ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Маросими супоридани медалҳои хурди тилло ба ҳайати ҷавонони дастаи футболи "Локомотив-Помир"-и шаҳри Душанбе, дар толори варзишии "Истиқлол"-и пойтахт баргузор шуд, хабар медиҳад ФФТ.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов ва директори кулли Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов ба бозингарон ва ҳайати мураббиёни даста медалҳои тилло ва Ҷоми пирӯзӣ дар мусобиқаи имсоларо тақдим карданд.
Ногуфта намонад, ки дар мавсими сипаришуда захиравиёни дастаи футболи "Локомотив-Помир"-и шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқа байни ҳайати ҷавонони дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон 18 бозӣ гузаронида, дар 15 бозӣ пирӯз шуданд.
Онҳо ду бозиро мусовӣ анҷом дода, ҳамагӣ дар як вохӯрӣ мағлуб гардиданд.
Тибқи иттилои ФФТ, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ҳайати ҷавонони дастаи "Локомотив-Помир"-и шаҳри Душанберо барои ба даст овардани медалҳои тилло табрик гуфта, ба бачаҳо дар марҳилаи ниҳоии Қаҳрамонии наврасони Осиё дар Баҳрайн, ки соли оянда баргузор хоҳад шуд, барору муваффақият орзу намуд.
"Қуллаи шӯҳрати ман фаро мерасад": Асроров ба тими “Шейх Руссел”-и Бангладеш гузашт
Ҳамчунин, директори клуби "Локомотив-Помир"-и шаҳри Душанбе Анваршо Мирзоев бозингарони дастаро ба ин муваффақият табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбӣ орзу кард.
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Духтарони волейболбози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар сабқати касбӣ ва бонувони ВКД дар мусобиқаи ғайрикасбӣ, ки ба муносибати Рӯзи Модар баргузор шуд, мақоми аввалро ба даст оварданд.
Дар ин сабқат 42 дастаи волейболбозони касбӣ ва ғайрикасбӣ ширкат карданд.
Дар мусобиқаи касбӣ - дастаи волейболбозони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойи аввал, дастаи Душанбе-1 ҷойи дуюм ва дастаи вилояти Суғд мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Аз миёни волейболбозон дар сабқати ғайрикасбӣ, ки байни бонувони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо дастаи волейболбозони "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилӣ ғолиб омада, соҳиби Ҷоми мусобиқа гардид.
Онҳо рӯзи 5-уми март дар даври ниҳоии мусобиқа дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллиро бо ҳисоби 3:0 мағлуб сохтанд. Дар ин гурӯҳ мақоми сеюмро дастаи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба даст овард.
Дар ин росто, рӯзи 6-уми марти соли 2021 вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода волейболбозони ғолибро бо ин дастовардашон ва иди бонувон – "Рӯзи Модар" табрику гуфт.
Ҳамчунин ба варзишгарони ғолиб тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ғолибони мусобиқа аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ бо Ҷом, диплом, медалу Ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мусобиқаи мазкур бахшида ба таҷлили "Рӯзи Модар", ки бо ташаббуси Мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида буд, аз 10-уми феврал то 5 марти соли 2021 дар толори Муассисаи давлатии Маркази омодакунии олимпии тимҳои мунтахаби шаҳри Душанбе (Манеж) идома ёфт.
ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо футболбозони клуби "Хуҷанд" дидору мулоқот кард.
Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят аснои мулоқот бо ҳайати даста гуфтааст, ки роҳбарияти вилоят дар партави дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, клубҳои футболро мунтазам дастгирӣ менамояд.
Дар ин росто бозингарони дастаи "Хуҷанд" бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва омодагӣ ба мавсими нави футбол, инчунин омӯзиши техникаҳои нави бозии футбол ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар карда мешаванд.
"Бозингарони "Хуҷанд" давоми 10 рӯз дар Туркия се бозии рафиқона анҷом дода, барои иштирок дар чемпионатҳо омодагӣ мебинанд", - омадааст дар хабарнома.
Таъкид гардида, ки минбаъд дастаҳои футболи "Эсхата" ва "Истаравшан" низ барои такмили маҳорат ва мубодилаи таҷриба ба кишварҳои дуру наздик фиристода мешаванд.
Раиси вилоят дар поёни мулоқот ба шахсони масъул ҷиҳати беҳтар намудани шароити бозингарон, омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футбол дар лигаи олӣ, рушди варзиш дар шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас додааст.
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Додгоҳи олӣ ҳукми сокини 37 - солаи шаҳри Ваҳдатро эълон кард, ки дар куштор ва таҷовуз ба номуси ноболиғ айбдор дониста мешавад.
Ба иттилои котиботи Прокуратураи Тоҷикистон, Раҷабов Зафар Сафархоҷаевич акнун як умр аз озодӣ маҳрум шуд ва дар колонияи ислоҳии низомаш махсус нигаҳдорӣ мешавад.
Номбурда моҳи августи соли гузашта аз назди бозорчаи 9 - уми шаҳри Душанбе, ноболиғ Сафарова Зулоларо бо мақсади қонеъ намудани талаботи шаҳвонии худ ба истгоҳи шоҳроҳи Душанбе - Ваҳдат ба ҷойи хилваттар бурда, хост ба номуси ӯ дастдарозӣ кунад.
Манбаъ меафзояд, чун ноболиғи 10 - сола муқобилият нишон дод, маҳкумшуда ба рӯи ӯ як зарбаи сахт зад, ки дар натиҷа хурдсол ба замин афтода, сараш ба санг сахт бархӯрд.
Гуфта мешавад, аз ҷароҳати вазнини бардошта, Зулолаи 10 - сола дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.
Аз вазъи оҷизонаи духтар истифода намуда, Раҷабов ба номуси ӯ таҷовуз кард ва сипас аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Тафсилоти куштори як зан дар Ҳисор: аввал ӯро маст ва сипас таҷовуз карда, кушт - навор
Ба ҳамин минвол, бо ҳукми Додгоҳи Олӣ, Раҷабов дар асоси моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои "в, л" ва 138 қисми 3 банди "а"- и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо дастрасии моддаи 67 қисми 4 Кодекси ҷиноӣ ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии низомаш махсус, таъйин карда шуд.
Дар робита ба таҷовузи ноболиғон дар Тоҷикистон, Раиси Кумитаи занон Ҳилолбӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотии ахир гуфта буд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ давоми як соли гузашта ба номуси 9 ноболиғ дастдарозӣ шудааст.