Дзюдо, архивное фото

Аз пирӯзии Маҷидовҳо то Қаландарова: беҳтарин ҷудокорони Тоҷикистон дақиқ шуданд-видео

214
(Таҷдидшуда 13:41 16.11.2020)
Мусобиқаи Қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон дар соли 2020 беҳтаринҳои ин намуди варзишро аз рӯи ҳафт вазн маълум кард 

ДУШАНБЕ, 16 Ноябр - Sputnik. Ин мусобиқа тайи ду рӯз аз 13 то 15-уми ноябр дар Қасри тенниси ва маҷмааи обии Душанбе бидуни ҳузури тамошобинон доир гашт.

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон гуфт, дар ин мусобиқот имсол бештар аз 200 варзишгар аз саросари кишвар дар ҳайати 7 даста – Душанбе, Душанбе-1, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд, Бадахшон, Рашт ва ШНТМ иштирок карданд.

Ба иттилои манбаъ ҳамзамон, соли ҷорӣ  бори нахуст дар кишвар миёни бонувони ҷудокор низ рақобатҳо доир гашт.

Ба иттилои манбаъ, бештари медалҳоро варзишгарони дастаи Душанбе ба даст оварданд – 27 (8 тилло, 8 нуқра, 11 биринҷӣ), ШНТМ як тиллову як биринҷӣ, Хатлон-2 як тилло, Душанбе-1 як нуқраву ду биринҷӣ, Бадахшон як нуқраву як биринҷӣ, Суғд ду биринҷӣ, Хатлон-1 ва Рашт яктоӣ медали биринҷиро сазовор гардиданд.

Қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон бо чунин натоиҷ хотима ёфт:

Вазни -60 кг:

1. Абумуслим Қаюмзода (Душанбе)

2. Сарвар Абдушукуров (Душанбе)

3. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (Душанбе-1)

3. Саъдӣ Собирзода (Душанбе)

Вазни -66 кг:

1. Баҳром Сӯфиев (Хатлон-2)

2. Муҳаммадисо Раҷабов (Душанбе)

3. Масъуди Аҳмадзод (Душанбе)

3. Фурқат Муборакқадамов (ВМКБ)


Вазни -73 кг:

1. Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (Душанбе)

2. Қоим Шукронов (ВМКБ)

3. Муҳаммадиқбол Тошев (Суғд)

3. Алӣ Боқиев (Хатлон-1)


Вазни -81 кг:

1. Ҳақназар Назаров (ШНТМ)

2. Оламафрӯз Абдураҳмонов (Душанбе)

3. Ҳамроз Раҷабов (Суғд)

3. Умар Расулов (ШНТМ)


Вазни -90 кг:

1. Ҷаҳонгир Маҷидов (Душанбе)

2. Комрон Карликов (Душанбе)

3. Исроил Раҳимов (Душанбе-1)

3. Сабрулло Ҳикматуллоев (Душанбе)


Вазни -100 кг:

1. Фирдавс Насимов (Душанбе)

2. Носир Шерхонов (Душанбе)

3. Мансур Раҳмон (Душанбе)

3. Эмомризо Анварзода (Душанбе)


Вазни +100 кг:

1. Хуршед Маҷидов (Душанбе)

2. Толибҷон Тоҳиров (Душанбе)

3. Бобоҷон Бобоев (Душанбе)

3. Умед Камолов (Душанбе)

Ғолибони Қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба ҷудо-2020 миёни бонувон:

 

Вазни-57кг

1. Аҳлия Муъминова (Душанбе)

2. Шукрона Қарчиева (Душанбе)

3. Ватансултон Шакаршоева (Душанбе)

3. Ҷаннатхон Қурбоналиева (Душанбе)

Вазни-70кг

1. Шоҳида Қаландарова (Душанбе)

2. Фазилат Гулбоева (Душанбе)

3. Гулафзо Гулова (Душанбе)

3. Мавлуда Одинаева (Душанбе)

214

Маълум шуд, ки Майк Тайсон ва Рой Ҷонс дар муҳорибаи ахирашон чандпулӣ гирифтанд

139
(Таҷдидшуда 15:51 01.12.2020)
Маълум шуд, ки нобиғаҳои бокси ҷаҳон Майк Тайсон ва Рой Ҷонс барои баргузории муборизаи ахирашон чӣ қадар маблағ гирифтанд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Бино ба иттилои Комиссияи Атлетикии Калифорния, ки дар сафҳаи Твиттерияш нашр кард, ситораҳои ҷаҳонии бокс маблағи баробар мегиранд.

Ба иттилои манбаъ, пардохтҳо барои муҳориба пардохти бидуни тарҳ аз фурӯши пахши барномаҳои пулакӣ ва таблиғ ба ҳарду варзишгар 1 миллион долларӣ расидааст.

Ноибтғаи бокс, Майк Тайсон охири моҳи апрел аз бозгашти дубораи худ пас аз 15 сол ба майдони муҳориба эълон карда буд.

Ахиран 29 ноябр Дар Лос-Анҷелес муҳорибаи миёни ду муштзани машҳури ҷаҳон доир шуд. Майк Тайсон ба рақиби ҷавонтараш тавоноии худро пурра нишон дод, аммо ҳайати доварон эълон карданд, ки муҳориба бидуни ғолиб анҷом ёфт.

Ситораи ҷаҳониии бокс, Майк Тайсон охири моҳи апрели соли ҷорӣ аз бозгашти дубораи худ пас аз 15 сол ба майдони муҳориба эълон карда буд.

