Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков

Иштироки Сомон Маҳмадбеков ва ду паҳлавони дигар дар мусобиқаи World Judo Masters

241
(Таҷдидшуда 00:54 06.01.2021)
Федератсияи дзюдои Тоҷикистон эълон кардааст, ки ҷумҳуриро дар мусобиқаи World Judo Masters се паҳлавон муаррифӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 6 янв – Sputnik. Бино бар иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, мусобиқаи мазкур аз 11 то 13 январ дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа баргузор мешавад.

Қадрдонии Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷаҳонпаҳлавон Сомон Маҳмадбеков

Гуфта шудааст, ки дар мусобиқаи World Judo Masters, Тоҷикистонро Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳар ду дар вазни - 73 килограмм) ва Темур Раҳимов (+100 килограмм) муаррифӣ хоҳанд кард.

Бар пояи маълумоти IJF, дар мусобиқаи мазкур 396 варзишгар (214 мард, 182 зан) аз 70 давлати дунё иштирок хоҳанд кард.

Мулоқоти ноибони Эмомалӣ Раҳмон бо Сомон Маҳмадбеков-акс

Ёдрас мешавем, ки дар радабандии ҷаҳонии дзюдо Сомон Маҳмадбеков дар ҷои 14, Беҳрӯз Хоҷазода дар ҷои 17 ва Темур Раҳимов дар ҷои 30 қарор доранд.

241
Барчаспҳо:
паҳлавон, Қатар, Сомон Маҳмадбеков, ҷудо, Тоҷикистон
Элдор Шомуродов во время игры

“Ювентус” овозаҳо дар бораи ба клуби итолиёвӣ гузаштани Шомуродовро шарҳ дод

310
(Таҷдидшуда 18:28 14.01.2021)
Намояндаи клуб гуфтааст, ки тими машҳури итолиёвӣ дар симои форварди ӯзбек ҳоло ба тақвият ниёз надорад

ДУШАНБЕ, 14 янв - Sputnik. Директори варзиши “Ювентус” Фабио Паратич изҳороте, ки қаблан дар бораи таваҷҷӯҳи клуб ба ҳамлагари Узбекистон Элдор Шомуродов пайдо шуда буд, шарҳ дод, менависад РИА Новости.

Нашрияи Football Italia мегӯяд, ки дастаи итолиёвӣ ҳанӯз ҳайаташро дар симои ҳамлагари узбак тақвият доданӣ нест.

"Агар мо дар бораи Шомуродов ҳарф занем, ман қаблан гуфтам, ки дастаи мо рақобатпазир аст. Агар дар бозор имкониятҳои умедбахш ба миён оянд, мо аз он истифода хоҳем кард. Ҳоло набояд шитоб кунем",- гуфт Паратичи.

Чанде пеш, рӯзномаи варзишии Италия La Gazzetta dello Sport ба Шомуродов мақолае бахшид, ки дар он ӯро падидаи иҷтимоӣ дар майдон ва умеди сурху кабудпӯшон ба ояндаи беҳтар номид.

Инчунин қаблан дар ВАО-и Итолиё онҳо дар бораи он, ки “Ювентус” ба ҳамлагари 25-солаи “Ҷеноа” Элдор Шомуродов чашм дӯхта истодааст, ҳангомаҳо буд

310
Барчаспҳо:
харидорӣ, гузариш, бозигар, Ӯзбекистон
Таджикский дзюдоист Темур Рахимов взял бронзу на Гран-при в Мароккоъ

Темур Раҳимов дар "Мастерс" мақоми панҷум касб кард - навор

148
(Таҷдидшуда 13:13 14.01.2021)
Тибқи низомномаи мусобиқаи "Мастерс" ба нафаре, ки ҷои 5 - умро ишғол мекунад, 648 имтиёз дода мешавад

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Темур Раҳимов ҷудокори варзидаи тоҷик дар мусобиқаи бонуфузи "Doha Masters 2021" мақоми панҷумро аз худ кард, хабар медиҳад Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.

