Рустам Эмомали президент ФФТ

Ҷанни Инфантино Рустами Эмомалиро шодбош гуфт

152
(Таҷдидшуда 16:34 18.12.2020)
Ӯ дар ин шодбошӣ аз раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон барои рушди ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ изҳори сипосгузорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино Рустами Эмомалиро ба муносибати бори дигар ба вазифаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданаш табрик гуфт, гузориш медиҳад ФФТ.

"Президенти муҳтарам, лутфан саломи гарму ҷӯшон ва табрикоти самимии маро ба муносибати дубора интихоб шуданатон ба симмати Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси интихобии Федератсияи футболи Тоҷикистон қабул кунед", - омадааст дар мактуби шодбошӣ.

Боварӣ дорам, ки шумо табрикоти маро ба муовинони президент ва дигар аъзои Кумитаи иҷроияи ФФТ, ки дар якҷоягӣ бо Шумо аз нав интихоб шудаанд, мерасонед, афзудааст вай.

Ҷанни Инфантино ҳамчунин аз Рустами Эмомалӣ барои рушди ин бахши варзиш изҳори сипос кардааст.

Таҳрири Оиннома: аз дастури Рустами Эмомалӣ то шомилшавии Саидзодаю дигарон ба раёсати ФФТ

Ёдрас мешавем, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон чанде пеш дубора роҳбар ё президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид.

Ӯ аз соли 2012 роҳбари ин федератсия аст.

152
Барчаспҳо:
табрикот, номаи шодбошӣ, Душанбе, Рустами Эмомалӣ, Ҷанни Инфантино
Юношеская сборная Таджикистана

Як сол инизорӣ: Чемпионати Осиё миёни наврасону ҷавонон лағв шуд

23
(Таҷдидшуда 12:46 16.01.2021)
КФО ин тасмимро бо дарназардошти номуайянӣ ва хавфҳои марбут ба пандемияи COVID-19, ҳифзи саломатӣ ва амнияти иштирокчиён гирифтааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Имсол Чемпионати Осиё миёни наврасону ҷавонон лағв карда шуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Тибқи қарори Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) чемпионатҳои Осиё оид ба футбол миёни наврасон (U-16), ҷавонон (U-19), ҳамчунин Чемпионати Осиё оид ба футзал имсол доир намешаванд. 

"КФО ин тасмимро бо дарназардошти номуайянӣ ва хавфҳои марбут ба пандемияи COVID-19, ҳифзи саломатӣ ва амнияти иштирокчиён гирифтааст. Баҳрайн ва Ӯзбекистон ҳуқуқи мизбонии марҳилаҳои ниҳоии Ҷоми Осиёро байни наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-20) дар соли 2023 ҳифз кардаанд", - менависад манбаъ.

Ҳаким Фузайлов сармураббии тими “Динамо”-и Самарқанд шуд

КФО, ҳамчунин Чемпионати Осиё оид ба футзалро, ки мебоист аз 23 март то 3 апрели соли равон дар Кувайт доир мешуд, барҳам дод. Тибқи қарори КФО, Кувайт низ ҳуқуқи баргузор кардани 16-ум Ҷоми Осиё оид ба футзалро дар соли 2022, ки мунтахаби Тоҷикистон низ ширкат мекунад, ҳифз кард.

Чемпионати Осиё-2021 оид ба футзал, ки бояд дар Тайланд доир мегардид, ба соли 2023 гузаронида шуд.

23
тренер Хаким Фузайлов, архивное фото

Ҳаким Фузайлов сармураббии тими “Динамо”-и Самарқанд шуд

65
Ҳаким Фузайлов, мутахассиси шинохтаи тоҷик сармураббии бошгоҳи футболи Узбакистони “Динамо”-и Самарқанд таъин шудааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Дар ин бора сомонаи бошгоҳи футболи “Динамо”-и Самарқанд иттилоъ дода, гуфтааст, маросими муаррифии Фузайлов дар тим 15 январ доир шуд.

Ба иттилои манбаъ, бошго бо мутахассиси тоҷик шартномаи яксоларо ба имзо расонидааст.

Гуфта мешавад, барои омода кардани тими “Динамо”-и Самарқанд ба Фузайлов мутахассисони маҳаллӣ Ҷасур Ҳамроев, Дилшод Шарофутдинов ва Шӯҳрат Муродов кӯмак мерасонанд.

