Президент клуба Истиклол Душанбе Шохрух Саидзода

Таҳрири Оиннома: аз дастури Рустами Эмомалӣ то шомилшавии Саидзодаю дигарон ба раёсати ФФТ

585
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон дар пайи интихоби дигарборааш ба мақоми президенти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ изҳор доштааст, ки ин барояш масъулияти бузург мебошад

ДУШАНБЕ 16 дек - Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе, Рустами Эмомалӣ ба ҳайати иштирокчиёни Конфронс барои боварӣ ва эътимодашон изҳори ташаккур намуд.

“Сарраввал мехоҳам ба ҷомеаи футболи Тоҷикистон барои эҳтирому бовариашон арзи сипос намоям. Вазифаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистонро бар уҳда доштан бароям масъулияти бузург аст. Итминон дорам, нафароне, ки футбол барояшон арзиши бузург дорад, боз ҳам дучанд заҳмат кашида, дар рушди минбаъдаи футболи кишвар  саҳми муносиб мегузоранд”, - изҳор доштааст Рустами Эмомалӣ.

Ӯ барои сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳияи нақша – чорабиниҳои мусобиқаҳои варзишӣ,  алахусус футболро такозо намудаст.

Манбаъ афзуд, ки инчунин Оинномаи  Кумитаи Иҷроияи ФФТ низ таҳрири нав ёфта, бар асоси таҳрири ҷадид 15 нафар узви Кумита интихоб гардиданд.

Ба ҳайати нави Кумитаи Иҷроияи ФФТ дар баробари Рустами Эмомалӣ, ноибони ӯ -  Хуршед Мирзо, Дилшод Ҷӯразода, Алишер Урунов ва ҳамчунин Шоҳрух Саидзода, Аҳтам Абдуллозода, Бароталӣ Ҳамидзода, Фарҳод Сайфиддинов, Фатҳулло Ҷалилов, Раҷаббой Аҳмадзода, Қурбонзода Ҳаким, Анваршо Мирзоев, Раҳмонзода Абдулло, Шариф Назаров  ва Нурҷаҳон Исмоилзода шомил гардиданд.

585
Мубинджон Ахмедов на соревнованиях

Баъди муолиҷаи захмҳои корд, Мубинҷон Аҳмадов ба тамрин шурӯъ намуд

25
(Таҷдидшуда 17:11 21.01.2021)
Мубинҷон Аҳмадов, ҷавонпаҳлавони шинохтаи тоҷик, ки дар оғози моҳи декабри соли 2020 дар пайи ҳамлаи як гурӯҳ ҷавонон дар Хуҷанд аз зарби корд захмин гашта буд, аз бемористон рухсат шудааст

ДУШАНБЕ, 21 янв – Sputnik. Аҳмадов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, табибони Бемористони шаҳрии № 1 - и Хуҷанд беш аз ду ҳафта захмҳои бардоштаашро тадобӣ намуда, дар поёни моҳи декабр барои рухсат шудан ба хонааш иҷоза додаанд.

Бино ба гуфтаи табибон, захми корд ба ноҳияи шуш ва гурдаи варзишгар осеб расонидааст.

"Худоро шукр, ки ҷарроҳии захмҳо ба хубӣ сипарӣ шуд. Ташаккур ба табибон, ки дар барқароршавии саломатии ман кӯшиш намуданд. Ҳоло кам-кам ба машқу тамрин сар кардаам", - гуфт варзишгар.

Мубинҷон Аҳмадов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ҳодисаи захминшавиаш аз зарби кордро нақл кард. Ӯ гуфт, "шоми санаи 6  декабри соли 2020, ҳамроҳ бо як гурӯҳ ҷавонон дар варзишгоҳи воқеъ дар боғи "Ғалаба" - и Хуҷанд футбол бозӣ кардем ва дар ҷараёни бозӣ бо як ҷавон "нофаҳмие" ба вуҷуд омада, аз ҳамдигар узр пурсида ба бозӣ идома додем.

" Баъди берун шудан аз варзишгоҳ ҳудуди 20 нафар бо он ҷавон якҷо шуда, бо корд ба ман ҳамла карданд. Дар шоми хира кӣ маро бо корд зад, дуруст дида натавонистам", - шарҳ дод Аҳмадов.

Аз Комроншоҳу Хушқадам то Баҳодур: 10 варзишгари беҳтарин Тоҷикистон аз нигоҳи АЖРВТ

Акбар Шарифӣ котиби матбуоти РВКД дар вилояти Суғд ҳодисаи рухдода ба Аҳмадовро шарҳ дода гуфт, ки ду нафар аз омилони ҳамла ба варзишгар дастгир шуда, нисбати онҳо, ки яке хонандаи мактаб (15 - сола)  ва дигаре ҷавони 21 - сола аст, парвандаи ҷиноӣ ба ҷурми "авбошӣ" ва "қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ" оғоз карда шудааст.

"Кормандони милиса муайян кардаанд, ки ҷавони 21 ва ноболиғи 15-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи боғи фароғатии "Ғалаба", воқеъ дар маҳаллаи 18-уми шаҳри мазкур бо ду ҷавони 24-солаи сокинони ҳамин шаҳр ҷанҷолу занозанӣ кардаанд.