Самбист Бехруз Ходжазода, архивное фото
© Фото : Международная федерация самбо (ФИАС)

Ба иттилои манбаъ, Раҳимов дар аввалин рақобаташ ҷудокори Австрия Штефан Хегиро дар "голден-скор" бо иҷрои "окури-аши" шикаст дод.

Мақоми Сомону Беҳрӯз ва Комроншоҳ дар радабандии ҷаҳонӣ оид ба дзюдо маълум шуд

Дар даври дуюм ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпии Рио-2016 – варзишгари Исроил, Ор Сассонро дар вақти изофӣ  шикаст дода, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар ин марҳила ӯ бо варзишгари русиягӣ - Инал Тасоев ба татами баромад, вале натавонист бар ин ҳарифаш дастболо гардад. 

Дар даври тасаллобахш  Темур аз як ҳолати мусоид истифода бурда, ҳарифи худ Ким Минёнгро дар ҳолати "осаекоми" нигоҳ дошт ва бо имтиёзи иппон ғолиб гардид.

Ҳамин тариқ, барои дарёфти медали биринҷӣ Темур Раҳимов  бо дорандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон-2015, ғолиби Чемпионати ҷаҳон-2016 миёни ҷавонон, намояндаи Украина  Яков Хаммо рӯ ба рӯ шуд.

Дар ин рақобати ҳалкунанда Темур Раҳимов шикаст хурд ва мақоми панҷумро соҳиб шуд.

Тибқи низомномаи мусобиқаи "Мастерс" ба нафаре, ки ҷои 5-умро ишғол мекунад, 648 имтиёз дода мешавад.

148
Барчаспҳо:
варзишгари тоҷик, ҷудо, мусобиқа

Эмгузаронии оммавӣ алайҳи COVID-19 дар Русия оғоз мешавад-навор

0
Дар Русия аз ҳафтаи оянда, эмгузаронии оммавӣ алайҳи коронависрус оғоз мешавад. Президенти Русия, Владимир Путин дар ин бора ҳукумати кишварашро муваззаф кардааст

Раисиҷумҳури Русия зимни дастури эмгузаронии оммавии аҳолӣ таъкид карда буд, ки ваксинаи русӣ алайҳи коронавирус шароити хоси интиқолро талаб намекунад ва зарур хонд, ки инфрасохтори зарурӣ ҳарчӣ зудтар фароҳам шавад.

Ваксинаи “Sputnik V” аллакай дар бисёр кишварҳои ҳамсоя истифода мешавад. Аз ҷумла дар як пойгоҳи низомии Русия дар Арманистон, ҳайати шахсӣ бо ин ваксина эмгузаронӣ шуданд.

Таъкид мешавад, ки дар ваксинагузаронӣ ҳама чиз ихтиёрӣ, бо розигии хаттии ҳайати низомӣ ва ҳам дигар гуруҳи шаҳрвандон сурат мегирад.

Дар Беларус "Sputnik V"-ро аввалин шуда, табибон гирифтанд.  Баъдтар, дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 5,5 миллион нафар эм карда мешаванд.

Дар Қазоқистон ваксинагузаронӣ ҳанӯз оғоз нашудааст, аммо дар Караганда истеҳсоли доруи Русия аллакай дар авҷ аст. 

Дар Украина низ ба "Sputnik V" таваҷҷуҳ доранд. Онҳо аллакай ба ҷамъоварии имзоҳо барои сабти ном ва истеҳсоли ваксинаи Русия шурӯъ кардаанд.

Bloomberg самаранокии ваксинаи русии "Спутник V" -ро тасдиқ кард

Барои онҳое, ки имкони эмгузаронӣ ҳанӯз ба даст наомадааст, хабари хуш низ ҳаст: Озмоишҳои иловагии пӯсти тӯс барои пешгирии коронавирус ба анҷом расиданд. Даво аз ҷониби олимони ёқутистонӣ сохта шудааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки он хавфи бемориҳоро кам мекунад ва инчунин раванди барқарорсозиро осон месозад.

0
Барчаспҳо:
вируси корона, беморӣ, навор, Русия, Русия