ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Ӯ дар бори сеюм аст, ки президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб мешавад.
Маросими интихоби президенти ФФТ имрӯз дар як ҷаласаи ҳисоботӣ ва интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар меҳмонхонаи "Ҳятт Реҷенсӣ"-и пойтахт доир гашт.
Яке аз ҳозирин аз ин ҷаласа ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, интихоботи президенти ФФТ бидуни рақиб доир гашт.
Ба ҳамин минвол, ҳамкнун Рустами Эмомалӣ ҳақ дорад тӯли чор соли дигар Федератсияи футболи Тоҷикистонро роҳбарӣ кунад.
Дар ин ҷаласа ҳамзамон Хуршеди Мирзо муовини аввал, Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов муовинони Рустами Эмомалӣ интихоб шудаанд.
Ҷарима ва маҳрумсозиҳо аз бозӣ: натиҷаи нишасти Кумитаи интизомии ФФТ
Ёдовар мешавем Рустами Эмомалӣ дар ин мақом ҳанӯз соли 2012 нишаста буд.
Он замон ӯ дар ин мансаб собиқ қумандони Фронти халқӣ Сӯҳроб Қосимовро иваз кард.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар бозии ниҳоии Суперҷоми Испания, тими “Барселона” дар вақти изофӣ аз “Атлетик Билбао” бо ҳисоби 3:2 мағлуб шуд.
На Мессиву на Роналду: беҳтарин футболбози мавсими гузашта дар ҷаҳон эълон шуд
Дар дақиқаҳои охири бозӣ, ҳамлагари каталониҳо Лионел Мессӣ барои задани рақиб корти мустақими сурх гирифт, хабар додааст сомонаи телевизиони “Варзиш”.
Манбаъ афзуд, ин аввалин корти сурхи Месси дар корномаи варзишии бошгоҳиаш ба ҳисоб меравад.
Мессӣ аз марги худ ва фавти Марадона гуфт
Қабл аз ин, ӯ ду маротиба дар бозиҳои тими мунтахаби кишвараш - соли 2004 бар зидди Маҷористон ва соли 2019 бо Чилӣ корти сурх гирифта буд.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар шаҳри Орловкаи Ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи Федератсияи байналмилалии лижаронӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпӣ.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур то 22 январ идома меёбад.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ду варзишгар Баҳриддин Ғоибов ва Сайфиддини Низомиддин намояндагӣ мекунанд.
Дар мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 варзишгарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд.
Манбаъ меафзояд, хароҷоти сафари варзишгарони тоҷикро Кумитаи миллии олимпӣ дар доираи Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон - Пекин-2022 ба ӯҳда гирифтааст.
Дар Тоҷикистон лижаронҳои беҳтаринро муайян карданд
Гуфта мешавад, мусобиқа миёни мардону занон аз рӯи равияҳои слалом ва слаломи бузург доир мегардад ва варзишгарон дар баробари медал соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ҳафтаи гузашта кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе назди бозорҳо ва ҳамчунин дар кӯчаҳо рейдҳо роҳандозӣ намуданд, хабар медиҳад Раёсати умури дохила дар пойтахт.
Ба иттилои манбаъ, кормандони пулис асосан қиморбозонро дастгир мекарданд.
Рейд: боздошти гургҳои қиморбози "алик-малик" дар Душанбе
Ҳамин тариқ, РВУД дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду ҷавони 26 ва 27 - сола хабар медиҳад, ки яке сокини шаҳри Кӯлоб ва дигаре сокини ноҳияи Фархор мебошанд.
"Ҳомидов Хуршед ва Юнусов Самандар, ки дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ ба бозии "алик-малик" машғул буданд, дастгир шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.
Манбаъ меафзояд, ки ҳар ду боздоштшуда қаблан низ аз ҷониби кормандони милитсия барои кирдорҳои ғайриқонунӣ боздошт шуда буданд.
Ҳамин тариқ, бо ҳукми суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯзӣ таъин карда шуд.