Баходур Усмонов стал чемпионом по боксу

Усмонов боз пирӯз шуд: доварон ғолибиятро ба размикори тоҷик доданд

339
(Таҷдидшуда 14:12 14.01.2021)
Ёдовар мешавем, ки Баҳодур Усмонов дар дидори аввали худ варзишгари рус Вилдан Минасовро шикаст дода буд

ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дуюмин набарди худро дар бокси касбӣ доир кард.

Қаҳрамони Осиё Усмонов дар “Лига Ставок. Ҷоми Матч! Боетс” бо рақиби худ Эмир Басиров қувваозмоӣ намуд. Рақобат барои ҳар ду варзишгар хело мушкил паси сар гардид.

Баҳодур Усмонов дар даври аввали мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Урдун пирӯз шуд

Набарди муштзанҳо 4 раунд идома карда, Усмонов тавонист, ки бо гирифтани шумораи зиёди имтиёзҳо ғалаба кунад. 
Ёдовар мешавем, ки Баҳодур Усмонов дар дидори аввали худ варзишгари рус Вилдан Минасовро ноком карда буд.

339
Барчаспҳо:
муҳориба, пирӯз, тоҷик, варзишгар

Макгрегор аз муҳорибаҳо барканор шуд

466
(Таҷдидшуда 15:50 26.01.2021)
Варзишкори номии муҳорибаҳои омехтаи ирландӣ Конор Макрегор муддати зиёде аз муҳорибаҳо канор мемонад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Варзишкор Конор Макгрегор ба наздикӣ ба майдагон бар намегардад. Дар ин бора пойгоҳи иттилоотии MMAJunkie хабар медиҳад.

Феълан, маълум аст, ки Конорро ним сол аз бозиҳо маҳрум карданд.

Ба ин хулоса табибон омаданд, ки вазъи саломатии Макгрегорро арзёбӣ намуданд. Бино бар иттилои табибон, гумон меравад, ки ӯ чанд захми ҷиддӣ бардоштааст.

Гуфта мешавад, шояд Макгрегор  устухони почаашро лат дода бошад. Ҳамин тавр, варзишкорро бо далелҳои тиббӣ аз муҳорибаҳо муваққатан барканор карданд.

Конор дар ҳолате ба майдон баргашта метавонад, ки захмҳои ҷиддӣ набошанд ва дарҳол табобат шаванд.

Ёдрас мешавем, мушкилӣ бо саломатии Макгрегор дар пайи муҳорибааш бо варзишкори амрикоӣ Дастин Поре ба миён омад. Бори нахуст дар карйерааш, ирландӣ бо накаут бохт.

Сарфи назар аз бохт: Конор аз Поре дида бештар маблағ мегирад

Конор дарҳол пас аз бозӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадовро ба "ҷанг" даъват кард ва гуфт, ки агар варзишкори русиягӣ баргардад, омода аст, боз бо вай муҳориба кунад.

466
Барчаспҳо:
барканорӣ, варзишгар, муҳориба
Пояс чемпиона UFC

Агар Ҳабиб наояд, кӣ барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад - раҳбари UFC номҳоро гуфт

1026
(Таҷдидшуда 22:58 24.01.2021)
Имрӯз номзадҳои эҳтимолӣ барои унвони қаҳрамонӣ дар як мусобиқа ширкат варзиданд. Муборизаи яке аз онҳо шомро пеш мебурду задухӯрди дигар рӯйдоди бузург буд

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт гуфт, ки агар қаҳрамони феълии ин ташкилот дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар ниҳоят карераи худро ба анҷом расонад, ба кӣ имконият медиҳад, то барои унвони қаҳрамонӣ мубориза барад.

Ӯ дар ин бора зимни нишасти хабарӣ пас аз мусобиқаи UFC 257 изҳор дошт.

Ба гуфтаи Уайт, амрикоиҳо Дастин Поре ва Майкл Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабук мубориза мебаранд.

