Мусобиқаи Мастерс барои Сомону Беҳрӯз хотима ёфт

© Национальный олимпийский комитет РТ Таджикский атлет Бехруз Ходжазода выиграл серебряную медаль Гран-При Ташкента по дзюдо
 Таджикский атлет Бехруз Ходжазода выиграл серебряную медаль Гран-При Ташкента по дзюдо - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавонпаҳлавонони тоҷик, Беҳрӯз Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков дар даври якуми мусобиқа шикаст хӯрданд ва аз идомаи қувваозмоӣ маҳрум шуданд

ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik.  Аз миёни се варзишгар, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи Мастерс муаррифӣ мекунанд, дутои онҳо аллакай мағлуб шуданд, хабар медиҳад сомонаи Варзиш. 

Самбист Бехруз Ходжазода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Паҳлавон Беҳрӯз Хоҷазода барои роҳхати Олимпиада мубориза мебарад

Ба иттилои манбаъ, паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар даври якуми мусобиқаи Мастерси ҷудо бо Акил Гяков аз Косово ҳунарнамоӣ кард.

Рақобат барои ҳар ду гӯштингир мушкил паси сар шуд. Чемпиони Гран При Будапешт-2019 Акил Гяков дар вақти изофа як имтиёз ба даст оварда, ба даври дуюм роҳ ёфт.

Ҳамчунин, паҳлавони дигари тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода аз рақиби худ Виктор Стерпу қаҳрамони феълии Аврупо дар даври якуми мусобиқаи Мастерс мағлуб шуд.

Беҳрӯз Хоҷазода дар Гран-при дар Исроил аз ду ҳарифаш мағлуб шуд

Рақобатро Беҳрӯз хело хуб оғоз кард, аммо Виктор Стерпу паҳлавони тоҷикро буғӣ карда, роҳхати даври дуюмро ба даст овард.

Ҳоло иштирокчии охирини Мастерс аз Тоҷикистон Темур Раҳимов  пагоҳ бо Стефан Ҳегйи аз Австрия рақобат мекунад.

Лентаи хабарҳо
0