Футболисты национальной сборной Таджикистана после игры с ОАЭ

Сеюмин шикаст дар бозии дӯстона: Тоҷикистон аз мунтахаби АМА мағлуб шуд

152
(Таҷдидшуда 12:45 13.11.2020)
Бозии дӯстона миёни миллипӯшони Тоҷикистон ва мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб , ки дар варзишгоҳи "Забил"-и шаҳри Дубай баргузор гардид, бо пирӯзии мизбонон анҷом ёфт. Ин сеюмин шикасти тими Тоҷикистон, пас аз дастаи Ӯзбекистону Баҳрайн мебошад

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik.  Шоми 12 ноябр дар бозии дуюми дӯстона миллипӯшони Тоҷикистон аз тими Аморати Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 3:2 мағлуб гардид, хабар медиҳад ФФТ.

Дар аввал футболбозони тоҷик  то дақиқаи 20-ум бо голҳои задаи Давронҷон Эргашев ва Комрон Турсунов ба пеш баромаданд, аммо дар идомаи рақобат тавассути ду голи Алӣ Аҳмад Мабхут ҳисоб баробар шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар дақиқаи 4-уми иловагӣ мизбонон аз як фурсат истифода намуда, натиҷаро 3:2 карданд.

Муаллифи гол  Алӣ Солеҳ шуд. Ҳамин тариқ, ҷамъомади таълимиву тамриниии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар моҳи ноябр ба поён расид.

Ёдовар  мешавем, ки  7 ноябр дар шаҳри Дубайи АМА бозии рафиқонаи дастаҳои  мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Баҳрайн баргузор шуд.

Ҷамъбасти чемпионати ҷумҳурӣ миёни собиқадорон: “Ромис-Испечак” пирӯз шуд

Вохӯрӣ бо рақобати баробари дастаҳо сурат гирифта,  дастаи мунтахаби Баҳрайн бо ҳисоби минималии 1:0 ғолиб омад. Голи ягонаро Муҳаммад Саъд Ал-Ромайҳӣ дар охири нимаи аввал зад.

Хотиррасон  мешавем, ки  моҳи  сентябри соли равон дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нахустин бозии расмии худ дар доираи бозии дӯстона дар сафар аз дастаи мунтахаби Ӯзбекистон мағлуб шуд.

Вохӯрии ин дастаҳо дар варзишгоҳи "Локомотив"-и шаҳри Тошканд сурат гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт.

152
Барчаспҳо:
шикаст, Футбол, Тоҷикистон, АМА

Дастпарвари футболи тоҷик беҳтарин мураббии моҳ дар Премер Лигаи Русия дониста шуд

157
(Таҷдидшуда 21:26 03.12.2020)
Зодаи Тоҷикистон, мураббии футбол Игор Черевченко дубора дар садри рейтинги Премер Лигаи Русия қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Зодаи Тоҷикистон Игор Черевченко беҳтарин мураббии моҳи ноябр дар Премер Лигаи Русия эътироф шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин созмон дар Twitter.

Мухлисон, мутахассисони Премер Лигаи Русия ва ҳамзамон шабакаи телевизионии MATCH якдилона ӯро беҳтарин номиданд.

Ёдовар мешавем, Черевченко барои кор бо тими футболи "Химки" даъват карда шуд. Таъиноти ӯ ба ҳайси мураббӣ рӯзи 25-уми сентябр тасдиқ шуд.

Давоми моҳи ноябр ба мураббӣ муяссар шуд, ки бо Рубин (2: 0), Уфа (2: 1) ва Краснодар (1: 0) се бозиро бо ғалаба анҷом диҳад.

Даспарварони Черевченко танҳо як бозиро бо тими "Зенит" (2:0) бохтанд.

Черевченко 46-сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи "Помир"-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.

Cобиқ футболбози тими миллии Тоҷикистон, сармураббии “Химки” шуд

Номбурда тавонист ҳам дар тими мунтахаби кишвар ва ҳам дар бошгоҳҳои футболи Русия бозӣ кунад.

Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои "Локомотив"-и Маскав, "Балтика"-и Калининград ва "Арсенал" -и Тула фаъолият кардааст.

157
Барчаспҳо:
беҳтарин, Сармураббӣ, футбол, Русия
Бадминтон, архивное фото

Пирӯзии тими Хатлон-1 дар мусобиқаи ҷумҳуриявии бадминтон

23
(Таҷдидшуда 21:28 03.12.2020)
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз анҷоми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи бадминтон хабар додааст

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, зимни сабқатҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе аз ҳама зиёд варзишгарони тими Хатлон-1 медал гирифтанд.

Манбаъ аз қавли Федератсияи бадминтони Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки мусобиқа миёни наврасон дар се синну сол байни духтарону писарон, 12-13-сола, 14-15-сола, 16-17-сола баргузор шуд.

"Дар мусобиқа беш аз 100 варзишгар дар ҳайати дастаҳои Душанбе, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд, ВМКБ, Рашт ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат карданд", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи олимпӣ таъкид намуд, ки варзишгарони дастаи Хатлон-1 маҳорати баланд нишон дода, бештари медалҳо, аз ҷумла 7 тилло, 9 нуқра ва 1 биринҷиро ба даст оварданд.

