Молодежная сборная Таджикистана (U-19) одержала волевую победу над сверстниками из Ирана

Натиҷаҳои як бозии дигари футболбозони Тоҷикистону Эрон маълум шуд

166
(Таҷдидшуда 13:21 28.12.2020)
Натиҷаҳои бозии футболи ҷавонони тоҷикистонӣ ва эронӣ маълум шуд. Пештар ҳамин даста ҳарифони эрониашонро шикаст дода буданд

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Тими ҷавонони Тоҷикистон бозии дуввуми дӯстонаашонро бо ҳамсолони эронияшон мусовӣ карданд.

Бозии дуюми дӯстона миёни  дастаҳои футболи  мунтахаби  ҷавонони 19-солаи Тоҷикистон ва Эрон  27  декабри соли равон  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии  баргузор   гардид

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқа бо натиҷаи мусовӣ 1:1 ба анҷом расид.

Ҳисоби бозиро дар қисмати аввали бозӣ дастаи  мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Эрон боз карданд.

Дар дақиқаи 30- юми бозӣ  Паймон Дадахон ба задани гол ноил гардид.

Бо бо гузашти панҷ дақиқа шогирдони Мубин Эргашев бо голи задаи Ислом Зоиров ҳисобро мусовӣ карданд.

Бо ҳамин натиҷаи мусовӣ дастаҳо ба танаффус баромаданд. Дар қисми дуюми бозӣ ҳарчанд ҳар ду мунтахаб дар назди дарвозаи якдигар ҳолатҳои хавфнокро ба миён меоварданд, лекин  ба задани гол ноил нагардиданд.

Бо ҳамин натиҷаи мусовӣ бозии дӯстонаи  дастаҳои футболи  мунтахаби  ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ва Эрон ба фарҷом расид.

Футболбозони ҷавони тоҷик ҳарифони эрониашонро шикаст додан

Қаблан миллипӯшони Тоҷикистон ҳарифони эрониашонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буданд. Дастаи наврасони Тоҷикистон бошад дар дар ҳарду бозии дустона мағлуб гаштанд.

166
Футзал, архивное фото

Бошгоҳи "Истиқлол" клуби нав таъсис медиҳад: дар футзал низ нерӯ санҷиданист

55
(Таҷдидшуда 13:49 19.01.2021)
Роҳбарияти бошгоҳи футболи "Истиқлол" тасмим гирифт, ки ба футзал, ки дар Тоҷикистон рӯз то рӯз маъруфият пайдо мекунад, таваҷҷӯҳ зоҳир кунад

ДУШАНБЕ, 19 январ - Sputnik. Тими футболи "Истиқлол" -и Душанбе тасмим гирифт, ки дар заминаи даста клуби футзал таъсис диҳад.

Ба иттилои дафтари матбуотии бошгоҳи "Истиқлол", дар назар аст, дастаи навтаъсис аз мавсими нав дар чемпионати кишвар бозӣ кунад.

"Тартиби сабти номи дастаи нав тақрибан ба итмом расидааст, ҷалби футболбозон идома дорад ва ҳайати мураббиён ба зудӣ эълон хоҳад шуд",-афзудааст, манбаъ.

Гуфта мешавад, раванди тамрин ва бозиҳои хонагии даста дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҷумҳурӣ баргузор мешавад.

Ду бозигари шинохтаи "Хатлон" ва "Истиқлол" ба Ӯзбекистон ва Малайзия мераванд

Ёдовар мешавем, ки "Истиқлол" -и Душанбе аввалин тими касбӣ дар Тоҷикистон аст, ки ҳам дар футболи калон ва ҳам футзал намояндагӣ хоҳад кард.

55
Барчаспҳо:
футзал, тими "Истиқлол", Тоҷикистон
Рустам Ходжаев стал новым главным тренером Панджшера

Ваъдаи пирӯзӣ дар ҳар бозӣ: тими "Хуҷанд" сармураббии навашро эълон кард

275
(Таҷдидшуда 11:58 19.01.2021)
Ба ҳайати тими Рустам Хоҷаев Фаррух Марофиев мураббии калон, Мансур Ҳакимов мураббии интихобӣ ва Алишер Тӯйчиев ҳамчун мураббии дарвозабонҳо шомил шудаанд

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Рӯзи 18 январ ноиби чемпиони Тоҷикистон, клуби футболи "Хуҷанд" номи сармураббии нави дастаро эълон кард. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамакнун тими "Хуҷанд"-ро мутахассиси 48-сола Рустам Ҳоҷаев тамрин хоҳад дод, ки солҳои 2013 ва 2017 ба ҳайси мураббии беҳтарини Тоҷикистон шинохта шуда буд.

