Дана Уайт: Ман ҳанӯз шарт мебандам, ки Ҳабиб рекорди 30:0 мегузорад. Инро падараш мехост

412
(Таҷдидшуда 18:12 22.11.2020)
Президенти UFC Дана Уайт эълони қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадовро, ки гуфт ҳама имконот барои бозгашти дубора ба майдонро рад кард, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 22 ноя - Sputnik. Президенти UFC гуфтааст, минбаъд низ ба он боварӣ дорад, ки Ҳабиб бармегардад ва рекорди 30-0 сабт мекунад, ҳамон тавре ки падараш мехост.

"Ҳабиб бо Гетҷи охирин муборизаи хеле эҳсосотӣ дошт, аз ин рӯ ман ба бозгашти ӯ боварӣ дорам", - гуфтааст, Уайт.

Ӯ гуфтааст, дар ин масъала ҳоло ҳеҷ чиз ҳал нашудааст, аммо ба рушди ҳаводис нигариста шарт мебандад, ки Ҳабиб бармегардад.

"Ки рақиби ӯ хоҳад буд? Ин метавонад на танҳо Сен-Пейр бошад. Конор ва Порйе мубориза мебаранд, ҳамзамон Фергюсон ва Чандлер низ ҳастанд...",- гуфтааст Дана Уайт.

Номбурда гуфт, ҳоло интизор мешавем, ки Ҳабиб ин таваққуфро то кай нигоҳ дошта метавонад. Агар ӯ қарор диҳад, ки баргардад ва ин корро бикунад, пас ин бачаҳо омодаанд бо ӯ мубориза баранд, гуфт президенти UFC.

Санаи рақобати дуввуми собиқ ҳарифони Ҳабиб - Конор ва Порйе дақиқ шуд

Ёдовар мешавем, Нурмуҳаммадов дар пайи пирӯзӣ бар Ҷастин Гетҷи, бо 29 ғалаба ва бидуни шикаст изҳор дошт, ки фаъолияти касбияшро хотима медиҳад.

412
Барчаспҳо:
бозгашт, муҳорибаи омехта, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC

Русия Майк Тайсонро ба Маскав даъват карданист

127
(Таҷдидшуда 14:38 29.11.2020)
Федератсияи бокси Русия мехоҳад ба Майк Тайсон ва Рой Ҷонсон пешниҳод кунад, ки дар соли 2021 як муҳорибаи такрорӣ дар Маскав баргузор кунанд

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Федератсияи бокси Русия нақшаи пешниҳоди  баргузории муҳорибаи такрории Майк Тайсон ва Рой Ҷонсонро дар Маскав дар соли 2021 дорад.

"Офарин, муҳориба хело шавқовар буд. Ҳарду ҳам ба сину соли худ нигоҳ накарда, хело хуб омода шуда буданд. Бояд реванш пешниҳод кард, ки дар Маскав дар соли 2021 баргузор шавад. Бо онҳо баррасӣ хоҳем кард, ки дар Рӯзи бокс баргузор кунем", - гуфтааст котиби кулли Федератсияи бокси Русия Умар Кремлёв.

Хотиррасон мешавем, ки Рӯзи бокс 22 июл таҷлил карда мешавад.

Имрӯз, 29 ноябр Тайсон ва Ҷонс дар Лос-Анҷелес муҳорибаи намоишии ҳаштдавра бо тартиботи вижа, ки мусовӣ ба поён расид, баргузор карданд.

Муҳориба дар саҳнаи варзишии "Стэйплс-центр" баргузор гардид. Варзишкорон дар ҳашт давра қувваозмоӣ карданд. Аммо нафаре аз онҳо дигареро мағлуб карда натавонист.

Тайсон ва Ҷонс ҳарду ҳам ситораиҳои олами бокс мебошанд. Бештар аз 50 муҳориба кардаанд ва Қаҳрамони мутлақи бокс дар ҷаҳон мебошанд.