Ёдовар мешавем мутахассиси 56-сола тайи ним соли гузашта дар бошгоҳи “Хуҷанд” фаъолият дошт, аммо тим охири соли гузашта эълон кард, ки шартномаро тамдид нахоҳад кард.

Фаъолияти мураббигии Фузайлов охири солҳои 90-ум аз роҳбарии бошгоҳи “Бухоро” ва “Динамо”-и Самарқанд оғоз кардааст. Аз соли 2005 то декабри соли 2011 дар “Ростов” ва “Локомотив”-и Маскав мураббии селексионер буд.

Моҳи январи соли 2012 вай ноиби президенти “Локомотив”  Тошканд оид ба масъалаҳои тарбияи бозигарон таъйин карда шуд. Моҳи майи он сол ба ҳайати мураббиён дохил шуд ва баъдан сармураббии даста шуд.

Раҳматулло Фузайлов сармураббии "Истаравшан" шуд

Ӯ ҳамчунин тими миллии Тоҷикистон, дастаҳои “Истиқлол” ва “Куктош” –ро тамрин дода, аввали моҳи июл вазифаи сармураббии бошгоҳи “Каганат”-и Қирғизистонро тарк карду бо дастаи “Хуҷанд” пайваст.  

Ҳаким Фузайлов дорои иҷозатномаи мураббигии дараҷаи PRO мебошад.

65

Русия бо 4 кишвари дигар парвозҳоро барқарор мекунад - бо Тоҷикистон чӣ?

0
Штаби оперативии мубориза бо коронавирус гуфтааст, Русия то охири моҳи январ бо кадом кишварҳо парвозҳоро барқарор мекунад

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Русия қарор дод, ки бо чор кишвари дигар парвозҳои мунтазамро барқарор кунад, хабар медиҳад Штаби оперативии мубориза бо паҳншавии коронавируси кишвар.

Гуфта мешавад, аз 27-уми январ парвозҳо ба Финландия, Ветнам, Ҳиндустон ва Қатар барқарор хоҳанд шуд.

Ҳамин тавр аз Маскав ба Ханой, Дели ва Хелсинки ҳафтае ду парвоз анҷом дода хоҳад шуд. Ба Доха, пойтахти Қатар аз Русия ҳафтае се маротиба парвоз анҷом дода мешавад.

Афзун бар ин хафтае ду парвози дигар ба хатсайри Санкт-Петербург — Хельсинки ба нақша гирифта шудааст.

Штаби мубориза бо коронавирус таъкид кардааст, ки шумораи парвозҳо ба самти Қоҳира то ҳафтае панҷ маротиба бештар карда мешаванд.

Штаб таъкид мекунад, ки пеш аз қабули қарор дар бораи ба роҳ мондани парвозҳои муқаррарӣ Русия ба чанд меъёр назар мекунад.

Аз ҷумла бояд шумораи ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба коронавирус камтар аз 40 ҳолат ба сари ҳар 100 ҳазор аҳолӣ дар 14 рӯзи ахир бошад, афзоиши шабонарӯзии беморӣ, на бештар 1 дар садро ташкил диҳад ва коэффитсиенти паҳншавии коронаврус дар як ҳафта поёнтар аз воҳид бошад.

Парвозҳо дар масири Душанбе - Дубай афзун ёфтанд: кадом рӯзу соат

Русия дар ҳошияи пандемияи коронавирус дар охири моҳи марти соли 2020 тамоми парвозҳои байналмилалиро лағв кард. Истисно танҳо парвозҳои махсус, почта, санитарӣ ва бархе дигар хатсайрҳо буданд.

Аз моҳи августи парвозҳои ҳавоӣ  барқарор шуда истодаанд. То имрӯз сокинони Русия ба 15 кишвари дунё - Белорус, Миср, Қазоқистон, Куба, Қирғизистон, ИМА, Сербия, Туркия, Танзания, Швейсария, Ҳабашистон, Кореяи ҷанубӣ ва Ҷопон метавонанд парвоз кунанд.

Тоҷикистон феълан дар ин феҳраст нест ва мақомоти кишвар пештар гуфта буданд, ки дар ин бора гуфтушуниди миёни Русияву Тоҷикистон идома дорад.

0