"Агар Ҳабиб биравад, Поре ва Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ мубориза хоҳанд бурд",- гуфт роҳбари UFC.

Уайт гуфт, пас аз рақобати варзишкор Поре ва Конор дар доираи рақобати UFC 257 аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи баргаштан ба майдони ҳарб пурсон шуд.

Нурмуҳаммадов гуфт, барои рақобат бо Поре боз мегардад ё не?

Ба гуфти Ҳабиб на Макгрегор ва на Поре наметавонанд барои ӯ рақиб бошанд.

"Ман бо Ҳабиб суҳбат кардам, ӯ ба ман гуфт: "Дана биё росташро мегӯем, ман чанд сатҳ аз ин бачаҳо болотарам". Намедонам ин сухан хурсандиовар нанамуд, мебинем", - гуфт раҳбари UFC Дана Уайт.

Аммо ин гуфтаҳои Ҳабиб ба варзишкори дигари амрикоӣ Майкл Чандлер хуш наомад ва ӯ Ҳабибро ба майдони ҳарб даъват кард.

Бояд гуфт, ки ҳарду варзишгари эҳтимолӣ, ки барои камарбанд имкон дорад мубориза баранд, имрӯз дар мусобиқае, ки дар "Ҷазираи муҳорибаҳо" -и Абу-Даби баргузор шуда буд, ҳунарнамоӣ карданд.

Муборизаи Чандлер бо Дэн Ҳукер аз Зеландияи Нав барҷастатарини шом буд ва муқовимати Поре ва Макгрегор муборизаи асосӣ буд.

Посухи Конор ба шарҳи Ҳабиб дар бораи шикаст: ба майдон хонд

Поре дар даври дуввум бо нокаут пирӯз шуд, Чандлер рақиби худро бо зарбаҳои шадид дар даври аввал мағлуб кард.

 

 

1026
Барчаспҳо:
зӯрозмоии размикорон, қаҳрамонӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC

Таъкиди Раҳмон ба таъйиноти кадрӣ ва ҳисоботи рондани тасодуфиҳо аз гумрук, андоз ва бонк

46
(Таҷдидшуда 22:37 27.01.2021)
Музафффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи Ҳукумат ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод, ки мақомоти гумрук, андоз, идораи давлатӣ ва бонкҳо аз шахсони тасдуфию ғайрикасбӣ тоза карда шуданд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар маҷлиси  васеи Ҳукумати мамлакат ҳисоботи вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашуриён оид ба натиҷаи аттестатсияи кормандон шунида шуд.

Вазир гузориш додааст, ки аттестатсияи корманди сохторҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, бонки миллӣ ва бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”,  аз 3 марти соли 2019 то 7 декабри соли 2020 идома дошт

Вазири адлия таъкид кардааст, ки аз сохторҳои зикршуда 7523 нафар аз аттестатсия гузаштанд.

“Аз руи натиҷаи аттестатсия аз сохторҳои номбаршуда шахсони тасодуфӣ, ғайрикасбӣ ва нафароне, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд, аз вазифа озод ва баъзеашон ба вазифаҳои паст гузаронида шуданд”, - изҳор дошт вазири адлия. Аммо Ашӯриён нагуфтааст, тасодуфиён дар ин мақомот чанд нафарро ташкил додаанд.

Дар посух Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаст, ки минбаъд низ ба хотири ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо дар вазорату идораҳои давлатӣ назорат пурзӯр гардида, тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

Аттестатсия дар ҳоле сурат гирифтааст, ки Эмомалӣ Раҳмон қаблан аз фасодкории густурда дар мақомоти молия, аз ҷумла андоз, гумрук ва бонкҳо интиқод карда, таъкид намуда буд, ки афроди баландпоя низ дар он даст доранду барои ислоҳи вазъ супориш дод.

46
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, тағйироти кадрӣ, Тоҷикистон, Тоҷикистон