Хабиб Нурмагомедов, боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе

"Кепка бо акси Масъуд": туҳфаи тоҷикон ва ваъдаи Ҳабиб барои як мусобиқа дар Душанбе-видео

3084
(Таҷдидшуда 15:28 04.12.2020)
Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони UFC дар вазни сабук зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, ки ният дорад дар Тоҷикистон мусобиқа баргузор кунад

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов изҳор доштааст, ки мехоҳад дар Душанбе як мусобиқаи калон баргузор кунад, чун ҳаводорони ин намуд варзиш дар Тоҷикистон ниҳоят зиёданд.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар як нишасти матбуотӣ дар мавриди нақшаҳои минбаъдаи худ дар ояндаи наздик ибрози назар кард.

Талоши Ҳабиб барои ворид кардани набардҳои ММА ба барномаи бозиҳои тобистонаи Олимпӣ

Дар ҷараёни нишасти хабарӣ, аз Ҳабиб пурсида шуд, ки нияти дар Тоҷикистон баргузор кардани мусобиқаро дорад ё хайр, ҷавоби мусбат дода шуд.

"Бале, мо чунин ният дорем. Зеро он ҷо теъдоди ҳаводорони ин намуд варзиш зиёд буда, ҳамзамон размикорони тайёр низ ҳаст, ки тавони гирд овардани шумораи зиёди тамошобинонро доранд", - тавзеҳ дод Нурмуҳаммадов.

Размикори доғистонӣ илова намуд, ки соли оянда ҳатман як мусобиқа дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар фарҷом аз номи мухлисони тоҷик ба Ҳабиб сарпӯше бо тасвири Аҳмадшоҳи Масъуд ҳадя карда шуд.

3084
Барчаспҳо:
навор, Душанбе, мусобиқа, Ҳабиб Нурмуҳаммадов
Джахонгир Эргашев, архивное фото

Ҷаҳонгир Эргашев аз "Хуҷанд" рафт: корномаи варзишияшро дар Ӯзбекистон идома медиҳад

290
(Таҷдидшуда 18:50 04.03.2021)
Ҷаҳонгир Эргашев, футболбози шинохтаи тоҷик корномаи варзишиашро дар Ӯзбекистон идома медиҳад

ДУШАНБЕ, 4 март - Sputnik. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбози тоҷик бо тими "Қизилқум" –и Ӯзбекистон шартнома баст.

Ба иттилои манбаъ, муҳлати шартномаи Ҷаҳонгир Эргашев то охири мавсими ҷорӣ буда, ҳамакнун ӯ дар Суперлигаи Ӯзбекистон бозӣ мекунад.

Ҷаҳонгир Эргашеви 26-сол дошта нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон мебошад ва яке аз футболбозони умедбахши кишвар гуфта мешавад

Тими охирини Эргашев “Хуҷанд” буд, ки ӯ бо он даста медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистонро дар мавсими гузашта ба даст овард.

Қабл аз “Хуҷанд” ӯ дар тими "Саиф Спортинг Клуб"-и Бангладеш бозӣ мекарда ва тобистони гузашта дубора ба ин дастаи аввалааш баргашт.

Восиев, футболбози тими миллии Тоҷикистон ба "Тамбов" гузашт

Ҷаҳонгир Эргашев дастпарвари футболи Суғд аст. Фаъолияти касбии худро дар “Хуҷанд” оғоз кардааст. Дар ҳайати асосӣ "Хуҷанд"  ӯ чаҳор маротиба ноиби чемпиони кишвар (2015, 2017, 2018, 2019) ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон (2017) шуд.

Президенти ФФТ ба деҳот рӯй овардааст: ташкили лига ва чемпионати нав

Ёдовар мешавем, авохири моҳи гузашта ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, Фарҳод Восиев бо бошгоҳи футболи "Тамбов" шартнома баст.

290
Чемпионат мира по самбо 2019 года

Аз Хушқадаму Акмалиддин то Сорбону Сомон: ёздаҳ варзишгари тоҷик ба Маскав мераванд

62
(Таҷдидшуда 13:19 04.03.2021)
Паҳлавонони тоҷик ҳам дар самбои варзишӣ ва ҳам самбои размӣ ширкат мекунанд. Ин мусобиқа яке аз сабқатҳои пурнуфузи ин навъи варзиш дар ҷаҳон буда, чемпионати ҷаҳони ғайрирасмӣ номида мешавад

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ёздаҳ варзишгари тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Маскав иштирок мекунанд.