"Сипас ноболиғи 15-сола бо корд 1 маротиба ба шиками ҷавони 24-сола задааст. Баъдан, шахси ба тафтишот номаълум ба ҷанҷоли онҳо ҳамроҳ шуда, бо корд ба бадани ҷавони дигари 24-сола зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - гуфт манбаъ.

Мубинҷон Аҳмадов сокини 24 - солаи шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ барандаи медали бринҷии қаҳрамоии Осиё аз рӯи гуштини тарзи юнонӣ - румӣ дар вазни 63 кг аст, ки феврали соли 2020 дар шаҳри Деҳлии кишвари Ҳиндустон ба даст овардааст.

Ба ҷуз ин, ӯ соли 2019 дар чандин мусобиқаҳои минтақавию байналмиллалӣ дар кишвари Қазоқистон, Қирғизистон, Чин ва Фаронса иштирок карда, мақоми ифтихориро ишғол намудааст. Ғолиби 5 каратаи Тоҷикистон аз рӯи гуштини тарзи юнониву румӣ дар вазни 63 кг аст.

Ӯ аз соли 2007 то соли 2018 дар мактаб ва Омӯзишгоҳи захиравии олимпии Русия дар шаҳри Маскав таҳсил кардааст. Шурӯъ аз соли 2018 ӯ ба кишвар баргашта, узви тими мунтахаби Олимпии Тоҷикистон мебошад.

Аҳмадов гуфт, мутаасифона бо сабаби рухдоди ҳодисаи рӯзи 6 декабр ба мусобиқаи ҷаҳонии шаҳри Белгарди кишвари Сербистон иштирок карда натавонист.

“Кӣ медонад, ки пагоҳ чӣ иттифоқе рух медиҳад, ба ҷуз Офаридгор ҳеҷ кас. Барои ба даст овардани роҳхат ба Олимпиядаи шаҳри Токиои Ҷопон омодагӣ мебинам ва умедворам, ки ба ин ниятам муваффақ гардам", - зикр кард варзишгар.

25
Барчаспҳо:
тамрин, корд, Хуҷанд, варзишгар
Тими наврасони Тоҷикистон (U-17)

Рақибони тими наврасони тоҷик дар "Ҷоми Иттиҳод" муайян шуданд

123
(Таҷдидшуда 20:41 20.01.2021)
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рақибони дастаи мунтахаби наврасони ҷумҳурӣ оид ба футбол – “U-17”-ро дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” номбар кард

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, футболбозони то 17-солаи тоҷик дар “Ҷоми рушд-2021” бо тимҳои мунтахаби наврасони Белорус, Қазоқистон ва Молдова рақобат мекунад.

“Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар 17-ум мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021”, ки аз 31 январ то 6 феврал дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск доир мегардад, иштирок мекунад”,  - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа 4 дастаи мунтахаби наврасони соли таваллудашон на бештар аз 2004 талош мекунанд. Дар “Ҷоми рушд-2021” дар Минск футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолонашон аз Қазоқистон (31 январ), Молдова (3 феврал) ва Белорус (6 феврал) бозӣ хоҳанд кард.

Футбол: бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд

Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад, тавзещ дод Кумитаи олимпӣ.

123
Барчаспҳо:
Ҷом, Футбол, Тоҷикистон
Школьный класс новой средней школы № 102 в Шохмансурском районе

Ҷопон барои сохтмони ду мактаб дар Тоҷикистон пул ҷудо кард

0
(Таҷдидшуда 17:23 21.01.2021)
Сафири Ҷопон дар Душанбе эълом кард, бо кумаки молии давлати Токио ду мактаб бо ҳазинаи ду миллион сомонӣ дар Тоҷикистон сохта мешавад

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Tакаюки Миясита дар маросими имзои ин созишнома гуфтааст, ки то кунун бо кумаки ройгони Ҳукумати Ҷопон дар Тоҷикистон 50 мактаб сохта шуда, ин барнома идома хоҳад дошт, иттилоъ додааст сафорати Ҷопон дар Душанбе.

“Ду мактаби ҷадид дар ноҳияҳои Турсунзода ва Файзобод ҳар як бо ҳазинаи 1 миллион сомонии ройгони ҳукумати Ҷопон сохта ва таҷҳиз хоҳад шуд. Мо талош мекунем, ки ин ду мактаб бо таҷҳизоти пешрафтаи омӯзишӣ таъмин шаванд то донишомӯзони тоҷик битавонанд дар шароити матлуб улуми рӯзро фарогиранд”, - гуфт Tакаюки Миясита.

Ҳамзамон сафири Ҷопон таъкид доштааст, ки кишвараш дар чорчӯби ин барнома бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳамкории наздик дорад.

Гуфта мешавад аз соли 1996 ҳукумати Ҷопон барои иҷроӣ 421 тарҳи иҷтимоӣ ва омӯзишӣ дар Тоҷикистон 34 доллар кумаки ройгон ихтисос додааст.

0
Барчаспҳо:
пул, сохтмон, мактаб, Ҷопон, Тоҷикистон