ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Дар ҷараёни мусобиқаи AMC Fight Nights Global: Ҷоми зимистон, дар Маскав, ки байни варзишкорони муҳорибаи омехта Владимир Минеев ва Магомед Исмоилов муноқиша ба амал омад, боиси занозании азим гардид, менависад ТАСС.
Ҳамзамон, мушаххас шудааст, ки на Минеев ва на Исмоилов дар мусобиқа ширкат надоштанд. Пас аз муноқиша, иштирокдоронро кормандони полиси ОМОН аз ҳам ҷудо карданд.
Гуфта мешавад, муноқиша пас аз он сар зада, ки ҳангоми хотимаи муҳорибаи навбатӣ Владимир Минеев ба октагон, ки ҳамчун меҳмон ҳузур дошт, ворид шуд.
Ӯ баландгӯякро гирифта, бо рақиби деринааш Магомед Исмоилов, ки дар мусобиқа ҳамчун тамошобин нишаста буд, суҳбат кард. Нахуст таниши лафзӣ сар заду пасон ба занозанӣ табдил шуд, ки даҳҳо мухлисон ба муноқиша ҳамроҳ шуданд.
Гуфта мешавад, худи Исмоилов ва Минеев осеби ҷиддӣ надиданд. Кормандони полис Исмоиловро барои тафтиш ба шӯъба бурданд ва дар ҳоле таъкид карданд, ки ин боздошт нест.
Ёдовар мешавем, ки ҳарду размикор рақибони деринаанд ва рақобати охирини онҳо дар мусобиқаи Fight Nights Global 90 моҳи октябри соли 2018 мусовӣ анҷом ёфт, аз ин сабаб ҷангиён то ҳол дар бораи интиқом ба мувофиқа расида наметавонанд.
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, футболбозони то 17-солаи тоҷик дар “Ҷоми рушд-2021” бо тимҳои мунтахаби наврасони Белорус, Қазоқистон ва Молдова рақобат мекунад.
“Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар 17-ум мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021”, ки аз 31 январ то 6 феврал дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск доир мегардад, иштирок мекунад”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа 4 дастаи мунтахаби наврасони соли таваллудашон на бештар аз 2004 талош мекунанд. Дар “Ҷоми рушд-2021” дар Минск футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолонашон аз Қазоқистон (31 январ), Молдова (3 феврал) ва Белорус (6 феврал) бозӣ хоҳанд кард.
Футбол: бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд
Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад, тавзещ дод Кумитаи олимпӣ.
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Ситораи ирландӣ Конор Макгрегор дар рейтинги ҷанговарони беҳтарини UFC (новобаста аз вазн) мавқеашро аз даст дод, гуфта мешавад дар торномаи расмии ин ширкат.
Ин пеш аз задухурди Макгрегор бо Дастин Пореи амрикоӣ, ки шаби 23 ба 24 январ дар Файт Айленд дар Абу-Дабӣ баргузор мешавад, рух дод.
Макгрегор ҷои Нурмуҳаммадовро дар рейтинги беҳтарин муборизони UFC гирифт
Дорандаи собиқи камарбанди UFC дар вазни сабук тибқи рейтинги навшуда аз ҷои 12-ум ба 13-ум фаромадааст. Ӯро дар ин феҳрист, варзишкори австралиягӣ Роберт Уиттакер пеш гузашт.
Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони феълӣ дар вазни сабук, дар рейтинги ҷанговарони беҳтарини UFC ҳамоно дар мақоми аввал аст.
Аз миёни занон то ҳол варзишкори бразилиягӣ Аманда Нунес дар ҷои аввал меистад. Ӯ қаҳраомни UFC дар вазни сабук мебошад. Валентина Шевченко, размикори қирғизистонӣ, дар рейтинг (новобаста аз категорияҳои вазн) ҷои дуюмро ишғол мекунад.