Юношеская сборная Таджикистана (U-17)

Ҳафт бар як: Яккачини ҷавонони Тоҷикистон мунтахаби Қазоқистонро голборон кард

293
(Таҷдидшуда 22:54 31.01.2021)
Тими ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин бозии худ дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми рушд-2021 яккачини Қазоқистонро бо ҳисобт бузург шикаст дод

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Бозӣ шоми имрӯз дар пойтахки Белорус шаҳри Минск доир гашта яккачини Тоҷикистой ҳамтоёни қазоқашонро боҳисоби бузург 7:1 шикаст доданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсия футболи Тоҷикистон ҳаф голи яккачини кишварро Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Меҳрубон Каримов, Алиҷони Айнӣ, Хусрав Тоиров, Хуршед Давлатзода, Шаҳриёри Иноятулло ва Асадбек Ҷӯрабекзода задаанд.

Ягона голи ҷониби Қазоқистонро Никита Губарев ба ҳадаф расонидааст.

Дар даври дуввуми Ҷоми рушди 2021 мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими Молдова бозӣ мекунад.

Ин рақобат рӯзи чоршанбеи 3 феврал баргузор мешавад ва соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар ин мусобиқот ширкат мекунад.

Ҳайати мунтахаби кишвар дар Ҷоми рушди 2021 аз ин қабил аст:

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Сӯҳробхӯҷа Юсупов;

Ҳимоятгарон: Хукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов;

Даъват шуданд: доварони футболи тоҷик ба Арабистони Саудӣ мераванд

Нимҳимоятгарон: Алиҷони Айнӣ, Бежан Нишонбойзода, Хусрав Тоиров, Меҳрубон Каримов, Кабир Салимшоев, Аббос Андалибов, Муҷовид Шовайсуддинов, Амирҷони Фаррухзод;

Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Сунатулло Азизов, Асадбек Ҷӯрабекзода, Хуршед Давлатзода.

293
Ҳунарнамоии тими мунтахаби ҶТ дар марҳалаи selfdefence

Талоши таеквандочиёни тоҷик барои холҳои олимпӣ: санаи сабқат дақиқ шуд

33
(Таҷдидшуда 12:50 27.02.2021)
Иттиҳоди таеквондои Осиё - WT Asia санаи нави баргузории мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро эълон кард

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқа дар шаҳри Аммони давлати Урдун рӯзҳои 21-22 май баргузор хоҳад шуд. То ин замон баргузории мусобиқа 14-15 май дар нақша буд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ ин бори чандум аст, ки мусобиқаи таекванда ба таъхир андохта мешавад. Тибқи нақшаи қаблӣ, мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба таеквондо дар қораи Осиё бояд 26-27 март доир мегашт.

Мусобиқаи таеквондо дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи 8 вазн – 4 вазн миёни мардон ва 4 вазн миёни бонувон сурат мегирад ва аз тамоми ҷаҳон ҳамагӣ 128 варзишгар имкони иштирок дар бозиҳоро доранд.

Кумитаи миллии олимпӣ тавзеҳ дод, ки роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ дар намуди таеквондо бо ду роҳ тақсим карда мешавад – мусобиқаҳои интихобӣ ва радабандии ҷаҳонӣ. Тариқи радабандии ҷаҳонӣ 40 роҳхат – 5 роҳхат дар ҳар вазн, тариқи силсилаи Гранд Слам 8 роҳхат ҷудо мегардад. 72 роҳхати дигарро варзишгарон дар мусобиқаҳои интихобии қоравӣ (ҷойҳои якуму дуюми ҳар вазн) ба даст меоранд.

Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо барои дарёфти роҳхат талош мекунад. Аз ҷумла, 3 узви дастаи мунтахаб – Ҳалимова Моҳру, Ойматова Муниса, Шомаҳмадов Муҳаммадҳасан аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархӯрдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.

