Ба Комроншоҳу Сомон унвони “Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон” доданд

Обуна шудан
Ду ҷавонпаҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков сазовори унвони “Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон” дар риштаи ҷудо шуданд

ДУШАНБЕ, 11 дек – Sputnik. Усто Устопириён, падар ва мурабии Комроншоҳи Устопириён дар тайиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, қарори эътои ин унвон ба варзишгарон аз сӯи Кумитаи варзиш ва ҷавонон ҳанӯз дар моҳи апрел содир шудааст, вале бо сабаби хуруҷи пандемияи COVID-19 нусхаи фармон тоза ба дасти онҳо расидааст.

“Нусхаи фармони раиси Кумитаи варзиш ва ҷавонон имрӯз ба дасти мо расид. Чун дар моҳи апрел дар оғози сабти нахустин мавриди бемории “вируси карона” имкони рафтан ба шаҳри Душанбе набуд. Унвони “Устоди шоистаи варзиш”- ро ба даст овардан, албатта шараф аст ва инро ҳамаи варзишгарон орзу мекунанд”, - гуфт Устопириён.

Ин мураббии тоҷик изҳор намуд, ки барои дарёфти чунин унвон дар назди Кумитаи варзиш низомномае ҳаст ва аз шартҳое иборат мебошад. Яке аз онҳо иштирок ва натиҷагирӣ аз маҳорати варзишгар дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Комроншоҳи Устопириён 27 - сол дорад ва Сомон Маҳмадбеков 21 – сола аст.

Комроншох Устопирён - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус: Сомон ва Комроншоҳ ба мусобиқаи Grand Slam нарафтанд

Ин ду варзишгар аз ҷавонпаҳлавонони номвари тоҷик ба шумор мераванд, ки то ин дам дар риштаи ҷудо - варзиши навъи олимпӣ ба дастовардҳои камназир ноил шудаанд.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг, Дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо, ки 16 апрели соли 2016 дар Тошканд ба анҷом расид, ӯ ҳамаи рақибонашро дар вазни то 90 кг мағлуб кард ва медали тилло ба даст овард. Комроншоҳ аввалин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар тамоми таърихи дзюдои тоҷик қаҳрамони Осиё шудааст.

Сомон Маҳмадбеков беҳтарин варзишгари ҷавон дар соли 2019 эълон шуд

Сомон Маҳмадбеков иштирокдори мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аврупоӣ ва осиёӣ буда, миёни тоҷикон аввалин варзишкорест, ки моҳи октябри соли 2017 дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон (шаҳри Загреби Хорватия) нишони биринҷиро ба даст овардааст.

Сомон, моҳи октябри соли 2019 дар мусобиқаи Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон дар Марокаш бар ҳамаи рақибонаш пирӯз ва аввалин нишони тиллоро аз ин мусобиқа ба Тоҷикистон ба армуғон овардааст.

Лентаи хабарҳо
0