Ӯзбекистон ба як зодаи Тоҷикистон ҷоизаи баландтарини кишварро тақдим кард

Обуна шудан
Барои хизматҳо ва саҳми калон дар рушди варзиши сабук дар Ӯзбекистон зодаи Тоҷикистон Андрей Абдувалиев бо мукофоти олӣ сарфароз карда шуд

ДУШАНБЕ, 30 янв – Sputnik. Ба собиқ узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Андрей Абдувалиев ҷоизаи Ӯзбекистон тақдим карда шуд.

Барои хидматҳо ва саҳми бузург дар рушди варзиши сабук дар Ӯзбекистон зодаи Тоҷикистон Андрей Абдувалиев бо мукофоти олӣ сарфароз карда шуд.

Ҷоизаи олии Ӯзбекистон медали "Содиқ хизматлари учун" (Барои хидмати содиқона) мебошад.

Отрывок из Тик Ток канала Дины Саевой - Sputnik Тоҷикистон
Ситораи Tik Tok, зодаи Тоҷикистон Дина Саева табобат мегирад

Маросими ҷоизасупорӣ ба Андрей Ҳакимович Абдувалиев дар Федератсияи варзиши сабуки Ӯзбекистон баргузор гардид. Ҳоло ӯ раиси Федератсияи варзиши сабуки Ӯзбекистон аст.

Андрей Ҳакимович Абдувалиев 30 июни соли 1966 дар Ленинград (Санкт-Петербурги ҳозира) таваллуд шудааст. Қадаш - 190 см, вазнаш - 125 кило. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошад.

Устоди шоистаи варзиши СССР Андрей Абдувалиев дар Душанбе ба бозӣ ба варзиш шурӯъ кард. Аввалин мураббиёнаш оид ба гурзандозӣ Тулабой Худойбердиев ва Ҷуманазар Аббосов буданд.

Андрей Абдувалиев маҳорати худро таҳти роҳбарии мураббии руси қаҳрамони олимпӣ Сергей Бондарчук такмил дод. Вай дар ҳайати Динамои Душанбе бозӣ кардааст. Ва дар Тоҷикистон ҳамчун варзишгар машҳур гардидааст.

 Андрей Абдувалиев  бо ҳамсарашр Лола Қодирова низ дар Тоҷикистон шинос гардид. Вай дар гузашта варзишгари маъруф, узви дастаи мунтахаби хоккейи миллии ҷумҳурӣ буд.

Бори нахуст ба UFC тоҷики самарқандӣ роҳ ёфт - навор

Тавре худи гурзандоз гуфт, ду писараш дар пойтахт таваллуд шудаанд. Ба сабаби вазъи ноустувор, онҳо маҷбур буданд Душанберо тарк кунанд. Ҳамзамон ӯ қайд мекунад, ки ҳама дастовардҳо ва пирӯзиҳо ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.

Дар байни дастовардҳои олиҷаноби Андрей унвони қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 1992 дар Барселона, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон дар Штутгарт ва Гетеборг (1993, 1995), Устоди шоистаи варзиши ИҶШС мебошад.

Лентаи хабарҳо
0