Самбо, архивное фото

Паҳлавонони тоҷик ба Маскав сафар мекунанд

54
(Таҷдидшуда 13:19 18.12.2020)
Дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ширкати варзишгарон аз 15 кишвар дар назар аст. Рақобатҳо миёни мардону занон оид ба самбои варзишӣ, инчунин дар намуди самбои размӣ байни мардон доир мешавад

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Маскав иштирок мекунанд, гузориш медиҳад "Ховар".

Бино бар иттилои манбаъ, дар Ҷоми ҷаҳонии самбо, ки 18-19 декабр дар варзишгоҳи Лужники баргузор мешавад, 11 варзишгари шинохтаи тоҷик иштирок мекунанд.

"Ҳафт нафари онҳо — Беҳрӯз Неъматуллоев (52 кг), Ардашер Исмоилов (57 кг), Сӯҳроб Исматов (68 кг), Деваштич Убайдӣ (74 кг), Аҳтам Ҳусейнов (+100 кг), Давлат Абдулзода (+100кг) ва Осмонбек Қуқаниев (+100 кг)  дар намуди самбои варзишӣ миёни мардон рақобат менамоянд. Чор нафари дигар — Айём Хабиров (57 кг), Муҳиддин Муҳиддинов (68 кг), Рамазон Ҷумъаев (82 кг) ва Садр Боев (82 кг) дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ иштирок мекунанд", - менависад манбаъ.

Дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ширкати варзишгарон аз 15 кишвар дар назар аст. Рақобатҳо миёни мардону занон оид ба самбои варзишӣ, инчунин дар намуди самбои размӣ байни мардон доир мешавад. Ба далели пандемияи Covid-19 мусобиқа бе ҳузури тамошобинон доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи байналмилалӣ  ба ёдбуди Анатолий Харлампиев, ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ, аз соли 1980 гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон — Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт. Сар аз соли 2015 ин мусобиқа расман ягона Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад, ки бо иштироки паҳлавонони зӯртарини ҷаҳон барпо мегардад.

Медали нуқраи Акмалиддин Каримов дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо

Бояд гуфт, ки паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ба хотираи Анатолий Харлампиев ҷоизаҳои зиёд ба даст овардаанд. Се нафари онҳо — Далер Музофиров (соли 2008), Акмалиддин Каримов (соли 2014) ва Хушқадам Хусравов (соли 2015) — бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.

Паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар ин мусобиқа ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Хушқадам Хусравов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то 62 кило ва Бахтовар Абдуллоев дар сабқати самбои размӣ дар вазни то 100 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гашта буданд.

54
Барчаспҳо:
варзишгарон, тоҷик, Паҳлавонон, сафар, Маскав
Нападающий Барселоны Лионель Месси

Барои задани ҳариф: нахустин корти сурхи Мессӣ дар Барселона видео

86
(Таҷдидшуда 13:35 18.01.2021)
Лионел Мессӣ, футболбози шинохтаи аргентинӣ дар корномаи варзишияш дар бошгоҳои “Барселона” бори аввал корти сурх гирифту аз майдон берун карда шуд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар бозии ниҳоии Суперҷоми Испания, тими “Барселона” дар вақти изофӣ аз “Атлетик Билбао” бо ҳисоби 3:2 мағлуб шуд.

На Мессиву на Роналду: беҳтарин футболбози мавсими гузашта дар ҷаҳон эълон шуд

Дар дақиқаҳои охири бозӣ, ҳамлагари каталониҳо Лионел Мессӣ барои задани рақиб корти мустақими сурх гирифт, хабар додааст сомонаи телевизиони “Варзиш”.

Манбаъ афзуд, ин аввалин корти сурхи Месси дар корномаи варзишии бошгоҳиаш ба ҳисоб меравад.

Мессӣ аз марги худ ва фавти Марадона гуфт

Қабл аз ин, ӯ  ду маротиба дар бозиҳои тими мунтахаби кишвараш - соли 2004 бар зидди Маҷористон ва соли 2019 бо Чилӣ корти сурх гирифта буд.

86
Барчаспҳо:
Лионел Месси, Футбол, Испания
Горнолыжный спорт, архивное фото

Варзишгарони тоҷику ӯзбек ва қирғизу қазоқ дар Орловка мусобиқа мекунанд

22
(Таҷдидшуда 12:36 18.01.2021)
Тоҷикистонро дар мусобиқаи лижаронӣ Баҳриддин Ғоибов ва Сайфиддини Низомиддин намояндагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар шаҳри Орловкаи Ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи Федератсияи байналмилалии лижаронӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпӣ.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур то 22 январ идома меёбад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ду варзишгар Баҳриддин Ғоибов ва Сайфиддини Низомиддин намояндагӣ мекунанд.

Дар мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 варзишгарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд.

Манбаъ меафзояд, хароҷоти сафари варзишгарони тоҷикро Кумитаи миллии олимпӣ дар доираи Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон - Пекин-2022 ба ӯҳда гирифтааст.

Дар Тоҷикистон лижаронҳои беҳтаринро муайян карданд

Гуфта мешавад, мусобиқа миёни мардону занон аз рӯи равияҳои слалом ва слаломи бузург доир мегардад ва варзишгарон дар баробари медал соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд.

22
Барчаспҳо:
лижаронӣ, Қирғизистон, варзишгарони тоҷик
Центр города Душанбе

Пеш аз паёми раисҷумҳур: Рустами Эмомалӣ вакилонро ба маҷлис даъват кард

0
Иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 январ дар шаҳри Душанбе доир карда мешавад

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ вакилони маҷлисро ба ҷаласаи навбатӣ даъват кардааст.

Тавре котиботи Маҷлиси миллӣ гузориш медиҳад, дар ин бора қарори вижаи Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст.

Тибқи қарори мазкур иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати шашум 25 январ, соати 11:00 дар Душанбе баргузор карда хоҳад шуд.

"Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қарор мекунам: иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 25 январи соли 2021, соати 11-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад", - омадааст дар қарори раис.

Ёдрас мешавад, дар ҳамин ҳол пештар раиси Маҷлиси намоянагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода қарореро имзо кард, ки мувофиқи он рӯзи 26 январ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум баргузор мегардад.

Ҷаласаи якҷоя: рӯзи паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон маълум шуд

Интизор меравад, ки дар ҷаласаи муштарак Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон паёми солонаашро ба парлумон ироа кунад. Ҳамасола раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷияшро баён медорад.

Одатан паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон охири декабр сурат мегирифт, аммо паёми имсола ба моҳи январ гузаронда шуд.

0