Нурмуҳаммадов гуфт, барои рақобат бо Поре боз мегардад ё не?

1277
(Таҷдидшуда 14:04 24.01.2021)
Аз қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов пурсиданд, ки оё барои рақобат бо Дастин Поре, ки имрӯз варзишкори ирландӣ Конор Макгрегорро шикаст дод, ба октагон бозмегардад ё не

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов аз баргаҳтан ба октагон ба хотири рақобат бо Дастин Поре дааст кашид, гуфт раҳбари UFC Дана Уайт.

Уайт гуфт, пас аз рақобати варзишкори амрикоӣ Дастин Поре ва Конор Макгрегор дар доираи рақобати UFC 257 аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи баргаштан ба майдони ҳарб пурсон шуд.

Ҳабиб гуфт, чаро Конор аз Поре шикаси хӯрд

Ба гуфти Ҳабиб на Макгрегор ва на Поре наметавонанд барои ӯ рақиб бошанд.

"Ман бо Ҳабиб суҳбат кардам, ӯ ба ман гуфт:"Дэйна биё росташро мегӯем, ман чанд сатҳ аз ин бачаҳо болотарам". Намедонам ин сухан хурсандиовар нанамуд, мебинем", - гуфт раҳбари UFC Дана Уайт.

Дигар аз ҷояш нахест: Поре ба таври муассир Макгрегорро нокаут кард - видео

Ёдрас мешавем, ки дар доираи мусобиқаи UFC 257 дар Аморати Муттаҳидаи Араб Конор вохӯрии варзишкори ирландӣ Макгрегор ва амрикоӣ Дастин Поре баргузор шуд.

Дар ин рақобат Поре Макгрегорро нокаут кард.

1277
Барчаспҳо:
баргаштан, рақобат, АМА, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Макгрегор
Футбольный клуб Худжанд

Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия мераванд: мақсад чист?

88
(Таҷдидшуда 20:34 05.03.2021)
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия сафар карда 10 рӯз он ҷо мемонанд. Пеша аз сафар раиси вилояти Суғд бо онҳо мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо футболбозони клуби "Хуҷанд" дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят аснои мулоқот бо ҳайати даста гуфтааст, ки роҳбарияти вилоят дар партави дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, клубҳои футболро мунтазам дастгирӣ менамояд.

Дар ин росто бозингарони дастаи "Хуҷанд"  бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва омодагӣ ба мавсими нави футбол, инчунин омӯзиши техникаҳои нави бозии футбол ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар карда мешаванд.

"Бозингарони "Хуҷанд" давоми 10 рӯз дар Туркия се бозии рафиқона анҷом дода, барои иштирок дар чемпионатҳо омодагӣ мебинанд", - омадааст дар хабарнома.

Таъкид гардида, ки минбаъд дастаҳои футболи "Эсхата" ва "Истаравшан" низ барои такмили маҳорат ва мубодилаи таҷриба ба кишварҳои дуру наздик фиристода мешаванд.

Раиси вилоят дар поёни мулоқот ба шахсони масъул ҷиҳати беҳтар намудани шароити бозингарон, омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футбол дар лигаи олӣ, рушди варзиш дар шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас додааст.

88
Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, Туркия, Хуҷанд, Футбол
Джахонгир Эргашев, архивное фото

Ҷаҳонгир Эргашев аз "Хуҷанд" рафт: корномаи варзишияшро дар Ӯзбекистон идома медиҳад

371
(Таҷдидшуда 18:50 04.03.2021)
Ҷаҳонгир Эргашев, футболбози шинохтаи тоҷик корномаи варзишиашро дар Ӯзбекистон идома медиҳад

ДУШАНБЕ, 4 март - Sputnik. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбози тоҷик бо тими "Қизилқум" –и Ӯзбекистон шартнома баст.

Ба иттилои манбаъ, муҳлати шартномаи Ҷаҳонгир Эргашев то охири мавсими ҷорӣ буда, ҳамакнун ӯ дар Суперлигаи Ӯзбекистон бозӣ мекунад.

Ҷаҳонгир Эргашеви 26-сол дошта нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон мебошад ва яке аз футболбозони умедбахши кишвар гуфта мешавад

Тими охирини Эргашев “Хуҷанд” буд, ки ӯ бо он даста медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистонро дар мавсими гузашта ба даст овард.

Қабл аз “Хуҷанд” ӯ дар тими "Саиф Спортинг Клуб"-и Бангладеш бозӣ мекарда ва тобистони гузашта дубора ба ин дастаи аввалааш баргашт.

Восиев, футболбози тими миллии Тоҷикистон ба "Тамбов" гузашт

Ҷаҳонгир Эргашев дастпарвари футболи Суғд аст. Фаъолияти касбии худро дар “Хуҷанд” оғоз кардааст. Дар ҳайати асосӣ "Хуҷанд"  ӯ чаҳор маротиба ноиби чемпиони кишвар (2015, 2017, 2018, 2019) ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон (2017) шуд.

Президенти ФФТ ба деҳот рӯй овардааст: ташкили лига ва чемпионати нав

Ёдовар мешавем, авохири моҳи гузашта ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, Фарҳод Восиев бо бошгоҳи футболи "Тамбов" шартнома баст.

371