Ба ҳайати тими Рустам Хоҷаев Фаррух Марофиев мураббии калон, Мансур Ҳакимов мураббии интихобӣ ва Алишер Тӯйчиев ҳамчун мураббии дарвозабонҳо шомил шудаанд.

Рустам Хоҷаев аз соли 2017 то 2018 "Хуҷанд"-ро роҳбарӣ карда, бо клуб Ҷоми Тоҷикистон-2017-ро ба даст овард ва дар чемпионати соли 2017 медали нуқра гирифт.

Дар мавсими 2020, Хоҷаев ба ҳайати мураббиёни Никола Лазаревич дохил шуд, пас аз рафтанаш иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ буд ва бо омадани Ҳаким Фузайлов ёвари ӯ шуд.

"Ҳиссиёти махсус дорам, хеле шодам, ки бори дигар ба ин тими калон, ки дорои таърих ва анъанаҳои бой аст, боварӣ карданд. Мехоҳам ба роҳбарияти вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзод ва директори маҳфил Муроҷон Умаров барои эътимодашон ташаккур гӯям. Ман аз мавсими оянда интизориҳои хуб дорам, ба бозигаронам боварӣ дорам, мо тасмим гирифтаем, ки дар ҳар як бозӣ пирӯз шавем. Ва албатта, дар кори худ мо мунтазири дастгирии мухлисони "Хуҷанд" ҳастем".

Ҳаким Фузайлов сармураббии тими “Динамо”-и Самарқанд шуд

Ӯ гуфтааст, ҳамчун як футболбоз ба Хуҷанд омад, ин дастаро тамрин медод ва медонад, ки мардум дар ин ҷо ба таври хос тимро дӯст медоранд ва дастаи худро дастгирӣ мекунанд.

275
Барчаспҳо:
интихоби сармураббӣ, тими футболи "Хуҷанд", Тоҷикистон
Навоз в кузове автомобиля

“Тиҷорати таппак”: бозори экзотикии маводи сӯхти “аз лиҳози экологӣ тоза” дар Тоҷикистон

0
(Таҷдидшуда 16:04 20.01.2021)
Таппак, ғӯзапоя, ҳезум, ангишт, газ... Бозори аҷибу ғариби сӯзишворӣ дар Тоҷикистон муҳтавояшро ғанӣ мекунад, вақте таъмини аҳолӣ бо барқ ба мушкил мувоҷеҳ мешавад ва зарур меояд, ки ба ҳар қимате набошад, ба оташу гармӣ даст ёфт

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. 5 январ, вақте ширкати “Барқи тоҷик” маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ барои аҳолиро эълон кард, дар бозорҳои кишвар якбора қимати маводи сӯхт боло рафт. Дар баробари ангишту газ, ки аз сӯи корхонаҳои саноатӣ тавлид ва ё аз сӯи ширкатҳо аз хориҷ ворид мешаванд, бозори таппаки чорводорону ҳезуми ҳезумкашон ва ғӯзапояи деҳқонони пахтакор низ гарм шуд.

Ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон аз гӯшаву канори Тоҷикистон тасвири ҷолибе аз ин бозори аҷибу ғариб ба даст медиҳанд, ки зоҳиран сол то сол ҷолибу ҷаззоб мешавад, аммо дар ягон омору ҳисоботи расмӣ таърифе аз он вуҷуд надорад ва як тиҷорати ҳамоно ношинохта барои иқтисод боқӣ мемонад.

Аз оғил ба бозор

Таппак, ки аз поруву саргини гову гӯсфанд ва бузи хонагӣ ҳосил мешавад, як сӯзишвории анъанавӣ дар Тоҷикистон аст, ки маъмулан хоси деҳот аст, аммо барои шаҳрҳо низ бегона нест. Ҳеҷ кас қадомати ин маводи сӯхтро намедонад. Маъмулан таппакро дар шакли саргин фасли тобистон аз дашту саҳро ҷамъ оварда, захира ва дар фасли зимистон барои гармӣ ва пухтупази хонавода истифода мекунанд. Аммо афроде, ки дар хона чорво доранд, онро фасли сармо дар шакли тар ҷамъ оварда, дар фасли гармо хушк ва дар таппакдонҳо захира мекунанд.

Дар қиёс бо ҳезум, ки аз он дар осори таърихиву адабии асрҳои пешин ёд мешавад ва манбаъи даромади фақиронаи тоифаи ҳезумкаш дар бозорҳо буд, зоҳиран, таппак тайи сӣ соли ахир ба моли тиҷорат табдил ёфтааст.

