Хабиб Нурмагомедов перед боем с Макгрегором

Ҳабиб Нурмуҳаммадов варзишкори сол эълон шуд

267
(Таҷдидшуда 14:00 18.12.2020)
Тибқи арзёбии BBC Sports Personality размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов баҳтарин варзишкори сол дониста шуд

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik.  Барои ба даст овардани мавқеъи беҳтарин варзишкори сол бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов боз панҷ варзишкори машҳури дунё иштирок доштанд, иттилоъ додааст рӯзномаи “Комерсант”.

Бино бар иттилои манбаъ миёни онҳо хеззананда Армн Дюплантис, ки дар як ҳафта ду маротиба рекорди ҷаҳониро задааст, баскетболисти амрикоӣ Леброн Джеймс ва голфбози амрикоӣ Дастин Ҷонсон будааст.

Ёдовар мешавем, Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар пайи пирӯзӣ бар Ҷастин Гетҷи, бо 29 ғалаба ва бидуни шикаст изҳор дошт, ки фаъолияти касбияшро хотима медиҳад.

Варзишкори 32-солаи доғистонӣ дар ҳисоби худ 29 ғалаба дорад ва то охири фаъолияти касбиаш ҳеҷ нафаре ӯро мағлуб накардааст.

Аммо дар моҳи декабри соли равон варзишкор эълон кард, ки дар сурате, ки агар ба ӯ 100 миллион доллар пешниҳод кунанд, метавонад дубора ба фаъолияти касбиаш даст занад.

267
Барчаспҳо:
варзишкор, беҳтарин, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Ҳабиб, Русия
Пояс чемпиона UFC

Агар Ҳабиб наояд, кӣ барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад - раҳбари UFC номҳоро гуфт

527
(Таҷдидшуда 22:58 24.01.2021)
Имрӯз номзадҳои эҳтимолӣ барои унвони қаҳрамонӣ дар як мусобиқа ширкат варзиданд. Муборизаи яке аз онҳо шомро пеш мебурду задухӯрди дигар рӯйдоди бузург буд

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт гуфт, ки агар қаҳрамони феълии ин ташкилот дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар ниҳоят карераи худро ба анҷом расонад, ба кӣ имконият медиҳад, то барои унвони қаҳрамонӣ мубориза барад.

Ӯ дар ин бора зимни нишасти хабарӣ пас аз мусобиқаи UFC 257 изҳор дошт.

Ба гуфтаи Уайт, амрикоиҳо Дастин Поре ва Майкл Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабук мубориза мебаранд.

"Агар Ҳабиб биравад, Поре ва Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ мубориза хоҳанд бурд",- гуфт роҳбари UFC.

Уайт гуфт, пас аз рақобати варзишкор Поре ва Конор дар доираи рақобати UFC 257 аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи баргаштан ба майдони ҳарб пурсон шуд.

Нурмуҳаммадов гуфт, барои рақобат бо Поре боз мегардад ё не?

Ба гуфти Ҳабиб на Макгрегор ва на Поре наметавонанд барои ӯ рақиб бошанд.

"Ман бо Ҳабиб суҳбат кардам, ӯ ба ман гуфт: "Дана биё росташро мегӯем, ман чанд сатҳ аз ин бачаҳо болотарам". Намедонам ин сухан хурсандиовар нанамуд, мебинем", - гуфт раҳбари UFC Дана Уайт.

Аммо ин гуфтаҳои Ҳабиб ба варзишкори дигари амрикоӣ Майкл Чандлер хуш наомад ва ӯ Ҳабибро ба майдони ҳарб даъват кард.

Бояд гуфт, ки ҳарду варзишгари эҳтимолӣ, ки барои камарбанд имкон дорад мубориза баранд, имрӯз дар мусобиқае, ки дар "Ҷазираи муҳорибаҳо" -и Абу-Даби баргузор шуда буд, ҳунарнамоӣ карданд.

Муборизаи Чандлер бо Дэн Ҳукер аз Зеландияи Нав барҷастатарини шом буд ва муқовимати Поре ва Макгрегор муборизаи асосӣ буд.

Посухи Конор ба шарҳи Ҳабиб дар бораи шикаст: ба майдон хонд

Поре дар даври дуввум бо нокаут пирӯз шуд, Чандлер рақиби худро бо зарбаҳои шадид дар даври аввал мағлуб кард.

 

 

527
Барчаспҳо:
зӯрозмоии размикорон, қаҳрамонӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC
Хабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор

Посухи Конор ба шарҳи Ҳабиб дар бораи шикаст: ба майдон хонд

964
(Таҷдидшуда 17:05 24.01.2021)
Конор Макгрегор, размикори ирландӣ баъди шикаст аз Дастин Поре изҳор дошт, ки омода аст, бо қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба майдон барояд

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Макгрегор ба шарҳи Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи сабабҳои шикасти Конор аз Поре изҳор дошт, ки агар Ҳабиб чизе навиштан хоҳад бигзор ба майдон баргардад.

Агар вай омода аст, ба майдон баргардад, ман омодаам бо ӯ қувваозмоӣ кунам, изҳор дошт Конор Макгрегор.

“Ман чизеро тағйир надодаам, ин тим аз аввал бо ман буд. Бояд ба рақиб бо эҳтиром муносибат кард”, - изҳор дошт Конор дар посух ба навиштаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи сабабҳои шикасти Макгрегор аз Дастин Поре.

Ахиран Ҳабиб Нурмуҳаммадов пирӯзии Дастин Поре бар Конор Макгрегорро дар сафҳаи Твиттери худ  шарҳ дод.

"Ин вақте рух медиҳад, ки шумо дастаро иваз мекунед, шарикони тамриниро, ки шуморо қаҳрамон карданд тарк мекунед ва мусобиқаи тамриниро бо нафарони хурд оғоз мекунеду аз воқеият дур мемонед", - изҳор дошт қаҳрамони UFC дар вазни сабук.

Сабқати қаблии Ҳабиб ва Конор дар моҳи октябри соли 2018 бо шикасти Нурмуҳаммадов анҷом ёфт.

964
Барчаспҳо:
шикаст, сабқат, Ҷаҳон
Доллар на земле, архивное фото

Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи 3,5 млрд. доллар дар Тоҷикистон

0
(Таҷдидшуда 00:42 25.01.2021)
Ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар Тоҷикистон 70 адад лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 39,9 млрд. сомонӣ ё 3,5 млрд. доллар мавриди татбиқ қарор доштааст

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Ахиран дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо иштироки муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва фаъолияти агентиҳои амаликунандаи онҳо дар соли 2020 баргузор гардид.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ иштирок намуданд.

Таъкид шудааст, ки зимни ҷаласа татбиқ ва азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соли 2020, натиҷаҳои ноилгардида ва камбудию норасогиҳои дар доираи лоиҳаҳо баррасӣ шуд.

Ҳамзамон дар ҷаласа қайд гардидидааст, ки барои рушди соҳаҳои афзалиятноки мамлакат ба ҳолати 1 январи соли 2021, 70 адад лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 39,9 млрд. сомонӣ ё 3,5 млрд. доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор дошта, аз онҳо 29 лоиҳаи грантӣ, 6 лоиҳаи қарзӣ ва 35 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант иборат мебошанд.

Дар ин ҷаласа Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон, Давлаталӣ Саид барои ҳалли масъалаҳои ба миён омада ва бартараф намудани камбудию норасогиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

0
Барчаспҳо:
маблағ, лоиҳа, сармоягузорӣ, Тоҷикистон