33
Барчаспҳо:
Олимпиада, Тоҷикистон
Рустам Эмомали президент ФФТ

Президенти ФФТ ба деҳот рӯй овардааст: ташкили лига ва чемпионати нав

652
(Таҷдидшуда 10:17 27.02.2021)
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи футболи Тоҷикистон Барномаи махсуси президенти ФФТ дар бораи рушди футбол дар деҳоти ҷумҳурӣ барои солҳои 2021-2024 – ро тасвиб карданд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ФФТ, дар доираи барнома ҳар сол мусобиқаи варзишӣ байни дастаҳои футболи деҳаю шаҳракҳои ҷумҳурӣ дар чор марҳила баргузор мегарданд.

“Дар ин мусобиқаҳо бозигарони аз 18 то 35-сола иштирок кардан метавонанд. Хароҷоти се марҳила, аз ҷумла лавозимоти варзишию туҳфаҳо барои ғолибонро мақомоти маҳаллию сарпарастон ва хароҷоти марҳилаи ниҳоиро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш пардохт мекунанд”, - омадааст дар иттилоия.

Тибқи нақша дар доираи татбиқи Барнома соли 2023 таъсиси Лигаи футболи деҳот дар назар дошта шудааст.

ФФТ таъкид намудааст, ки ҳадафи барнома пешрафти бозии футбол дар деҳот, баргузории мусобиқаҳои мухталиф байни дастаҳои футболи деҳот, бозсозӣ ва беҳтар гардонидани сифати майдонҳои футбол,  ҷалби шумораи бештари аҳолӣ ба бозии футбол ва тавассути бозии футбол дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбият намудани наврасону ҷавонон дар деҳоти кишвар мебошад.

652
Барчаспҳо:
чемпионат, лигаи аввали футбол, Тоҷикистон
Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов, архивное фото

Ашқободҷон ё Пойтахтҷон: Бердимуҳаммадов ба навзодҳо ном мегузорад

132
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисҷумҳури Туркманистон феҳристе аз номҳои духтар ва писарро барои навзодҳо пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба навзодҳо ном мегузорад.

Тавре "Парс тудей" менависад, раисиҷумҳури Туркманистон барои навзодоне, ки қарор аст 25 майи соли 2021 ва дар 140-умин соли таъсиси Ашқобод мутаваллид шаванд, феҳристе аз номҳоеро пешниҳод кардааст.

 Туркманистон рӯзи шанбе Комиссиюни вижаи давлатиро барои созмондиҳии ин маросим эҷод кард ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури ин кишвар низ феҳристе аз номҳои духтар ва писарро барои хонаводаҳое, ки фарзандонашон 25 май ва ҳамзамон бо солгарди таъсиси Ашқобод (Aşgabat) мутаваллид мешаванд, пешниҳод кардааст.

"Раисиҷумҳури Туркманистон гуфта, ки ин иқдоми намодин аст, ки исми писари нахусти хонаводаро, ки 25 майи соли 2021 мутаваллид мешавад "Пойтахт" ё "Ашқобод" ва исми духтари нахустро ҳам " Марҷон" ё "Мая" бигузоранд", - менависад манбаъ.

Раисиҷумҳури Туркманистон ҳамчунин дастур додааст то ҳадяҳое барои ин навзодон, ки дар 25 моҳи май мутаваллид мешаванд, таҳия шавад.

Петар хабар дода шуд, ки раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов писарашро ба симмати муовини сарвазир таъйин кард.

Сардор Бердимуҳаммадов ба вазифаи муовини сарвазир ва раиси Палатаи олии назорат таъйин гардид. Гузашта аз ин, узви Шӯрои амнияти миллӣ низ интихоб шуд.

"Дунёи маънавии туркманҳо": нашри китоби дигари Бердимуҳаммадов, раҳбари Туркманистон

Кишвардори Туркманистон гуфтаст, ки тасмим гирифт, ба кабинаи вазирон боз як вазифаи муовини раисро ворид кунад. Ба гуфтаи ӯ, муовини нави раиси ҳукумат, Палатаи олии назоратро низ сарварӣ карда, узви Шӯрои амният хоҳад буд.

Вазифаҳои муовини сарвазир, рақамисозӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар системаи ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, тандурустӣ, маориф, молия ва иқтисодро дарбар мегиранд.

Ҳамзамон, Сардор Бердимуҳаммадов аз вазифаи вазири саноат ва истеҳсолоти сохтмон озод карда шуд.

132
Барчаспҳо:
номгузорӣ, навзод, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, Туркманистон