Товарищеский матч. Таджикистан (U-16) - Иран (U-16)

Баъди шикаст: футболбозони тоҷикистонӣ ва эронӣ боз ба майдон мебароянд

66
(Таҷдидшуда 13:01 24.12.2020)
Бозии навбатии дӯстонаи дастаҳои наврасони Тоҷикистон ва Эрон 26 декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Санаи навбатии ба майдон баромадани футболбозони тоҷикистонӣ ва эронӣ маълум шуд.

Бозии навбатии дӯстона байни футболбозони навраси дастаҳои Тоҷикистону Эрон 26 декабр, рӯзи шанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, соати 14:00 баргузор хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, дирӯз, 23 декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе нахустин  бозии  дӯстона миёни дастаҳои футболи  мунтахаби  наврасони  то  16-солаи Тоҷикистон ва Эрон  баргузор  гардид.

Дар ин сабқат футболбозони навраси тоҷик  аз дастаи мунтахаби  наврасони то  16-солаи Эрон бо ҳисоби 4:1 мағлуб шуданд.

Голҳоро Амир Иброҳимзада, Алиакбар Ранҷбар, Бежан Нишонбойзода, Муҳаммадреза Кушки, Ядегар Ростамӣ ба ҳадаф расониданд.

Чаҳор бозӣ: футболбозони Эрон ба Тоҷикистон сафар мекунанд

Сармураббии бозӣ аз дастаи тоҷикистониён Аҳлиддин Турдиев буд.

Бозии навбатии дӯстонаи дастаҳои наврасони Тоҷикистон ва Эрон 26 декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, соати 14:00 баргузор мешавад.

66
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Футбол, бозӣ, Тоҷикистон
Юношеская сборная Таджикистана

Як сол инизорӣ: Чемпионати Осиё миёни наврасону ҷавонон лағв шуд

21
(Таҷдидшуда 12:46 16.01.2021)
КФО ин тасмимро бо дарназардошти номуайянӣ ва хавфҳои марбут ба пандемияи COVID-19, ҳифзи саломатӣ ва амнияти иштирокчиён гирифтааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Имсол Чемпионати Осиё миёни наврасону ҷавонон лағв карда шуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Тибқи қарори Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) чемпионатҳои Осиё оид ба футбол миёни наврасон (U-16), ҷавонон (U-19), ҳамчунин Чемпионати Осиё оид ба футзал имсол доир намешаванд. 

"КФО ин тасмимро бо дарназардошти номуайянӣ ва хавфҳои марбут ба пандемияи COVID-19, ҳифзи саломатӣ ва амнияти иштирокчиён гирифтааст. Баҳрайн ва Ӯзбекистон ҳуқуқи мизбонии марҳилаҳои ниҳоии Ҷоми Осиёро байни наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-20) дар соли 2023 ҳифз кардаанд", - менависад манбаъ.

Ҳаким Фузайлов сармураббии тими “Динамо”-и Самарқанд шуд

КФО, ҳамчунин Чемпионати Осиё оид ба футзалро, ки мебоист аз 23 март то 3 апрели соли равон дар Кувайт доир мешуд, барҳам дод. Тибқи қарори КФО, Кувайт низ ҳуқуқи баргузор кардани 16-ум Ҷоми Осиё оид ба футзалро дар соли 2022, ки мунтахаби Тоҷикистон низ ширкат мекунад, ҳифз кард.

Чемпионати Осиё-2021 оид ба футзал, ки бояд дар Тайланд доир мегардид, ба соли 2023 гузаронида шуд.

21
тренер Хаким Фузайлов, архивное фото

Ҳаким Фузайлов сармураббии тими “Динамо”-и Самарқанд шуд

59
Ҳаким Фузайлов, мутахассиси шинохтаи тоҷик сармураббии бошгоҳи футболи Узбакистони “Динамо”-и Самарқанд таъин шудааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Дар ин бора сомонаи бошгоҳи футболи “Динамо”-и Самарқанд иттилоъ дода, гуфтааст, маросими муаррифии Фузайлов дар тим 15 январ доир шуд.