Ин варзишкори машҳур дар замони фаъолияти касбияш 50 муҳорибаро бурда, 44 рақобатро ба таври нокаут ба анҷом расонидааст. Ӯ ҳамчунин 6 рақобатро бохтааст. 

Гузашта аз ин боз ду набардӣ ӯ беэътибор дониста шуда буд.

Охирин баромади ӯ дар майдони бокс санаи 11-ми июли соли 2005 бо муштзани ирландӣ Кевин Макбрайди буд.

Рой Ҷонси хурдӣ 50 сол дошта, собиқ қаҳрамони ҷаҳон дар панҷ категорияи вазнӣ буд, карераи варзишиашро соли 2018 ҷамъбаст карда буд.

Натиҷаи баҳсбарангез: муҳорибаи Майк Тайсон ва Рой Джонс бидуни ғолиб анҷом ёфт

Номбурда дар умум 66 маротиба дар мадони бокс ғолиб омада, 47 тоашро бо нокаут анҷом дода, ду бохт низ дорад.

139
Барчаспҳо:
маблағи пулӣ, муҳориба, муштзанӣ, Майк Тайсон

Русия Майк Тайсонро ба Маскав даъват карданист

136
(Таҷдидшуда 14:38 29.11.2020)
Федератсияи бокси Русия мехоҳад ба Майк Тайсон ва Рой Ҷонсон пешниҳод кунад, ки дар соли 2021 як муҳорибаи такрорӣ дар Маскав баргузор кунанд

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Федератсияи бокси Русия нақшаи пешниҳоди  баргузории муҳорибаи такрории Майк Тайсон ва Рой Ҷонсонро дар Маскав дар соли 2021 дорад.

"Офарин, муҳориба хело шавқовар буд. Ҳарду ҳам ба сину соли худ нигоҳ накарда, хело хуб омода шуда буданд. Бояд реванш пешниҳод кард, ки дар Маскав дар соли 2021 баргузор шавад. Бо онҳо баррасӣ хоҳем кард, ки дар Рӯзи бокс баргузор кунем", - гуфтааст котиби кулли Федератсияи бокси Русия Умар Кремлёв.

Хотиррасон мешавем, ки Рӯзи бокс 22 июл таҷлил карда мешавад.

Имрӯз, 29 ноябр Тайсон ва Ҷонс дар Лос-Анҷелес муҳорибаи намоишии ҳаштдавра бо тартиботи вижа, ки мусовӣ ба поён расид, баргузор карданд.

Муҳориба дар саҳнаи варзишии "Стэйплс-центр" баргузор гардид. Варзишкорон дар ҳашт давра қувваозмоӣ карданд. Аммо нафаре аз онҳо дигареро мағлуб карда натавонист.

Тайсон ва Ҷонс ҳарду ҳам ситораиҳои олами бокс мебошанд. Бештар аз 50 муҳориба кардаанд ва Қаҳрамони мутлақи бокс дар ҷаҳон мебошанд.

Натиҷаи баҳсбарангез: муҳорибаи Майк Тайсон ва Рой Джонс бидуни ғолиб анҷом ёфт

Тайсон 54 сол дорад, ӯ дар 58 муҳориба иштирок карда, 50 маротиба пирӯз шудааст (дар 44 муҳориба ҳарифашро "нокаут" кардааст), шаш маротиба мағлуб гаштаву, ду муҳорибааш баргузорношуда эътироф гаштаанд. Ҷонсон 51 сол дорад ва соли 2018 тарки майдон карда буд.

136
Барчаспҳо:
даъват, Маскав, Майк Тайсон, Русия
Фрагмент мечети Юсуфа Хамадани (XVI в.) в древнем городе Мерве, Туркменистан

Дари масоҷид дар Туркманистон ҳамоно баста мемонад

0
(Таҷдидшуда 15:11 01.12.2020)
Ба хотири пешгирӣ аз густариши ҳамагирии коронавирус дар Туркманистон дари масоҷид то 1 январи соли 2021 баст боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар Туркманистон, ки то ҳол расман вируси корона ба қайд гирифта нушадааст, дари масҷидҳо ва зиёратгоҳҳо "то охири сол" бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ "баста хоҳад буд", - менависад торномаи "Туркменпортал" бо истинод ба муфтиёти кишвар.

"Маҳдудиятҳо барои масҷидҳо ва зиёратгоҳҳои Туркманистон, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷорӣ карда шудаанд, то 1 январи соли 2021 тамдид карда мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамзамон дар масҷидҳо ҳар рӯз панҷ маротиба азон садо дода, мусалмононро барои адои намоз даъват мекунад.

Манбаъ таъкид мекунад, ки "ин чораҳо тибқи қарори Комиссияи Фавқулодаи Туркманистон оид ба мубориза бо бемориҳо аз 26 августи соли 2020 андешида шудаанд".

Масҷидҳо ва зиёратгоҳҳои Туркманистон ҳанӯз рӯзи 13 июл баста шуданд.

Тибқи гузориши ҳукумат, дар Туркманистон ягон ҳолати COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон, дар кишвар пӯшидани ниқоб ҷорӣ шуда ва як қатор маҳдудиятҳо, аз ҷумла барои муассисаҳои динӣ ҷорӣ карда шудаанд.

0
Барчаспҳо:
вируси корона, маҳдудият, бастан, баста, масҷид, масҷид, Туркманистон