Дзюдо, архивное фото

Маҳмадбеков дар чемпионати Аврупо медали нуқра ба даст овард

121
(Таҷдидшуда 13:56 10.11.2020)
Паҳлавони тоҷик, ки дар Чемпионати Аврупо дар риштаи ҷудо Русияро намояндагӣ мекунад, мақоми дуюм ва медали нуқраро ба даст овард

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Маҳмадбек Маҳмадбеков, варзишгари тоҷик, дастпарвари клуби “Мори” дар чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасони то 23-сола, ки дар шаҳри Поречи Хорватия ҷараён дорад, соҳиби медали нуқра шуд.

Тибқи иттилои сомонаи телевизиони "Варзиш", Маҳмадбек Маҳмадбеков панҷ рақобат баргузор намуд, ки аз он дар чортоаш пирӯз омад. Маҳмадбеков рақибонаш аз Латвия, Испания, Исроил ва Нидерландияро шикаст дод.

Манбаъ таъкид кард, ки дар финал Маҳмадбеков аз варзишгари Ҷумҳурии Молдова - Виктор Стерп мағлуб шуд.

Маҳмадбек, бародари хурдии Сомон Маҳмадбеков мебошад, ки дар Тоҷикистону Русия бо дастовардҳои варзишияшон шинохта мебошанд.

Маҳмадбек Маҳмадбеков, устоди варзиши Русия оид ба ҷудо, ғолиб ва барандаи медали биринҷии Чемпионати Аврупо-2019, дорандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон-2019, ғолиби чандкарата ва барандаи Ҷоми Аврупо мебошад. Ӯ дар мактаби захираҳои олимпии шаҳри Иркутск таҳти роҳбарии бародарон Эргаш ва Фотеҳи Маҳмадбековҳо тамрин мекунад.

121
Глава парламента Таджикистана Рустам Эмомали

Интихоби президент ФФТ: Рустами Эмомалӣ меравад ва ё мемонад

203
(Таҷдидшуда 14:52 03.12.2020)
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки роҳбариашро раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бар ӯҳда дорад, аз нав интихобот баргузор мекунанд

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Дар бораи аз нав интихоб шудани президенти ФФТ сомонаи федератсия хабар додааст.

Гуфта мешавад, интихоботи президенти ФФТ дар Конфронси ҳисоботиву интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 16 декабр баргузор мешавад. 

Интизор меравад, ки конфронс дар маҷмааи "Кохи Наврӯз" доир шавад.

"Дар рӯзномаи Конфронс ҳафт масъала интихоби котибот, ҳисобот дар бораи фаъолияти ФФТ дар солҳои 2016-2019, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба низомномаи федератсия, интихоби президенти ФФТ ва муовинонаш, интихоби Кумитаи иҷроияи ФФТ баррасӣ хоҳад шуд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Ёдрас мешавем, феълан президентии федератсияро Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бар ӯҳда дорад.

Аз зӯрӣ ба довар то рафтори ғайриахлоқӣ: ҷазои 8 бозигар ва як директори бошгоҳ аз сӯи ФФТ

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин яке аз созмондиҳандагони дастаи футболи "Истиқлол" аст, ки соли 2007 ташкил шуда буд. Аз соли 2008-2010  дар ҳайати даста бозӣ мекард. Пас аз анҷоми бозӣ, аввал муовини раиси ФФТ ва сипас президенти ФФТ интихоб гардид.

Аз моҳи апрели соли 2019 Рустами Эмомалӣ президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аст.

203
Главный тренер команды «Истиклол» Виталий Левченко

Виталий Левченко беҳтарин мураббии футбол дар Тоҷикистон дониста шуд

37
(Таҷдидшуда 14:28 03.12.2020)
Шарики расмии Лигаи футболи Тоҷикистон Ширкати байналмилалии букмекерии “Parimatch” беҳтаринҳоро аз рӯи нишондиҳандаҳои инфиродӣ дар мавсими 2020-и Лигаи олӣ муайян кардааст

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Аз рӯи фарзияи "Parimatch" сармураббии дастаи  "Истиқлол"-и  Душанбе Виталий Левченко, ки дастаро дар ин мавсим чемпиони Лигаи олӣ намуд, беҳтарин мураббии Чемпионати Тоҷикистон эътироф гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, қаблан  ширкати байналмилалии букмекерии "Parimatch" бозингари дастаи футболи "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан Илҳом Баротовро беҳтарин футболбози мавсим ва дарвозабони дастаи футболи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе Рустам Ятимовро беҳтарин дарвозабон муайян карда буд.

Ҳамчунин муҳофизатгари украинии дастаи "Истиқлол" Алексей Ларин беҳтарин муҳофизатгар, бозингари шинохтаи  дастаи футболи  "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд Фатҳулло Фатҳуллоев беҳтарин ниммуҳофизатгар ва ҳамлавари дастаи футболи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе Манучеҳр Ҷалилов беҳтарин ҳамлавари Лигаи миллӣ аз рӯи фарзияи "Parimatch" дониста шуданд.

37
Барчаспҳо:
лигаи олӣ, сармураббӣ, истиқлол, беҳтарин, Футбол, Тоҷикистон
Сохтмони роҳ, акс аз бойгонӣ

Оғози сохтмони роҳи дорои 8 хати ҳаракат дар Душанбе бо пули Ҳинд

0
(Таҷдидшуда 14:55 03.12.2020)
Шаҳрдории Душанбе аз оғози сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут расман оғоз бахшида шуд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Ба иттилои шаҳрдорӣ, роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут тибқи нақша дар се марҳила бунёд мешавад.

“Марҳилаи аввал аз Дарвозаи Ғарбӣ то роҳи автомобилгарди Айнӣ, бо дарозии 4,2 километр марҳилаи дуюм аз роҳи автомобилгарди Айнӣ то роҳи автомобилгарди Шарора бо дарозии 3,2 км ва марҳилаи сеюм аз роҳи автомобилгарди Шарора то пайваст ба кӯчаи Раҳмон Набиеви маҳаллаи Чортут бо дарозии 1,88 км-ро дар бар мегирад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид намуд, ки паҳноии роҳ аз 40 метр иборат буда,  8 хати ҳаракат дар ду самт, пиёдароҳҳо, як адад пул дар болои канали калони Ҳисор ва як гузаргоҳи роҳи оҳан, 2 адад гардишҳои нақлиётӣ, чароғакҳои роҳнамо дар ду қитъа, аломатҳои бехатарии роҳ, хати кабудизор, дарахту буттаҳои ороишию сояафкан дар ду тараф унсурҳои асосии роҳро ташкил медиҳанд.

Зикр шудааст, ки иншоот дар доираи ҳамкориҳои судманди миёни Тоҷикистону Ҳиндустон бо харҷи 46,5 миллион доллари ИМА сохта мешавад.

Лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут” яке аз тарҳҳои самарабахши ҳамкорӣ байни шаҳрдорӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон маҳсуб меёбад, ки марҳилаи аавали он расман шуруъ гардид.

0
Барчаспҳо:
роҳ, сохтмон, Тоҷикистон