Ба иттилои манбаъ, бошго бо мутахассиси тоҷик шартномаи яксоларо ба имзо расонидааст.

Гуфта мешавад, барои омода кардани тими “Динамо”-и Самарқанд ба Фузайлов мутахассисони маҳаллӣ Ҷасур Ҳамроев, Дилшод Шарофутдинов ва Шӯҳрат Муродов кӯмак мерасонанд.

Ёдовар мешавем мутахассиси 56-сола тайи ним соли гузашта дар бошгоҳи “Хуҷанд” фаъолият дошт, аммо тим охири соли гузашта эълон кард, ки шартномаро тамдид нахоҳад кард.

Фаъолияти мураббигии Фузайлов охири солҳои 90-ум аз роҳбарии бошгоҳи “Бухоро” ва “Динамо”-и Самарқанд оғоз кардааст. Аз соли 2005 то декабри соли 2011 дар “Ростов” ва “Локомотив”-и Маскав мураббии селексионер буд.

Моҳи январи соли 2012 вай ноиби президенти “Локомотив”  Тошканд оид ба масъалаҳои тарбияи бозигарон таъйин карда шуд. Моҳи майи он сол ба ҳайати мураббиён дохил шуд ва баъдан сармураббии даста шуд.

Раҳматулло Фузайлов сармураббии "Истаравшан" шуд

Ӯ ҳамчунин тими миллии Тоҷикистон, дастаҳои “Истиқлол” ва “Куктош” –ро тамрин дода, аввали моҳи июл вазифаи сармураббии бошгоҳи “Каганат”-и Қирғизистонро тарк карду бо дастаи “Хуҷанд” пайваст.  

Ҳаким Фузайлов дорои иҷозатномаи мураббигии дараҷаи PRO мебошад.

59
Водохранилище Таджикское море

Паҳнкунандагони хабари дурӯғ дар бораи рахнашавии обанбори Қайроққум боздошт шуданд

0
Дар ин бора аз эфири телевизиони минтақавии Sirdaryo MTRK маълум шуд. Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ин далел тафтишоти пешакӣ идома дорад.

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон шаҳрвандонеро боздошт карданд, ки дар бораи рахнашавии сарбанди обанбори Қайроққум маълумоти бардурӯғ паҳн кардаанд.

Дар ин бора шабакаи телевизиони минтақавии Sirdaryo MTRK маълумот додааст.

Дар ҷараёни тафтиш маълум шудааст, ки як сокини минтақаи Сардоба ба маълумоти беасоси шиносҳояш бовар карда, ба ҳамсараш амр додааст, ки фавран ба кӯча барояд.

Ин овозаҳо дар маҳаллаи "Дӯстлик" -и минтақаи Сардоба ваҳмро ба вуҷуд овард.Ғайр аз ин, як блогер аз минтақаи Акалтин дар Ютюб видеоеро нашр карда, мардумро ба тарки хонаҳо даъват кардву аз обхезӣ дар Тоҷикистон ҳушдор додааст.

Ғайр аз он, як сокини ноҳияи Мирзоободи ин хабарро аз шаҳрвандони ду ноҳияи дигар шунида, ба бедор кардани ҳамсояҳо шурӯъ кардаву  гуфтааст, ки ҳарчи зудтар аз хонаҳо бароянд.

Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ин далел тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Истеҳсоли барқ дар неругоҳи "Қайроққум"-ро то 38% зиёд мекунанд: барқрасонӣ хубтар мешавад

Ёдовар мешавем шаби 14 ба 15-уми январ овозаи рахнашавии сарбанди обанбори “Қайроққум”-и Тоҷикистон аъолиии чанд минтақаи Ӯзбекистонро дар таҳлука андохт.

"Қайроққум" то соли 2023 таҷдид мешавад

 Дар пайи ин ҳолат,  Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабарҳо дар бораи рахнашавии обанбори Қайроққумро рад кард ва мардумро ба оромӣ даъват карда гуфт, иншоот солим ва муътадил кор мекунанд.

0