25-26  март дар пойтихти Русия, ба ёдбуди асосгузори гӯштини самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев  мусобиқаи  Ҷоми ҷаҳонии самбо   баргузор мешавад, ки  дар он  11 самбочии тоҷик иштирок мекунанд, гузориш медиҳад "Ховар".

Паҳлавонони тоҷик ҳам дар самбои варзишӣ ва ҳам самбои размӣ ширкат мекунанд. Ин мусобиқа яке аз сабқатҳои пурнуфузи самбо дар ҷаҳон буда, чемпионати ҷаҳони ғайрирасмӣ номида мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин  мусобиқаи  сатҳи ҷаҳонӣ Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Зафар Олимшоев, Деваштич Убайдӣ, Сорбон Латифов, Сомон Сангов, Садр Боев, Рамазон Ҷумъев, Аҳтам Ҳусейнов, Меҳрубони Абдулҳақ ва Алхатаби Фирдавс намояндагӣ мекунанд.

Хотиррасон мешавем, ки соли 2020 ин сабқати пурнуфузи самбо бо сабаби  бемории коронавирус моҳи декабр баргузор шуд, ки варзишгарони тоҷик дар он 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Омодагии муштзани мағлубнашудаи тоҷик Сангинов барои шикасти варзишкори амрикоӣ

Алимуҳаммад Алиев дар ду намуд – самбои варзишӣ ва самбои размӣ – дар вазни то 57 кило ду медали биринҷӣ ба даст овард. Медали дигари биринҷиро Деваштич Убайдӣ дар намуди самбои варзишӣ дар вазни то 74 кило соҳиб шуд.

Инчунин ду медали дигари биринҷиро Муҳиддин Муҳиддинов дар вазни то 68 кило ва Осмонбег Қуқаниев дар вазни беш аз 100 кило дар рақобатҳои самбои размӣ гирифтанд.

62
Барчаспҳо:
Маскав, варзишгар
День 5 марта

Суқути ҳавопаймои Boeing 707 дар Ҷопон ва ҳалокати беш аз 120 нафар: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 16:25 02.03.2021)
Рӯзи панҷуми март дар Озарбойҷон аз Рӯзи тарбияи ҷисмонӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳамзамон дар ин рӯз шартнома оид ба паҳн накардани яроқи ядроӣ ба ҳукми амал даромад

Рӯзи 5 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1966 дар натиҷаи садамаи ҳавопаймои англисии Boeing 707 дар Ҷопон зиёда аз 120 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли  1970 шартнома оид ба паҳн накардани яроқи ядроӣ ба ҳукми амал даромад.

Рӯзи 5 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2007 филми коргардони тоҷик Ҷамшед Усмонов "Барои он, ки ба ҷаннат дароӣ, бояд бимирӣ" дар озмуни "Берун аз сарҳади Аврупо" Гран-при ба даст овард.

Соли 2012 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти тозаинтихоб Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода, ӯро бо пирӯзии эътимодбахш дар интихоботи Президенти Русия, ки 4 марти соли 2012 баргузор гардид, сидқан ва самимона табрику таҳният гуфтанд.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманди Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шуд.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкории иқтисодӣ- тиҷоратӣ баргузор гардид.

Соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷаласаи 11-уми Комиссия оид ба фаъолияти мусофирбарии Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо мақсади рушди муносибот миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария ҷаласаи аввалини комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ- иқтисодӣ баргузор гардид.

Соли 2015 фармони Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи даъват намудани иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум" нашр шуд.

Соли 2018 дар Тоҷикистон Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ таъсис дода шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 5 март

  • Дар Озарбойҷон – Рӯзи тарбияи ҷисмонӣ.

Рӯзи 5 март кӣ ба дунё омадааст

Соли 1913 - шоири ӯзбекзабонии Тоҷикистон Аширмат Назаров.

Соли 1921 - коргардон ва наворбардори кино Муҳаммадқул Арабов.

Соли 1927 -олими таърихшинос, академик Нумон Негматов.

Соли 1930 - олими филология Ғаффор Ашӯров.

Соли 1930 - доктори илмҳои филология, профессор Раҳим Маҷидов.

Соли 1940 - доктори илмҳои таърих Карим Қодиров.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Тоҷикистон ба узвияти СММ пайваст: имрӯзи таърих
Дар Украина ҳукм қатл бекор ва дар Тоҷикистон афсарон соҳиби хона шуданд: имрӯзи таърих
Истеҳсоли "Фолксваген" ва шомил шуданиТоҷикистон ба САҲА: имрӯзи таърих
Зодрӯзи Акашариф Ҷӯраев ва нахустин пирӯзии Майк Тайсон: имрӯзи таърих