"Тими Душанбе сазовори 3 медали тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ гардид. ШНТМ - 2 тилло, як нуқра, 1 биринҷӣ, Рашт - 2 тилло, 1 биринҷӣ, ВМКБ - 1 тилло, 5 биринҷӣ, Суғд - 3 нуқра, 5 биринҷӣ ва Хатлон-2 як медали биринҷӣ ба даст оварданд", - илова намуд манбаъ.

23
Барчаспҳо:
медал, Кумитаи миллии олимпии ҶТ, мусобиқа, Тоҷикистон
Здание МИД России, архивное фото

ВКХ боздошти хабарнигорони Sputnik ва Baltnews дар Латвияро шадидан маҳкум кард

0
(Таҷдидшуда 14:01 04.12.2020)
Тибқи изҳороти вазорат, ҳамчунин фишор алайҳи рӯзноманигорони русзабони оҷонсии иттилоотии Baltnews ва як қатор ходимони ҷамъиятии Латвия сурат гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Русия амалкарди мақомоти Латвияро нисбат ба рӯзноманигорони русзабони пойгоҳҳои хабарии Baltnews ва Sputnik Латвия, ки кофтуков карда шуданд, шадидан маҳкум кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Қаблан Sputnik хабар дода буд, ки кормандони ин расонаҳо тибқи моддаи 84 Қонуни ҷиноии Латвия - нақзи низоми таҳримоти Иттиҳоди аврупо айбдор карда мешаванд. Пас аз бозпурсӣ онҳо уҳдадории хаттӣ гирифтанд, ки ин маконро тарк накунанд.

Гуфта мешавад, онҳоро ҷазои ҷаримаи пулӣ то ҳабс таҳдид мекунад

“Мо амалҳои таҷовузкоронаи Хадамоти Амнияти Давлатии Латвияро, ки рӯзи 3 декабр алайҳи кормандони бюрои Спутник дар Рига ва рӯзноманигорони русзабон сурат гирифт, ҳамчун намунаи ошкорои вайрон кардани пояҳои ҷомеаи демократӣ - озодии ВАО ва баён медонем. Хотиррасон бояд кард, ки рӯзноманигорон мавриди боздошт, бозпурсӣ ва кофтукоб сурат гирифта, нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз карда шудаанд “, - омадааст дар изҳороти расмии Вазорати корҳои хориҷӣ.

Ба иттилои манбаъ, иттиҳоми вайрон кардани низоми таҳримоти ИА аз ҷониби коргарон Sputnik Латвия комилан ғайриқобили қабул аст. "Ин маҳдудиятҳо хусусияти шахсӣ доранд, шахсан ба директори генералии МИА "Россия сегодня" Дмитрий Киселев рабт дорад ва татбиқи он ба ҳама нафароне, ки бо  медиахолдинг ҳамкорӣ мекунанд дахл надорад", - гуфтааст, ВКХ.

Тибқи изҳороти вазорат, ҳамчунин фишор алайҳи рӯзноманигорони русзабони оҷонсии иттилоотии Baltnews ва як қатор ходимони ҷамъиятии Латвия сурат гирифтааст.

“Ҳамаи ин як амали воқеии ҷазоест, ки шубҳаро ба оқибатҳои русҳаросӣ айбҳои сохта боқӣ намемонад. Ин масъала дар ҷаласаи Шӯрои вазирони САҲА матраҳ хоҳад шуд ",- гуфта мешавад дар паём.

"Озодии сухан дар Эстония - таҳдид ба ВАО" Черишева дар бораи вазъи Sputnik Эстония

Вазорат изҳори умедворӣ кард, ки намояндаи нави САҲА оид ба озодии ВАО ба ин рӯйдодҳо сарфи назар намекунад ва ба Латвия "ғайри қобили қабул будани чунин ҳамлаҳо" –ро нисбат ба ВАО, инчунин "зарурати иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти таъмини озодии сухан" -ро қайд мекунад.

Дар навбати худ, сармуҳаррири аршади МИА “Россия Сегодня” ва RT Маргарита Симонян дар канали Telegram-и худ изҳори умедворӣ кард, ки Русия ба таъқиби ҷиноии кормандони Baltnews ва Sputnik Латвия посух хоҳад дод.

Ёдовар мешавем, чунин вазъият соли гузашта дар Эстония низ рух дода буд.

Роҳбарияти полис ва идораи марзбонии кишвар кормандони Sputnik Эстонияро таҳдид карданд, ки дар сурати қатъ накардани кор дар хабаргузории байналмилалӣ алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз мекунанд.

Ин амалҳо бо таҳримҳои ИА аз 17 марти соли 2014 алайҳи як қатор шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ шарҳ дода шуданд.

Лавров дар бораи Sputnik Эстония: ин боз як доғи дигар ба обрӯи Иттиҳоди Аврупост

Аммо, маҳдудиятҳои ИА на ба МИА “Россия Сегодня”, ки Sputnik шомил он аст, балки шахсан алайҳи директори генералии агентӣ Дмитрий Киселев нигаронида шудааст.

0
Барчаспҳо:
хабарнигорон, боздошт, изҳорот, Вазорати корҳои хориҷии ФР, Латвия, Русия