Гаронарзиштарин футболбози рус 20 миллион евро мегирад: ӯ кист?

259
(Таҷдидшуда 13:43 30.12.2020)
Сомонаи расмии Transfermarkt рӯйхати гаронтарин футболбозони Русияро пас аз ислоҳи нархҳо нашр кард

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Рӯйхати гаронарзиштарин футболбозони Русияро  сомонаи расмии Transfermarkt нашр намудааст.

Бар асоси гузориши сомонаи мазкур, садрнишини гаронарзиштарин футболбозони рус Александр Головин мебошад.

Арзиши Головин 20 миллион евроро ташкил медиҳад.

Чаҳор бозӣ: футболбозони Эрон ба Тоҷикистон сафар мекунанд

Зимнан, дар мақоми дуюм нимҳимоятгари "Аталанта" Алексей Миранчук қарор гирифт, ки арзиши ӯ 18 миллион евроро ташкил медиҳад.

Ҳимоятгари ССКА – Марио Фернандес, ки низ 18 миллион евро арзиш дорад, дар мақоми сеюм ҷой гирифт.

Дастпарвари футболи тоҷик беҳтарин мураббии моҳ дар Премер Лигаи Русия дониста шуд

Ҷои чаҳорумро дарвозабони тими "Краснодар" Матвей Сафонов бо 15 миллион евро ишғол кард.

Антон Миранчук, нимҳимоятгари "Локомотив" дар зинаи панҷум ҷой гирифт, ки арзиши ӯ 14 миллион евро аст.

259
Барчаспҳо:
гаронарзиш, Русия, футбол

Макгрегор аз муҳорибаҳо барканор шуд

467
(Таҷдидшуда 15:50 26.01.2021)
Варзишкори номии муҳорибаҳои омехтаи ирландӣ Конор Макрегор муддати зиёде аз муҳорибаҳо канор мемонад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Варзишкор Конор Макгрегор ба наздикӣ ба майдагон бар намегардад. Дар ин бора пойгоҳи иттилоотии MMAJunkie хабар медиҳад.

Феълан, маълум аст, ки Конорро ним сол аз бозиҳо маҳрум карданд.

Ба ин хулоса табибон омаданд, ки вазъи саломатии Макгрегорро арзёбӣ намуданд. Бино бар иттилои табибон, гумон меравад, ки ӯ чанд захми ҷиддӣ бардоштааст.

Гуфта мешавад, шояд Макгрегор  устухони почаашро лат дода бошад. Ҳамин тавр, варзишкорро бо далелҳои тиббӣ аз муҳорибаҳо муваққатан барканор карданд.

Конор дар ҳолате ба майдон баргашта метавонад, ки захмҳои ҷиддӣ набошанд ва дарҳол табобат шаванд.

Ёдрас мешавем, мушкилӣ бо саломатии Макгрегор дар пайи муҳорибааш бо варзишкори амрикоӣ Дастин Поре ба миён омад. Бори нахуст дар карйерааш, ирландӣ бо накаут бохт.

Сарфи назар аз бохт: Конор аз Поре дида бештар маблағ мегирад

Конор дарҳол пас аз бозӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадовро ба "ҷанг" даъват кард ва гуфт, ки агар варзишкори русиягӣ баргардад, омода аст, боз бо вай муҳориба кунад.

467
Барчаспҳо:
барканорӣ, варзишгар, муҳориба
Пояс чемпиона UFC

Агар Ҳабиб наояд, кӣ барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад - раҳбари UFC номҳоро гуфт

1027
(Таҷдидшуда 22:58 24.01.2021)
Имрӯз номзадҳои эҳтимолӣ барои унвони қаҳрамонӣ дар як мусобиқа ширкат варзиданд. Муборизаи яке аз онҳо шомро пеш мебурду задухӯрди дигар рӯйдоди бузург буд

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт гуфт, ки агар қаҳрамони феълии ин ташкилот дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар ниҳоят карераи худро ба анҷом расонад, ба кӣ имконият медиҳад, то барои унвони қаҳрамонӣ мубориза барад.

