон зарар дорад?", - навиштааст вай.

Дар посух Шуро роҳи адои ин намозро дар ҳолати зикргардида нишон додаанд.

Ба гуфтаи улумои дин, он намозро метавон пас аз гӯронидан дар сари қабр адо кард.

"Намози ҷаноза яке аз он ҳуқуқе аст, ки майит бар зиммаи дигар мусулмонон дорад. Бинобар ин, касе, ки бидуни ҷаноза дафн шуда бошад, бар сари қабраш намози ҷанозаи ў хонда мешавад", - омадааст дар посухи онҳо.

Пештар сокинони Тоҷикистон изҳори нигаронӣ доштанд, нафарони дар пайи сироят аз коронавирус фавтидаро бе хондани намози ҷаноза ба қабр мегузоранд.

Ёдрас мешавем, Кумитаи дини Тоҷикистон бо нашри як иттилоия тафсилоти маросими дафни фавтидагон аз коронавирус - аз шустан то кафан кардану ҷаноза ва дар қабргузориро баён доштааст.

Намозҳои ҷаноза хатар доранд?: мақомоти Суғд аз сокинон хост дар намозҳо эҳтиёт намоянд

"Дини ислом дафн кардани шахси фавтидаро фарзи кифоя ҳукм кардааст, ки агар дар он чанд нафар иштирок кунанд, кофӣ аст. Бинобар ин, бо дарназардошти шароити кунунӣ намози ҷаноза дар назди қабристон ё ҷойҳои махсус бо иштироки теъдоди ками хешовандон ва дӯстони наздик хонда шавад, беҳтар аст. Тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дуо аз ҳар ҷо қабул мегардад. Бинобар ин, дигарон дар ҳаққи майит дуо кунанд, кифоя аст", - омадааст дар дастурамали кумита.

Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи шариат анҷом дода, дар масофаи на камтар аз 2 метр аз тобут меистад.

Муфтиёт дастурамал барои ҷаноза ва маросими дафни фавтидагон аз коронавирусро таҳия кард

 

2888