бывший защитник сборной Таджикистана Рахматулло Фузайлов

Раҳматулло Фузайлов сармураббии "Истаравшан" шуд

89
(Таҷдидшуда 16:56 12.01.2021)
Раҳматулло Фузайлов ба ҷои Алиёр Ашӯрмамадов ба вазифаи мураббии нави клуби футболи "Истаравшан" таъин карда шуд

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Футболбози маъруфи тоҷику рус, ҳимоятгар Раҳматулло Фузайлов сармураббии бошгоҳи футболи "Истаравшан" таъин шуд, иттилоъ медиҳад ТВ "Варзиш".

Қаблан, ин вазифаро Алиёр Ашӯрмамадов аз моҳи марти соли 2020 иҷро мекард. Маълум аст, ки Фузайлови 42-сола ба мураббигӣ соли 2016 дар дастаи "ССКА-Помир" шурӯъ намуда, сипас мураббии  "Куктош" буд.

Футболбоз Раҳматулло Фузайлов оғози фаъолияти варзишии худро дар клубҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гузаронидааст.

Дар ҳайати "Нефтчи" -и Фарғона вай ду маротиба дар чемпионати Ӯзбекистон медалҳои нуқра ба даст овард, соҳиби Ҷом гардид.

Ғайр аз ин, аз соли 2000, ӯ дар чор клуби Русия -  "Шинник Ярославл", "Алания Владикавказ", "Лада Тольятти", "Носта Новотроицк" бозӣ мекард.

Исми беҳтарин футболбози тоҷик дар соли ҷорӣ эълон шуд

Соли 2007 ба Тоҷикистон баргашт ва дар дастаи "ССКА-Помир"-и Душанбе шомил шуд ва аз соли 2008 дар чемпионати Тоҷикистон дар бошгоҳҳои "Энергетик", "Вахш", "Регар-ТадАЗ" пайваст.

89
Барчаспҳо:
Истаравшан, сармураббӣ таъин шуд, сармураббӣ
Заррух Адашев интервью

Бори нахуст ба UFC тоҷики самарқандӣ роҳ ёфт - навор

220
(Таҷдидшуда 13:39 28.01.2021)
Заррух Адашев, ки аслаш аз Тоҷикистон, вале зодаи Самарқанд мебошад, нахустин варзишгаре хоҳад буд, ки ба UFC роҳ ёфт

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Размикори ӯзбек, ки ахиран шомили UFC гардидааст, аслан тоҷик аст, вале дар Самарқанд ба воя расидааст. Ӯ худ тоҷик буданашро инкор намекунад ва мегӯяд, чун дар Ӯзбекистон хуни нофаш рехтааст, аз ин рӯ бо парчами ин кишвар ба майдон мебарояд.

Адашев ҳанӯз ним сол қабл вориди UFC шуд, вале муборизаи ӯ бидуни пирӯзӣ анҷом ёфт. Инчунин набарди рӯзи 20 январ ҳам барои ӯ ноком гузашт.

Ин размикор мегӯяд, муоширати ӯ бо волидонаш аслан бо забони тоҷикӣ аст, вале чун дар Ӯзбекистон калон шудааст, аз ин рӯ маҳз ин кишварро намояндагӣ мекунад.

Варзишгари 20 солаи тоҷик аз Русия бо медали тилло баргашт

Адашев дар муроҷиат ба ҳаводони тоҷику ӯзбеки худ мегӯяд ӯро тақсим накунанд ва аз ӯ наранҷанд.

Ин размикор соли 2019 озими Амрико шуд ва новобаста ба тамоми мушкилоте, ки ӯро дунболагир буд, тавонист мавқеяшро дар ҷомеа дарёбад.

Заррух Адашев дар Амрико ҳам ронандаи таксӣ ва ҳам ҳаммол буд, вале ҳоло ки бо UFC созишнома бастааст, ҷаҳд дорад то камардандро ба даст орад.

220
Барчаспҳо:
навор, варзишгар, тоҷик, қаҳрамони UFC

Макгрегор аз муҳорибаҳо барканор шуд

472
(Таҷдидшуда 15:50 26.01.2021)
Варзишкори номии муҳорибаҳои омехтаи ирландӣ Конор Макрегор муддати зиёде аз муҳорибаҳо канор мемонад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Варзишкор Конор Макгрегор ба наздикӣ ба майдагон бар намегардад. Дар ин бора пойгоҳи иттилоотии MMAJunkie хабар медиҳад.

Феълан, маълум аст, ки Конорро ним сол аз бозиҳо маҳрум карданд.

Ба ин хулоса табибон омаданд, ки вазъи саломатии Макгрегорро арзёбӣ намуданд. Бино бар иттилои табибон, гумон меравад, ки ӯ чанд захми ҷиддӣ бардоштааст.

