Таджикский боксер Мехрубон Сангинов, архивное фото

Боз пирӯзӣ: Меҳрубон Сангинов рақиби амрикоияшро аз пой афтонд

691
(Таҷдидшуда 13:39 21.11.2020)
Варзишкори шикастнодидаи тоҷик Меҳрубон Сангинов дар рақобати муштзанӣ дар Флорида рақиби таҷрибадорашро мағлуб кард

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Шаби гузашта дар доираи сабқати M&R Boxing Promotions, мусобиқаи муштзанӣ баргузор шуд, ки дар он Меҳрубон Сангинов бо рақиби худ аз ИМА Клеотис Пендарвис ба майдон баромад.

Сабқат дар Флорида баргузор шуд: видеои мусобиқа дар торномаи расмии мусобиқа нашр шудааст.

Ин рақобат мушкил шуморида мешуд: Сангинов дар таҷрибаи варзишиаш 8 пирӯзӣ ва рақиби таҷрибадораш 12 пирӯзӣ дорад. Вале дар қиёс бо варзишкори амрикоӣ Сангинов боре ҳам мағлуб нашудааст.

Пирӯзӣ ваъда кардам: ғалабаи дигари муштзани шикастнадидаи тоҷик дар Мексика-акс

Сабқати муштзанӣ оромона оғоз шуд: варзишгарон дар оғоз ҳамдигарро омӯхтанд. Варзишкори амрикоӣ манёвр мекард.

Дар бахши дуюм Пендарвис кӯшиш кард рақибашро идора кунад вале нишонҳояш ба ҳадаф намерасид. Вале ба Сангинов даст медод, муштҳои нишонрас бизанад, рақибаш бо клинч посух медод.

Бахши сеюм рақобатро ҷо ба ҷо гузошт. Сангинов се маротиба рақибашро аз пой афтонд ва пас аз чандин муштҳои пайдарҳам гурӯҳи рақибаш қарор кард, ки аз идомаи рақобат даст кашад.

Ҳамин тавр, Меҳрубон Сангинов бо нокаути техникӣ бар рақибаш Клеотис Пендарвис пирӯз шуд.

691
Барчаспҳо:
рақиб, нокаут, муштзанӣ, ИМА
Лионел Мессӣ, футболбози аргентинӣ, акс аз бойгонӣ

Эълони номзадҳо ба беҳтарин футболбоз, дарвозабон ва мураббии соли 2020

106
(Таҷдидшуда 15:56 25.11.2020)
Федератсияи байналмилалии футбол, ФИФА дар сомонаи расмиаш номзадони беҳтарин футболбоз, дарвозабон ва мураббии соли 2020-ро барои соҳиб шудан ба ҷоизаи The Best эълон кард

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Номзадон дар бахши Ҷоизаи “Беҳтарин бозигар” Тиаго Алкантара (“Бавария”/ “Ливерпул”), Криштиану Роналду (“Ювентус”), Кевин де Брюйне (“Манчестер Сити”), Роберт Левандовски (“Бавария”), Садйо Мане (“Ливерпул”) мебошанд.

Ба иттилои сомонаи “Варзиш”, дар ин бахш инчунин Килиан Мбаппе (“ПСЖ”), Лионел Месси (“Барселона”), Неймар (“ПСЖ”), Серхио Рамос (“Реал”), Муҳаммад Салоҳ (“Ливерпул”), Вирҷил ван Дейк (“Ливерпул”) номзад шудаанд.

Дар риштаи ҷоизаи “Беҳтарин дарвозабон” номзадҳо Алиссон (“Ливерпул”), Тибо Куртуа (“Реал”), Кейлор Навас (“ПСЖ”), Мануэл Нойер (“Бавария”), Ян Облак (“Атлетико”), Марк-Андре тер Стеген (“Барселона”) мебошанд.

Барои ҷоизаи “Беҳтарин мураббӣ”  Марсело Бқелса (Аргентина / “Лидс Юнайтед”), Ханс-Дитер Флик (Олмон / “Бавария Мюнхен”), Юрген Клопп (Олмон / “Ливерпул”), Хулен Лопетеги (Испания / “Севиля”), Зинедин Зидан (Фаронса / “Реал Мадрид”) сабқат мекунанд.  

Манбаъ афзуд, маросими ҷоизасупории беҳтарин футболбози сол,  рӯзи 17 декабр баргузор мешавад, дар робита бо пандемияи коронавирусӣ, чорабини мазкур онлайн дар шакли виртуалӣ баргузор мешавад.

106
Барчаспҳо:
Футбол, ҷаҳон

Дана Уайт: Ман ҳанӯз шарт мебандам, ки Ҳабиб рекорди 30:0 мегузорад. Инро падараш мехост

392
(Таҷдидшуда 18:12 22.11.2020)
Президенти UFC Дана Уайт эълони қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадовро, ки гуфт ҳама имконот барои бозгашти дубора ба майдонро рад кард, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 22 ноя - Sputnik. Президенти UFC гуфтааст, минбаъд низ ба он боварӣ дорад, ки Ҳабиб бармегардад ва рекорди 30-0 сабт мекунад, ҳамон тавре ки падараш мехост.

"Ҳабиб бо Гетҷи охирин муборизаи хеле эҳсосотӣ дошт, аз ин рӯ ман ба бозгашти ӯ боварӣ дорам", - гуфтааст, Уайт.

Ӯ гуфтааст, дар ин масъала ҳоло ҳеҷ чиз ҳал нашудааст, аммо ба рушди ҳаводис нигариста шарт мебандад, ки Ҳабиб бармегардад.

"Ки рақиби ӯ хоҳад буд? Ин метавонад на танҳо Сен-Пейр бошад. Конор ва Порйе мубориза мебаранд, ҳамзамон Фергюсон ва Чандлер низ ҳастанд...",- гуфтааст Дана Уайт.

Номбурда гуфт, ҳоло интизор мешавем, ки Ҳабиб ин таваққуфро то кай нигоҳ дошта метавонад. Агар ӯ қарор диҳад, ки баргардад ва ин корро бикунад, пас ин бачаҳо омодаанд бо ӯ мубориза баранд, гуфт президенти UFC.

Санаи рақобати дуввуми собиқ ҳарифони Ҳабиб - Конор ва Порйе дақиқ шуд

Ёдовар мешавем, Нурмуҳаммадов дар пайи пирӯзӣ бар Ҷастин Гетҷи, бо 29 ғалаба ва бидуни шикаст изҳор дошт, ки фаъолияти касбияшро хотима медиҳад.

392
Барчаспҳо:
бозгашт, муҳорибаи омехта, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC
Медицинские работники в инфекционной больнице

Аз 12 ҳазор гузашт: омори тозаи сироят аз COVID - 19 дар Тоҷикистон

0
(Таҷдидшуда 18:51 25.11.2020)
Дар Тоҷикистон шумораи умумии гирифторони бемории коронавируси навъи COVID-19 марзи 12 ҳазорро убур кард

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 37 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар шумораи гирифторони ин беморӣ дар кишвар ба 12008 нафар баробар гардид.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамзамон, дар давоми 24 соати охир 40 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон ба 11395 (94,9%) нафар баробар гардид.

Коронавирус нишасти G20 - ро сироят кард. Вале Ғарб ваксинаи Русияро тоқат надорад

 "Аз аввали ҳамагирӣ то кунун бар асари ин беморӣ  86 нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Ҳамчунин ин ниҳод аз мардум даъват мекунад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

0
Барчаспҳо:
маризӣ, сироят, беморӣ, вируси корона, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон