ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Қаҳрамони вазни сабуки UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов шикасти варзишкори муҳорибаи омехтаи Ирландия Конор Макгрегорро дар сабқати асосии UFC 257 шарҳ дод.
Дар Аморати Муттаҳидаи Араб мубориза байни Конор Магрегор ва Дастин Поре баргузор шуд. Мубориза дар даври дуввум пас аз он ба поён расид, ки Поре Макгрегорро нокаут кард.
Ҳамин тариқ, варзишкори амрикоӣ аз Конори ирландӣ барои шикасташ дар соли 2014 "интиқом" гирифт.
Ҳабиб Нурмуҳаммадов пирӯзии Дастин Поре бар Конор Макгрегорро шарҳ дод.
Нурмуҳаммадов дар сафҳаи Твиттери худ навиштааст: "Ин вақте рух медиҳад, ки шумо дастаро иваз мекунед, шарикони тамриниро, ки шуморо қаҳрамон карданд тарк мекунед ва мусобиқаи тамриниро бо нафарони хурд оғоз мекунеду аз воқеият дур мемонед".
This is what happened, when you change your team, leave the sparring partners who made you a champion and sparring with little kids, far away from reality.
— khabib nurmagomedov (@TeamKhabib) January 24, 2021
Ҳамзамон, Хабиб ҳанӯз эълом накардааст, ки оё ӯ омодааст дубора карйераи худро оғоз кунад ва барои муборизаи 30-юми охирин ба ҳаштагона баргардад.
Ёдовар мешавем, пештар Нурмуҳаммадов пирӯзии Дастин Пореро пешгӯӣ карда буд.
ДУШАНБЕ, 4 март - Sputnik. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбози тоҷик бо тими "Қизилқум" –и Ӯзбекистон шартнома баст.
Ба иттилои манбаъ, муҳлати шартномаи Ҷаҳонгир Эргашев то охири мавсими ҷорӣ буда, ҳамакнун ӯ дар Суперлигаи Ӯзбекистон бозӣ мекунад.
Ҷаҳонгир Эргашеви 26-сол дошта нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон мебошад ва яке аз футболбозони умедбахши кишвар гуфта мешавад
Тими охирини Эргашев “Хуҷанд” буд, ки ӯ бо он даста медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистонро дар мавсими гузашта ба даст овард.
Қабл аз “Хуҷанд” ӯ дар тими "Саиф Спортинг Клуб"-и Бангладеш бозӣ мекарда ва тобистони гузашта дубора ба ин дастаи аввалааш баргашт.
Восиев, футболбози тими миллии Тоҷикистон ба "Тамбов" гузашт
Ҷаҳонгир Эргашев дастпарвари футболи Суғд аст. Фаъолияти касбии худро дар “Хуҷанд” оғоз кардааст. Дар ҳайати асосӣ "Хуҷанд" ӯ чаҳор маротиба ноиби чемпиони кишвар (2015, 2017, 2018, 2019) ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон (2017) шуд.
Президенти ФФТ ба деҳот рӯй овардааст: ташкили лига ва чемпионати нав
Ёдовар мешавем, авохири моҳи гузашта ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, Фарҳод Восиев бо бошгоҳи футболи "Тамбов" шартнома баст.
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ёздаҳ варзишгари тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Маскав иштирок мекунанд.
25-26 март дар пойтихти Русия, ба ёдбуди асосгузори гӯштини самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии самбо баргузор мешавад, ки дар он 11 самбочии тоҷик иштирок мекунанд, гузориш медиҳад "Ховар".
Паҳлавонони тоҷик ҳам дар самбои варзишӣ ва ҳам самбои размӣ ширкат мекунанд. Ин мусобиқа яке аз сабқатҳои пурнуфузи самбо дар ҷаҳон буда, чемпионати ҷаҳони ғайрирасмӣ номида мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Зафар Олимшоев, Деваштич Убайдӣ, Сорбон Латифов, Сомон Сангов, Садр Боев, Рамазон Ҷумъев, Аҳтам Ҳусейнов, Меҳрубони Абдулҳақ ва Алхатаби Фирдавс намояндагӣ мекунанд.
Хотиррасон мешавем, ки соли 2020 ин сабқати пурнуфузи самбо бо сабаби бемории коронавирус моҳи декабр баргузор шуд, ки варзишгарони тоҷик дар он 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Омодагии муштзани мағлубнашудаи тоҷик Сангинов барои шикасти варзишкори амрикоӣ
Алимуҳаммад Алиев дар ду намуд – самбои варзишӣ ва самбои размӣ – дар вазни то 57 кило ду медали биринҷӣ ба даст овард. Медали дигари биринҷиро Деваштич Убайдӣ дар намуди самбои варзишӣ дар вазни то 74 кило соҳиб шуд.
Инчунин ду медали дигари биринҷиро Муҳиддин Муҳиддинов дар вазни то 68 кило ва Осмонбег Қуқаниев дар вазни беш аз 100 кило дар рақобатҳои самбои размӣ гирифтанд.
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов қасд дорад ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад, гуфт вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Руслан Казакбоев дар як нишасти матбуотӣ.
Зимни суханронӣ дар брифинг роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи сафарҳои ояндаи байналмилалии сарвари давлат сухан гуфт.
"Президент ният дорад сафари навбатии худро ба Ӯзбекистон анҷом диҳад. Тахминан рӯзҳои 11-12 март", - гуфт сарвари вазорати корҳои хориҷӣ.
Ба гуфтаи Казакбоев, Ҷабборов инчунин қасд дорад ба кишварҳои ҳамсоя - Чин, Тоҷикистон ва Туркманистон сафар кунад.
Ҷабборов ба кишвардори Русия тӯҳфаи ғайриоддӣ дод
Хотиррасон мекунем, ки қаблан Президент ба Русия ва Қазоқистон ташриф оварда буд.
Дар Маскав вай бо Владимиров Путин мулоқот кард. Ҷабборов ба ҳамтои руси худ тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро тақдим кард.