Гуфта мешавад, шояд Макгрегор  устухони почаашро лат дода бошад. Ҳамин тавр, варзишкорро бо далелҳои тиббӣ аз муҳорибаҳо муваққатан барканор карданд.

Конор дар ҳолате ба майдон баргашта метавонад, ки захмҳои ҷиддӣ набошанд ва дарҳол табобат шаванд.

Ёдрас мешавем, мушкилӣ бо саломатии Макгрегор дар пайи муҳорибааш бо варзишкори амрикоӣ Дастин Поре ба миён омад. Бори нахуст дар карйерааш, ирландӣ бо накаут бохт.

Сарфи назар аз бохт: Конор аз Поре дида бештар маблағ мегирад

Конор дарҳол пас аз бозӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадовро ба "ҷанг" даъват кард ва гуфт, ки агар варзишкори русиягӣ баргардад, омода аст, боз бо вай муҳориба кунад.

472
Барчаспҳо:
барканорӣ, варзишгар, муҳориба
Посол Республики Таджикистан в РФ Имомуддин Сатторов

Сатторов: дар Тоҷикистон ҳама интизори бозкушоии марзҳо бо Русия ҳастанд

0
(Таҷдидшуда 17:12 28.01.2021)
Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов сабаби дидору гуфтугӯ бо сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират Валентина Казаковаро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Ахиран дар шаҳри Маскав  мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират Валентина Казакова баргузор шуд.

Дар ин дидор дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия вобаста ба масоили танзими ҳуқуқии иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ, дар ҳудуди Русия мавриди муҳокима қарор гирифт.

Сафири Тоҷикистон дар Русия ба Sputnik Тоҷикистон ҷанбаҳои муҳими музокиротро шарҳ дод.

"Тартиби воридшавии муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин суръат бахшидани имзои созишнома дар бахши муҳоҷират, ки ҳоло дар сатҳи баррасии тарафҳо қарор дорад, баррасӣ шуд", - гуфт сафир.

Инчунин сафир қайд кард, ки бо намояндаи ВКД Русия масъалаҳои марбут ба лағви қарорҳо барои манъи воридшавии гуруҳи муайяни шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русияро ба таври муфассал баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон зимни мулоқот тарафҳо доир ба механизми ҷалби муташаккилонаи мутахассисон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия табодули афкор сурат гирифт.

"Имконияти таҳияи механизми ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор дар соҳаи сохтмонро баррасӣ кардем", - қайд кард Сатторов.

Дипломат ёдовар шуд, ки тибқи қарори мақомоти Русия, муҳоҷирони меҳнатӣ бо дархости ширкатҳои сохтмонӣ ба кор дар сохтмонҳо ҷалб карда мешаванд.

Ҷонибҳо инчунин масъалаи қонунигардонии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатиро низ баррасӣ карданд.

Сатторов зикр кард, ки то ҳол оилаҳое ҳастанд, ки фарзандонашон дар ҳолати ғайриқонунӣ қарор доранд, онҳо наметавонанд ба мактаб ва боғчаҳо раванд ва ин як мушкили ҷиддии иҷтимоӣ аст.

"Агар дар бораи ҳамгироии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия зиндагӣ мекунад, бигӯем, ташрифи кӯдакон ба мактабҳову кӯдакистонҳо имкон медиҳад дар ин сину сол зуд забони русиро аз худ кунанд ва ба ҷомеъа ҳамгиро карда шаванд", - гуфт Сатторов.

Ба ақидаи сафир, агар яке аз волидон дар Русия кор кунаду пули патент супорад, пас фарзандаш ҳатман бояд имкон дошта бошад дар мактаб таҳсил кунаду забон биомӯзад.

Сафир дар робита ба масъалаи барқароршавии парвозҳои мустақим миёни Русия ва Тоҷикистон таъкид кард, ки  вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас беҳтар гардидааст.

"Дар тӯли ду ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба коронавирус сабт нашудааст, аз ин рӯ ҳоло хатари ворид кардани вирус ба қаламрави Русия хеле кам аст. Ҳама дар Тоҷикистон мунтазири бозкушоии марзҳо ҳастанд, мардум мехоҳанд ба кор биёянд", - илова кард Сатторов.

Сафири Тоҷикистон дар Русия ҳамзамон таъкид доштааст, ки зимни дидор бо Валентина Казакова аҳамияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолият бо мақсади танзими равандҳои муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон таъкид карда шуд.

Гуфта шудааст, ки дар ин робита, омодагии тарафайн ҷиҳати мусоидат ба анҷоми раванди мувофиқасозии лоиҳаи созишномаҳо дар соҳаи муҳоҷират иброз гардид.

0
Барчаспҳо:
муҳоҷират, дидор, мулоқот, Имомуддин Сатторов, Сатторов, Тоҷикистон