Ӯ дар ин бора зимни нишасти хабарӣ пас аз мусобиқаи UFC 257 изҳор дошт.

Ба гуфтаи Уайт, амрикоиҳо Дастин Поре ва Майкл Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабук мубориза мебаранд.

"Агар Ҳабиб биравад, Поре ва Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ мубориза хоҳанд бурд",- гуфт роҳбари UFC.

Уайт гуфт, пас аз рақобати варзишкор Поре ва Конор дар доираи рақобати UFC 257 аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи баргаштан ба майдони ҳарб пурсон шуд.

Нурмуҳаммадов гуфт, барои рақобат бо Поре боз мегардад ё не?

Ба гуфти Ҳабиб на Макгрегор ва на Поре наметавонанд барои ӯ рақиб бошанд.

"Ман бо Ҳабиб суҳбат кардам, ӯ ба ман гуфт: "Дана биё росташро мегӯем, ман чанд сатҳ аз ин бачаҳо болотарам". Намедонам ин сухан хурсандиовар нанамуд, мебинем", - гуфт раҳбари UFC Дана Уайт.

Аммо ин гуфтаҳои Ҳабиб ба варзишкори дигари амрикоӣ Майкл Чандлер хуш наомад ва ӯ Ҳабибро ба майдони ҳарб даъват кард.

Бояд гуфт, ки ҳарду варзишгари эҳтимолӣ, ки барои камарбанд имкон дорад мубориза баранд, имрӯз дар мусобиқае, ки дар "Ҷазираи муҳорибаҳо" -и Абу-Даби баргузор шуда буд, ҳунарнамоӣ карданд.

Муборизаи Чандлер бо Дэн Ҳукер аз Зеландияи Нав барҷастатарини шом буд ва муқовимати Поре ва Макгрегор муборизаи асосӣ буд.

Посухи Конор ба шарҳи Ҳабиб дар бораи шикаст: ба майдон хонд

Поре дар даври дуввум бо нокаут пирӯз шуд, Чандлер рақиби худро бо зарбаҳои шадид дар даври аввал мағлуб кард.

 

 

1027
Барчаспҳо:
зӯрозмоии размикорон, қаҳрамонӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC
Самолет на закате, архивное фото

Ҳар чи зудтар: Дастури Раҳмон барои барқарорсозии парвозҳо ва ташкили хатсайрҳои нав

0
Ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди кишвар дар соли 2020, ки имрӯз тақрибан тамоми рӯз идома ёфт, президенти кишвар ба масоили хадамоти ҳавоӣ низ дахл кардааст

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар маҷлиси  васеи Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини хадамоти ҳавоии кишвар дастур додааст, ки ҳар чи зудтар сатҳу сифати хизматрасонӣ дар истиқболу интиқоли мусофирон, барқарорсозӣ ва ташкили хатсайрҳои навро роҳандозӣ намоянд.

“Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Субҳонзода Икром, директорони генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” Қурбони Алимардон дастур доданд, ки ҳар чи зудтар сатҳу сифати хизматрасонӣ дар истиқболу интиқоли мусофирон, барқарорсозӣ ва ташкили хатсайрҳои навро роҳандозӣ намоянд”,-афзудааст, котиботи президент.

Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта зимни ироаи паёми солона Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон ба зудӣ парвозҳоро бо дигар кишварҳо барқарор мекунад.
Дар баробари ин, президент санаи дақиқи бозкушоии марзҳоро нагуфт.

Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон аз саргирии парвозҳо бо шарафи пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирус даст медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26 январ аз пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирус эълом кард.

Раҳмон пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро эълон кард

Дар баробари ин президент қайд кард, ки дар сурати бозкушоии марзҳо, карантини 14 - рӯза низ барқарор мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон аз тобистони соли гузашта инҷониб бо Русия, ки хатсайри маъмул ба шумор меравад, масъалаи барқарор кардани парвозҳоро баррасӣ дорад. Аммо то кунун чизе дар ин самт рушан нашудааст.

0
Барчаспҳо:
дастур, парвозҳо, Эмомалӣ Раҳмон