Акбархӯҷа, як тоҷир дар чорроҳаи Ороми канори Хуҷанд, ки аз навоҳии атрофи шаҳр таппаку ҳезум ва ғӯзапоя меорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ маъмулан моли тиҷорати худро тобистон ва аввали тирамоҳ захира мекунад.

“Кам касе ба ин бозор таваҷҷӯҳ дошт. Баъзеҳо ор мекунанд. Аммо шахсан чанд сол аст, ки бо ин кор машғулам. Аввалҳо барои ошхонаҳои шаҳр ҳезум таҳия мекардам. Баъд дарёфтам, ки дар давраҳои бебарқӣ мардуми дигар ҳам дар ҷустуҷӯи ҳезуму таппак мешаванд. Бале, ин тиҷорати ҳамешагӣ нест, мавсимаш асосан ду-се моҳ тӯл мекашад, аммо бедаромад нест”, - гуфт ӯ.

Акбархӯҷа ва дигар ҳамсӯҳбатони мо аз Рашту Хатлон ва Душанбе дар бораи таппак ҷузъиёти ҷолибе ба даст медиҳанд. Ба қавли онҳо, агар дар оғоз як навъи оддии таппак дар як кунҷи бозорҳо савдо мешуд, ҳоло чандин намуди он ва дар як гӯшаи махсус дар қатори ангишту ҳезум харидуфурӯш мешавад.

Аз навъҳои таппак чалма ё сангтаппак (ки дар оғил саргини ҳайвонро сум зада, баъд дар шакли чоркунҷа бо каланд ё бел мекананд), кулӯлатаппак, тағора ё сатилтаппак (ки дар қолаби тағора ё сатил сохта мешавад), кумуртаппак (омехтаи ангишту саргин), таппаки заминӣ, ҳатто деворӣ ва ғайра низ бо шаклу намуди хос дар бозорҳо ироаи муштариён мешаванд, ки гоҳо донабайъ ва гоҳо бо мошин яклӯхт ба фурӯш мерасанд.

Акбархӯҷа мегӯяд, таппакро на фақат мардуми камдаромади деҳотӣ, балки сарватмандони шаҳрӣ низ харидорӣ мекунанд.

“Ба қавли маъмул, ин сӯзишвории аз лиҳози экологӣ тоза ва ба саломатӣ, бахусус пойҳои инсон, фоидаовар аст. Агар қӯри онро ба сандалӣ гирифта, пойҳоятонро дарун кунед, бубинед, ки чӣ роҳате дорад. Тарбоду дардро мерабояд. Таппаки гӯсфанд мисли ангишт метавонад сари касро гирад ва дилбеҳузур кунад, аммо монанди ангишт кушанда нест. Таппаки буз хеле камёфт аст. Таппаки гов бисёр ва бозоргир аст”, - гуфт ӯ.

Соли равон нархи як дона таппак вобаста ба навъаш аз 25 ё 50 дирам ба 1 то 1,5 сомонӣ ва як мошинаш аз 400 ба 800 сомонӣ боло рафт, ки ба қавли огаҳони ин бозор, дар гузашта собиқа надошт ва ҳам далолат бар қавӣ гаштани мавқеи ин маводи сӯхт дар бозор мекунад.

Кундаи муфиди бобоӣ

Ҳезум аз қадим ва то он замон, ки нафту газ ва ангишт дар зиндагии мардуми ҷаҳон пайдо нашуданд, беҳтарин ва маъмултарин маводи сӯхт буд. Он чӣ ҳезумро аз таппак фарқ мекунонанд, оташбардории он ва он чӣ умумияташон медиҳад, ба истилоҳ, аз лиҳози экологӣ тоза ва барои сиҳатӣ муфид будани онҳо аст.

Абдураҳим, як фурӯшандаи дигар аст, ки бозори шаҳри Ваҳдат ва ҳам бозорчаи дуроҳаи Қарағочи канори шаҳри Душанберо бо таппаку ҳезум таъмин мекунад. Тиҷорати вай таъмин намудани як қатор ошхонаҳои Ваҳдату Душанбе бо ҳезум аст, аммо вақти фаромадани сардӣ захираҳои молашро ба бозорҳо низ ироа мекунад. Вай ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маъмулан ҳезуми дарахтони пири зардолу, себ, олуча ва тут муштариёни зиёд доранд.

“Ҳезуме, ки аз дарахти мева ҳосил мешавад, агарчи сахтшикан аст, кам дуд мекунад, дер месӯзад ва ҳам фоида дорад. Асосан афроди сарватманд ё миёнаҳол онро супориш медиҳанд. Ин анвои ҳезум аз боғҳои куҳна ба даст меоянд. Вақте дарахтон ё шохаашон хушк мешаванд, онҳоро мебуранду ҳезум мекунанд”, - гуфт Абдураҳим.