Натиҷаи баҳсбарангез: муҳорибаи Майк Тайсон ва Рой Джонс бидуни ғолиб анҷом ёфт

Тайсон 54 сол дорад, ӯ дар 58 муҳориба иштирок карда, 50 маротиба пирӯз шудааст (дар 44 муҳориба ҳарифашро "нокаут" кардааст), шаш маротиба мағлуб гаштаву, ду муҳорибааш баргузорношуда эътироф гаштаанд. Ҷонсон 51 сол дорад ва соли 2018 тарки майдон карда буд.

127
Барчаспҳо:
даъват, Маскав, Майк Тайсон, Русия
Логотип ФИФА, архивное фото.

Тоҷикистон дар рейтинги FIFA як зина боло рафт

139
(Таҷдидшуда 15:08 29.11.2020)
Созмони ҷаҳонии футбол (FIFA) рейтинги нави дастаҳои аъзояшро нашр кард, ки дар он дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз мавқеи 122-юм як зина боло рафта, дар ҷойи 121-ум қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Тими миллии Гвинея Бисау дар ин рейтинг аз Тоҷикистон пештар ҷой гирифтааст, аммо дастаи Қазоқистон баъди Тоҷикистон дар ин феҳраст қарор гирифтааст.

FIFA эълон кардааст, ки Тоҷикистон аз моҳи гузашта панҷ имтиёзро аз даст додааст ва холҳояш ба 1143 расидааст.

Дар рейтинг чун моҳи пеш дастаи мунтахаби Белжик бо 1780 имтиёз пешсаф аст.

Зинаи дуюмро Фаронса (1755) ва сеюмро Бразилия (1743) аз худ кардаанд. Дастаи мунтахаби Англия дар зинаи чорум аст. Ба даҳгонаи тимҳо Портуғол, Испониё, Оржентин, Уругвай,  Мексико ва Итолиё ворид шуданд.

Аз дастаҳои осиёӣ Ҷопон пешсаф аст, ки бо 1502 имтиёз дар зинаи 27-ум ҷой гирифтааст. Аз дастаҳои собиқ Шӯравӣ Украина имтиёзи бештар дорад (1528) ва  дар ҷойи 24-юм аст.

Дастаи мунтахаби Русия баъд аз шикасти бузург аз Сербистон (0:5) панҷ зина поён рафта, аз зинаи 34-ум ба 39 кӯч кардааст.

139
Барчаспҳо:
ФИФА, мавқеъ, мунтахаб, даста, рейтинг, Тоҷикистон
Кандидат в президенты США Джо Байден

Пойи Байден аз ду ҷо шикаст: бо ӯ чӣ шуд?

83
(Таҷдидшуда 11:57 30.11.2020)
Ҷо Байден номзад ба президентии Амрико аснои бозӣ кардан бо саг, лағжида афтидаст, ки дар натиҷа пояш аз ду ҷо шикаст

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Ҷо Байден бо сагаш бозӣ карда лағжидаст, ки дар натиҷа пойи ӯ аз ду ҷо шикаст хӯрдаст, хабар медиҳад РИА новости бо такя ба расонаҳои амрикоӣ.

"Ташхиси компютерӣ нишон додааст, ки пойи Ҷо Байден дар ду ҷой шикасти сабук хӯрдаст, - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, ҳоло барои барқарор шудани устухони пояш, Байден бояд муддати чанд вақт пойафзоли махсус пӯшад.

Манбаъ меафзояд, ҳодисаи мазкур ҳанӯз рӯзи шанбе иттифоқ афтод. Он замон, пизишк пас аз муоинаи пойи Байден ягон зарбаи ҷиддӣ, аз ҷумла шикастро пайдо накард.

Рекорди Ҷо Байден дар интихоботҳои президентии ИМА: ӯ гуфт чаро президент шуд

Вале баъдан ҳангоми гузаштан аз ташхиси комилтар, муайян шуд, ки пойи Ҷо Байден аз ду ҷо шикаст хӯрдааст.

Ёдовар мешавем, маъракаи интихоботӣ дар Амрико ҳарчанд 3 ноябр баргузор шуд, вале то ҳол натиҷаи ниҳоии интихобот эълон нашудааст. Ба ҳар сурат, расонаҳои амрикоӣ аз пирӯз шудани Ҷо Байден хабар медиҳанд.

83