Юношеская сборная Таджикистана (U-16) одержала победу над сверстниками из Узбекистана

Футболбозони ҷавони тоҷик ҳарифони эрониашонро шикаст доданд

245
(Таҷдидшуда 18:19 24.12.2020)
Футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии аввали дӯстона ба ҳамсолони эронии худ ғолиб омаданд. Бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расид

 ДУШАНБЕ, 24 дек – Sputnik. Чанд лаҳза пеш  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе бозии аввали  дӯстона байни дастаҳои футболи  мунтахаби  ҷавонони то 19-солаи  Тоҷикистон ва Эрон анҷом ёфт, гузориш медиҳад "Ховар".

Дар он футболбозони ҷавони тоҷик бо ҳисоби 2:1 ба ҳамсолони эрониашонро шикаст доданд.

Голҳоро Алӣ Субҳонӣ,  Абдулмумин Забиров ва Шаҳром Самиев ба ҳадаф расонидаанд.

Як зарбаи футболбозони эронӣ ба дарвозаи Тоҷикистон ҷаримавӣ буд.

Тими ҷавонони Тоҷикистонро дар ин бозӣ  Шоҳрух Қиргизбоев, Алиҷон Қароматуллозода, Муҳаммадалӣ Азизбоев, Муҳаммад Саломзода, Манучеҳр Сафаров, Абдулмумин Забиров, Шарифбек Раҳматов  Озодбек Панҷиев , Ислом Зоиров , Рустам Соиров, Шаҳром Самиев ва дигарон муаррифӣ карданд.

Шикасти мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон аз ҳамтоёни эронияшон

Бозии навбатии ин дастаҳо 27 декабр, соати 14:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

245
Сергей Харитонов, архивное фото

Харитонов мегӯяд, Нурмуҳаммадовро танҳо пул метавонад ба UFC баргардонад

104
(Таҷдидшуда 14:33 17.01.2021)
Размикор Сергей Харитонов бар ин бовар аст, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадовро танҳо пули калон метавонад ба UFC баргардонад

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Қаҳрамони феълии UFC дар вазни сабук, Хабиб Нурмуҳаммадов танҳо барои маблағ метавонад фаъолияташро дубора барқарор кунад, мегӯяд Сергей Харитонов.

Шарте, ки Ҳабиб барои баргаштан ба октагон гузошт: чиро дархост кард?

Рӯзи шанбе сарвари UFC Дана Уайт эълом дошт, ки Нурмуҳаммадов пас аз набарди Дустин Пуэри амрикоӣ ва Конор Макгрегори ирландӣ, ки дар доираи UFC 257 рӯзи 24 январ дар Файт Айленд дар Абу-Даби баргузор мешавад, тасмим мегирад, ки карераро аз сар гирад ё хайр.

"Ин кори шахсии ҳар кас аст, новобаста аз он, ки ягон қарор қабул кунад ё не. Ҳар кас амбицияи худро дорад, ҳама чизи дилхоҳашро карда метавонад. Ҳавасмандии асосӣ пул аст, аз ин рӯ танҳо пул метавонад Хабибро баргардонад", - гуфтааст Харитонов ба РИА Новости.

Нурмагомедов 24 октябри соли гузашта ҳарифи амрикоии худ Ҷастин Гэдҷиро бо роҳи буғӣ кардан, мағлуб кард ва бори сеюм унвони қаҳрамонии UFC-ро ҳифз кард.

Дарҳол пас аз анҷоми набард, размикори 32 - солаи доғистонӣ эълон кард, ки барои ҳамешагӣ октагонро тарк мекунад. Аммо чанде баъд, роҳбари UFC аз эҳтимоли бозгашти Ҳабиб Нурмуҳаммадов хабар дода буд. Размикори доғистонӣ аз 29 муҳорибае, ки баргузор кард, дар ягон набард мағлуб нашудааст.

104

Шарте, ки Ҳабиб барои баргаштан ба октагон гузошт: чиро дархост кард?

1483
(Таҷдидшуда 12:29 17.01.2021)
Шарти гузоштаи размикори доғистонӣ аз набардҳои қарибулвуқӯи Конор Макгрегор, Дастин Пуаре, Дэн Ҳукер ва Майк Чендлер вобаста аст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Агар довталабони камарбанди қаҳрамонӣ дар вазни сабук набарди диданиеро нишон диҳанд, шояд қаҳрамони феълӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов дубора ба октагон барояд, хабар медиҳад Eurosport бо такя ба изҳороти роҳбари UFC Дана Уайт.

Рӯзи шанбеи 16 январ паси дарҳои баста мулоқоти Ҳабиб бо Дана Уайт баргузор шуд.

Ҳабиб аз талошҳои UFC барои баргардондани ӯ гуфт: "маро ба ҳайрат овардан душвор аст"

Ҳабиб мегӯяд, ҳис мекунад, ки ҳама чизро ба даст овардааст ва минбаъд ҳаваси бозгаштро надорад.

Аммо ӯ илова намудааст, ки посухи ниҳоиро пас аз анҷоми рақобатҳои Конор Макгрегор бо Дастин Пуаре ва Дэн Ҳукер бо Майк Чандлер мегӯяд.

"Ман тасмим гирифтам, ки ду рақобат дар вазни сабуки UFC 257 тамошо кунам. Агар ин чор размикор набарди хуберо нишон диҳанд ва маро водор ба бозгашт намоянд, ман бармегардам", - тавзеҳ додааст шарти асосии Нурмуҳаммадовро роҳбари UFC.

Размикори доғистонӣ пас аз мағлуб кардани ҳарифи амрикоии худ дар моҳи октябри соли гузашта тасмими тарк кардани октагонро эълон кард.

Аммо чанде баъд, роҳбари UFC аз эҳтимоли бозгашти Ҳабиб Нурмуҳаммадов хабар дода буд. Размикори доғистонӣ аз 29 муҳорибае, ки баргузор кард, дар ягон набард мағлуб нашудааст.

1483
Барчаспҳо:
бозгашт, иҷрои шарт, Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Афзоиши фавтидагон аз COVID-19 дар Эрон

0
Вазорати беҳдошти Эрон мегӯяд, теъдоди ҷонбохтагон аз COVID-19 дар ҷумҳурӣ ба 56 ҳазору 803 нафар расид

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати беҳдошт, шабонарӯзи гузашта 86 нафар аз COVID-19 фавтида, теъдоди умумӣ ба 56 ҳазору 803 нафар расид.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон аз қавли Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон хабар додааст, ки дар 24 соати гузашта 6 ҳазору 16 бемори нави гирифтор ба корона дар Эрон шиносоӣ ва 631 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.

Бар асоси маҷмӯи беморони вируси  COVID-19 дар Эрон ба як миллиону 330 ҳазору 411 нафар расидааст, ки то кунун 1 миллиону 119 ҳазору 137 нафар аз ин беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо ҷавоб шудаанд.

Манбаъ афзуд, бемории COVID-19бар асоси омори расмии кишварҳо то кунун беш аз наваду панҷ миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз ду миллион нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

0
Барчаспҳо:
Эрон