Ба қавли ӯ, ҳезум дар шакли кунда ва ё бастаи шохчаҳо фурӯхта мешавад, масалан, имсол як метр кунда аз 50 сомонии тирамоҳ ба 90 сомонӣ дар вақти сармо боло рафт ва ҳамин тавр, нархи як дарзаи шохчаҳо ё ҳезуми резашуда аз 3,5 ба 6 сомонӣ афзуд.

Дар умум, дар саросари Тоҷикистон имрӯзҳо як мошини ҳезум вобаста ба гунҷоишаш аз 800 то як ҳазор сомонӣ, ҳатто бештар аз ин арзиш дорад, ки ба қавли тоҷирон, барои як зимистон, бо иттифоқи истифода аз барқу ангишт, кифоят мекунад.

Пешдаргирон

Ғӯзапоя, боқимондаи заминҳои пахтаи манотиқи пахтакори Тоҷикистон аст, ки аз оғози пайдоиши ин рустанӣ дар кишоварзии Тоҷикистону минтақа, ба масобаи маводи сӯхт истифода шудааст.

Сангалӣ, як фурӯшандаи ғӯзапоя дар шаҳри Бохтар мегӯяд, афроде, ки замини пахта доранд ва ғӯзапоя ба даст меоранд, зиёдатии онро мефурӯшанд. Ба қавли ӯ, ғӯзапояро асосан барои пешдаргирон истифода мекунанд, зеро ҳамон тавре ки зуд месӯзаду зуд хонаро гарм мекунад, ҳамон гуна зуд тамом мешавад.

“Агар ниҳолаш ғафс бошад, каме медорад, дар акси ҳол, зуд сӯхта тамом ва хона ҳам зуд сард мешавад. Аз ин хотир, мардум дар баробари он ангишту ҳезумро низ захира мекунанд, то гармии хонаро муътадил нигоҳ доранд”, - гуфт Сангалӣ.

Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, як дарзаи ғӯзапоя дар гӯшаву канори Тоҷикистон аз 3 то 5 сомонӣ савдо мешавад ва як мошинаш аз 400 то 700 сомонӣ.

Сухие  стебли хлопчатника
© Sputnik
Сухие стебли хлопчатника

Фақат ангишт

Ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯянд, дар бозорҳои Хоруғ, маркази вилоят, ғӯзапоя аслан вуҷуд надорад ва таппаку ҳезум низ хеле ба нудрат пайдо мешавад.

Аслишоҳ, як сокини шаҳри Хоруғ, мегӯяд, дар Бадахшон чорвои хонагӣ, бавижа гову гӯсфанд, кам аст ва агар сокинон таппак ҳам кунанд, аз эҳтиёҷоти худашон зиёдатӣ намекунад.

“Азбаски замини кишоварзӣ кам аст, боғот низ кам ҳастанд ва ҳезумеро, ки ба даст меояд, худи хонаводаҳо масраф мекунанд. Аммо барои сардиҳое, ки дар Бадахшон ҳукм меронанд, чораи асосӣ ангишт аст, ки аз берун ворид мешавад”, - гуфт Аслишоҳ.

Дар Бадахшон ангишти серхаридор аз водии Олойи Қирғизистон ва кони Назар Айлоқи Рашт ворид мешавад, ки килои он аз 1,8 то 2, 20 дирам арзиш дорад. Дар қисматҳои дигари Тоҷикистон низ бар иловаи ангишти қирғизӣ, ангишти конҳои ноҳияи Айнӣ низ ба бозорҳо ироа мешавад ва қиматашон аз 1,8 то 2,5 сомонӣ сари кило аст.

Сӯзишвории дигаре, ки дар сардиҳо деги мардумро меҷӯшонад, гази моеъ аст. Онро дар баллонҳои хурди сохти Эрону Чин харидорӣ намуда, барои хонавода хӯрок омода мекунанд.

Мешки угля
© Sputnik
Мешки угля

Таҷрибаи бо газ гарм кардани хонаҳо, ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, натиҷаи мусбат надодааст, зеро ин маводи сӯхт ҳавои хонаро вайрон мекунад ва ба сиҳатии мардум зиёновар аст.

Дар гузашта ин маворид, ки афрод аз дуди ангишт ва таркиши баллонҳои газ ба ҳалокат расидаанд, гузориш шуда буд.

0
Барчаспҳо:
гармӣ, сӯзишворӣ, ҳезумчинӣ, ангиштсанг, лимити барқ, Тоҷикистон