Кубок Таджикистана - 2020

Тими "Равшан" ба финал баромад: боз кадом дастаҳо роҳ ёфтанд

79
(Таҷдидшуда 17:07 03.02.2021)
Дар марҳилаи финалӣ 4 даста аз минтақаи Душанбе, дудастаӣ аз минтақаи Суғд ва Хатлон ширкат меварзанд

ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Дар вилояти Хатлон марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба анҷом расид. Ба иттилои ФФТ, дастаҳои  "Хатлон" -и Бохтар ва "Равшан" - и Кӯлоб ба марҳилаи финалии мусобиқа роҳхат гирифтанд.

Гуфта мешавад, дастаи "Равшан" дар минтақаи Кӯлоб 5 бозӣ доир карда, дар ҳамааш ғолиб шуд. Тими "Хатлон" бошад, дар минтақаи Бохтар бартарӣ дошт – аз 15 холи имконпазир, 13 хол ба даст овард.

Як сол инизорӣ: Чемпионати Осиё миёни наврасону ҷавонон лағв шуд

Маврид ба зикр аст, ки марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ-2021 дар шаҳри Душанбе сурат мегирад. Бо натиҷагирии марҳилаи муқаддамотӣ, дар марҳилаи финалӣ 4 даста аз минтақаи Душанбе, дудастаӣ аз минтақаҳои Суғд ва Хатлон ширкат менамоянд.

Қаблан, ФФТ формулаи чемпионати кишварро байни дастаҳои лигаи якум барои соли равон тасдиқ кард.

Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ва нашри Энсиклопедияи миллии тоҷик: имрӯзи таърих

Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода буд, ки бозиҳо дар лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими соли 2021 дар ду давра гузаронда мешаванд.

"Шумораи дақиқи дастаҳо аз рӯи натиҷаҳои расмиёти литсензия муайян хоҳад гардид. Тахминан, мавсими нав дар лигаи якум 22 апрел оғоз меёбад", - гуфта мешуд дар хабар.

79
Барчаспҳо:
"Равшан", финал, футбол
Ҳунарнамоии тими мунтахаби ҶТ дар марҳалаи selfdefence

Талоши таеквандочиёни тоҷик барои холҳои олимпӣ: санаи сабқат дақиқ шуд

44
(Таҷдидшуда 12:50 27.02.2021)
Иттиҳоди таеквондои Осиё - WT Asia санаи нави баргузории мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро эълон кард

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқа дар шаҳри Аммони давлати Урдун рӯзҳои 21-22 май баргузор хоҳад шуд. То ин замон баргузории мусобиқа 14-15 май дар нақша буд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ ин бори чандум аст, ки мусобиқаи таекванда ба таъхир андохта мешавад. Тибқи нақшаи қаблӣ, мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба таеквондо дар қораи Осиё бояд 26-27 март доир мегашт.

Мусобиқаи таеквондо дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи 8 вазн – 4 вазн миёни мардон ва 4 вазн миёни бонувон сурат мегирад ва аз тамоми ҷаҳон ҳамагӣ 128 варзишгар имкони иштирок дар бозиҳоро доранд.

Кумитаи миллии олимпӣ тавзеҳ дод, ки роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ дар намуди таеквондо бо ду роҳ тақсим карда мешавад – мусобиқаҳои интихобӣ ва радабандии ҷаҳонӣ. Тариқи радабандии ҷаҳонӣ 40 роҳхат – 5 роҳхат дар ҳар вазн, тариқи силсилаи Гранд Слам 8 роҳхат ҷудо мегардад. 72 роҳхати дигарро варзишгарон дар мусобиқаҳои интихобии қоравӣ (ҷойҳои якуму дуюми ҳар вазн) ба даст меоранд.

Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо барои дарёфти роҳхат талош мекунад. Аз ҷумла, 3 узви дастаи мунтахаб – Ҳалимова Моҳру, Ойматова Муниса, Шомаҳмадов Муҳаммадҳасан аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархӯрдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.

44
Барчаспҳо:
Олимпиада, Тоҷикистон
Рустам Эмомали президент ФФТ

Президенти ФФТ ба деҳот рӯй овардааст: ташкили лига ва чемпионати нав

776
(Таҷдидшуда 10:17 27.02.2021)
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи футболи Тоҷикистон Барномаи махсуси президенти ФФТ дар бораи рушди футбол дар деҳоти ҷумҳурӣ барои солҳои 2021-2024 – ро тасвиб карданд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ФФТ, дар доираи барнома ҳар сол мусобиқаи варзишӣ байни дастаҳои футболи деҳаю шаҳракҳои ҷумҳурӣ дар чор марҳила баргузор мегарданд.

“Дар ин мусобиқаҳо бозигарони аз 18 то 35-сола иштирок кардан метавонанд. Хароҷоти се марҳила, аз ҷумла лавозимоти варзишию туҳфаҳо барои ғолибонро мақомоти маҳаллию сарпарастон ва хароҷоти марҳилаи ниҳоиро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш пардохт мекунанд”, - омадааст дар иттилоия.

