Сиёвуш Асроров, игрок сборной Таджикистан

"Қуллаи шӯҳрати ман фаро мерасад": Асроров ба тими “Шейх Руссел”-и Бангладеш гузашт

111
(Таҷдидшуда 17:05 09.12.2020)
Сиёвуш Асроров, дифоъгари 28 - солаи тими миллии Тоҷикистон ҳамакнун корномаи варзишияшро дар Бангладеш идома медиҳад

ДУШАНБЕ,  9 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи кишвар Асроров бо тими “Шейх Руссел”-и Бангладеш шартнома бастааст.

ФФТ дар бораи муҳлати шартномаи Асроров иттилоъ надодааст.

Худи Асроров бо гузоштани аксҳо бо ҳамтимони наваш навиштааст: “Ҳар он чизе, ки рух медиҳад, равонаи беҳбудист. Қуллаи шӯҳрати ман фаро мерасад, муҳим нест дар куҷо”.

Ёдовар мешавем, бошгоҳи охирини Асроров дастаи “Локомотив-Помир” -и пойтахт буд, ки дар он ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон нӯҳ бозии худро дар даври дуюми чемпионати Тоҷикистон-2020 доир кард.

Чаро футболбозони тоҷик ба дастаҳои бузург роҳ намеёбанд?: шарҳи мутахассис

Қаблан Асроров дар тимҳои "Вахш", "Хуҷанд", "Истиқлол", "ПКНП" (Малайзия) ва “Рахматганж” (Бангладеш) бозӣ намудааст.

Эҳсони Панҷшанбе – “беҳтарин футболбози Тоҷикистон” ба Ӯзбекистон меравад

Ҳимоятгар аз соли 2014 дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ карда, дар ин муддат 39 вохӯрӣ анҷом додааст.

111
Барчаспҳо:
Бангладеш, тим, футбол
Бокс, архивное фото

Воҳидов камарбанди WBO-ро гирифт: набарди дидании муштзани шикастнадидаи тоҷик-видео

82
(Таҷдидшуда 00:27 24.01.2021)
Асрор Воҳидов, муштзани шикастнадидаи тоҷик, дар мусобиқаи байналмиллалии “RCC Boxing Promotions” камарбанди WBO (Созмони ҷаҳонии бокс)-ро соҳиб гашт

ДУШАНБЕ, 23 янв – Sputnik. Ин рақобати нуҳуми Воҳидов буд, ки бидуни шикаст поён ёфт.

Мусобиқот шоми имрӯз дар шаҳи Екатеринбург баргузор гардида, Воҳид Асроров намояндаи Африқои Ҷанубӣ Тато Бонокоанеро шикаст дод.

Мавриди зикр аст, ки рақобат барои ҳарду варзишкор шадид оғоз шуд, аммо Воҳидов майдондориро аз даст намедод ва ин буд, ки пас аз зарбаҳои шадиди пайиҳам ҳарифашро дар даври 9-ум нокаут кард.

Гуфта мешавад, ин рақобат барои Воҳидов зарурӣ буд, зеро он барои камарбанди WBO Oriental баргузор шуда буд.

Видеои муштзании Воҳидови шикастнадида бо “Ракета”-и қазоқ: пирӯзӣ баъди нокдаун-навор

Ҳамакнун Воҳидови 26-сола дар 9 сабқати касбӣ 9 пирӯзӣ ба даст овард.

Асрор Воҳидов 20 октябри соли 1995 дар Исфара таваллуд шудааст. Варзишгар дар вазнҳои то 52 кг ва то 56 кг баромад мекунад.

82
Конор Макгрегор наносит удар  Дастину Порье  во время боя в  Лас-Вегасе

Пуле, ки Макрегор ва Поре барои қувваозмоӣ мегиранд, маълум шуд

639
(Таҷдидшуда 19:42 22.01.2021)
Ҳаҷми пуле, ки размикорон Конор Макгрегор ва Дастин Поре барои сабқати қарибулвуқӯяшон мегиранд, маълум шуд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Нашрияи Independent ҳаҷми пулеро, ки собиқ қаҳрамони UFC дар ду гуруҳи вазнӣ - Конор Макгрегор ва собиқ қаҳрамони муваққатӣ дар вазни сабук, Ҷастин Поре мегиранд, ошкор кард.

Ба иттилои нашрия, Макгрегор барои сабқат 5 миллион доллар ва Поре як миллион долларо мегирад.

Independent таъкид кардааст, ки ҳар ду варзишгар инчунин фоизи муайяне аз пахшҳои пулакии ин сабқатро мегиранд.

Сабқати Макгрегор ва Поре субҳи 24 январ дар Абу-Дабӣ баргузор мешаванд. Пахши ин қувваозмоӣ тақрибан соати 06:00-и субҳи 24 январ оғоз мешавад.

Тибқи баҳогузории букмекерон ғолиби эҳтимолии сабқат Макгрегор дониста мешавад. Эҳтимоли ғолибияти Пореро таҳлилгарон ҳудуди 33 дарсад арзёбӣ кардаанд. Эҳтимолияти мусовӣ муодили 2 дарсад мебошад.

Ин нахустин қувваозмоии Макгрегор ва Поре дар майдон нест. Сентябри соли 2014 Макгрегор дар даври аввал Пореро ба нокаут фиристод.

Дар размҳои омехта Макгрегор 26 сабқат гузаронд, ки аз он 22 ададашро бурид. Дар чор қувваозмоӣ бохт.

Дар маҷмуъ Поре 32 сабқат гузарондааст, ки 26 ададашро бо пирӯзӣ ва 6 ададро бо шикаст анҷом додааст. Поре на танҳо дар қувваозмоиҳои UFC, балки WEC низ иштирок мекунад.

639
Барчаспҳо:
қувваозмоӣ, сабқат, ИМА