Тибқи нақша дар доираи татбиқи Барнома соли 2023 таъсиси Лигаи футболи деҳот дар назар дошта шудааст.

ФФТ таъкид намудааст, ки ҳадафи барнома пешрафти бозии футбол дар деҳот, баргузории мусобиқаҳои мухталиф байни дастаҳои футболи деҳот, бозсозӣ ва беҳтар гардонидани сифати майдонҳои футбол,  ҷалби шумораи бештари аҳолӣ ба бозии футбол ва тавассути бозии футбол дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбият намудани наврасону ҷавонон дар деҳоти кишвар мебошад.

776
Барчаспҳо:
чемпионат, лигаи аввали футбол, Тоҷикистон
Тюремная вышка, архивное фото

Баъди падар писар: додгоҳ писари муовини раиси ҲСДТ Махмурод Одинаевро равонаи зиндон кард

0
Додгоҳи шаҳри Ҳисор ҳукми писари муовини зиндонии раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро Маҳмурод Одинаевро содир кардааст.

ДУШАНБЕ, 2 мар- Sputnik. Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали ҲСДТ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, додгоҳ Шайхмуслиҳиддин Ризоевро барои шаш сол равонаи зиндон кард.

Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси тоҷик, баррасии парванда ва ҳукми Шайхмуслиҳиддин Ризоев бидуни ширкати хонаводаи ӯ сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи Ҳакимов, қаблан баҳонаи оғози нофаҳмиҳо миёни мақомот ва Маҳумрод Одинаев маҳз ҳамин писараш буд, зеро ӯ аз нигоҳи равонию шунавоӣ ва биноӣ мушкил дорад, аммо кормандони комиссариати ҳарбии Ҳисор ӯро бо усули "облава" ба хизмат фиристоданӣ мешаванд.

Номбурда гуфт, ҳукми Шайхмуслиҳиддин Ризоев низ шояд ангезаи сиёсӣ дошта бошад.

Як манбаъ аз додситонии шаҳри Ҳисор ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Шайхмуслиҳиддин Ризоев бо моддаҳои 237, қисми 2 ва 32-138, ки авбошӣ ва кӯшиши таҷовуз ба номус мебошад, муҷрим шинохта мешавад.

Маҳмурод Одинаев, ноиби зиндонии раиси ҲСДТ, қаблан дар расонаҳо аз латукӯби писараш, ки таксӣ меронад,  хабар дода, эҳтимолан онро ба фаъолияти сиёсии худ рабт дод.

Изҳороти ВКД дар бораи Маҳмурод Одинаев: "шахси моҷароҷӯ" аст

Аммо ВКД баъдан ба фаъолияти сиёсии Одинаев рабт доштани латукӯби писараш - Шайхмуслиҳиддин Ризоевро рад карда, изҳор дошт, ки ӯ аз ҷониби Имомиддин Амиршоев, муҳофизи тарабхонаи “Шоми Шӯроб” латукӯб шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса тақрибан соати 2-и шаб дар ҳоле рух додааст, ки муҳофизони тарабхона хостаанд, духтар Шаҳноза Саидоваро аз дасти Ризоев халос кунанд.

Шаҳноза Саидова дар гузориш гуфтааст, ки бо мошини Ризоев назди тарабхона омадааст, аммо пулро надода, изҳор доштааст, ки маблағро дугонааш медиҳад, аммо ронанда бовар накардааст ва муноқиша рух додааст.

Худи Ризоев дар шарҳи қазия изҳор дошт, ки духтари мусофирро аз роҳ савор карда, то пеши тарабхонаи “Шоми Шӯроб”-и деҳаи Шӯроби шаҳри Ҳисор бурд, аммо духтар гуфт, ки маблағро дугонааш медиҳад, ки дар тарабхона аст. Ӯ афзуд, ки дар тарабхона дугонаро наёфт ва вақте баромад, Саидова аллакай ба дигар мошин савор шуданӣ буд.

“Ман ӯро аз даруни мошин кашида фаровардам, якто задам, ки бачаҳо тарафи ман давида маро заданд”, - гуфт Шайхмуслиҳиддин Одинаев.

Раёсати тафтишотии ВКД он замон нисбати Амиршоев Эмомиддин ва Шайхмуслиҳиддин Ризоев бо моддаи 237 қ.2 банди б-и КҶ ҶТ, яъне авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, гуфта буд, ки вобаста ба кирдорҳои бадахлоқонаи Шайхмуслиҳиддин Ризоев корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем, 28 январи соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ худи Одинаевро барои 14 сол равонаи зиндон кард ва қабл аз ӯ нисбат ба Ҳабибулло Ризоев писари дигараш низ айб эълон шуда 58 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда буд.

 

0