Поре мехоҳад боз бо Макгрегор вориди майдон шавад

346
(Таҷдидшуда 19:45 04.02.2021)
Варзишкори амрикоӣ размикори UFC Дастин Поре барои як рақобати дигар бо варзишкори ирландӣ Конор Макгрегор ишора кард

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Намояндагони муҳорибаҳои омехта Дастин Поре ва собиқ қаҳрамони UFC Конор Макгрегор метавонанд, реванш гузаронанд.

Дар ин бора варзишкори амрикоӣ дар саҳифааш дар Twitter ишора кард.

​Ин вохӯрӣ барои варзишкорон сеюм мешавад. Бори аввал размикорон соли 2014 дар октагон вохӯрда буданд. Он замон варзишкори ирландӣ бар рақибаш пирӯз шуда буд. Макгрегор дар бахши аввал варзишкори амрикоиро нокаут карда аз пой афтонд.

Намоиши дидание мухлисони варзишкоронро дар соли 2021 интизор буд. Ҳамин тавр, варзишкорон моҳи январ дар доираи сабқати UFC 257 ба майдон баромаданд.

Ин бор Поре бар Конор пирӯз шуд. Барои нахустин бор Макгрегор тариқи усули нокаут аз ҷониби рақибаш шикаст хӯрд.

Рақобат беш аз ду раунд давом кард. Дар аввал бартарӣ ба ҷониби Макгрегор буд - ӯ як қатор ҳамлаҳои бомуваффақият анҷом дод. Ҷавоби аз тарафи варзишкори амрикоӣ ба зудӣ расид. Аллакай дар даври дуввум, ӯ якчанд лангеи бомуваффақият иҷро кард ва ирландиро мағлуб кард.

Барои мубориза Поре аз UFC ба ҳаҷми 50 000 доллар ҷоиза гирифт.

Раҳбари UFC беҳтарин размикор дар таърихи ММА - ро ном бурд: Ҳабиб?

Пас аз набард, Макгрегор барои 6 моҳ аз мубориза маҳрум карда шуд. Тибқи пешгӯии табибон, ҳангоми мубориза бо Поре, ҷароҳатҳои вазнин бардошт.

Дар натиҷаи ду вохӯрӣ, Поре ва Макгрегор як ғалабаӣ бар якдигар доранд. Ҷанги сеюм метавонад дар муқовимати онҳо ҳалкунанда бошад.

346
Барчаспҳо:
варзиш, Ҷаҳон, Макгрегор
Петр Ян, размикори рус

Дана Уайт: "Мо набарди ҷавобии Стерлинг ва Янро ташкил хоҳем кард"

112
(Таҷдидшуда 21:16 07.03.2021)
Дана Уайт, президенти UFC гуфт, ки набарди ҷавобии размикори рус Пётр Ян дар рақобат бо намояндаи ИМА Алҷемейн Стерлинг унвони худро аз даст дод

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт эълом дошт, ки набарди қаҳрамони собиқи дар вазни сабук Петр Ян ва Алҷамейн Стерлингро баргузор хоҳад кард.

"Ин як муборизаи хуб буд, ҷойи таассуф аст, ки чунин шуд. Табиист, ки мо ҳарчи зудтар бозии ҷавобиро ташкил мекунем. Кай? Ҳоло номаълум аст. Мусобиқа  нав ба охир расид. Ман намефаҳмам, ки чаро Ян ба ин зарба зад, зеро Стерлинг аллакай дар даври чорум дар ҳоли ногувор буд, - гуфт Уайт.

Ёдовар мешавем, размикори UFC аз Русия Пётр Ян дар рақобат бо намояндаи ИМА Алҷемейн Стерлинг унвони худро аз даст дод.

Нуқтаи ниҳоӣ дар муқовимат зарбаи варзишкори Русия буд.

Амрикои дар ҳолати номусоид наздик ба шикаст буд. Дар пеши размикори рус зарурати хотима додани набард ба миён омад.

Қабл аз ин, ӯ аз мураббиёнаш дар бораи эҳтимоли зарбаи зону пурсид ва посухи мусбат гирифт.

Ҳамин ки зарбаи сангини ҳалкунанда зада шуд - Стерлинг ба нокаут рафт ва довар фавран муборизаро қатъ кард.

Доварон Пётер Янро аз ҳақ идомаи рақобат маҳрум карданд ва намояндаи ИМА ба таври автоматӣ қаҳрамон шуд.

Барои паҳлавони Русия ин бохти дуввум дар карераи касбӣ бо 15 пирӯзист.

Аммо, Стерлинг аз ин натиҷаи мубориза норозӣ буд, унвонро қабул накард ва камарбанди қаҳрамониро ба октагон партофт.

Қаҳрамони UFC аз Русия барои истифодаи усули ғайриқонунӣ аз унвонаш маҳрум шуд: видео

Петр Ян унвони қаҳрамониро тобистони гузашта пас аз рақобат бо ҳарифи бразилиягиаш Жозе Алдо дар доираи барномаи UFC 251 дар Абу-Дабӣ ба даст оварда буд.

 

112
Росийский боец Ислам Махачев

Пас аз тавсияи Ҳабиб: Махачев ҳарифи амрикоияшро бо усули буғӣ кардан ширкаст дод-видео

283
(Таҷдидшуда 14:34 07.03.2021)
Ислом Махачев дар тамоми мубориза бартарӣ дошт ва яке аз пуштибону таҳрикдиҳандаи ӯ Хабиб Нурмуҳаммадов буд

ДУШАНБЕ, 7 март - Sputnik. Размикори шинохта Ислом Махачев дар UFC 259 дар Лас Вегас бар Дрю Добери амрикоӣ пирӯзии комил ба даст овард.

Номбурда дар тӯли тамоми мубориза бартарӣ дошт ва Добери 32-соларо маҷбур кард, ки дар даври севум бо усули буғи кардан таслим шавад.

Яке аз маслиҳатгарони Махачёв Ҳабиб Нурмуҳаммадов буд.
Пас аз даври аввал, ӯ ба доғистонӣ тавсия дод, ки "ҳамаи ҳамон корро" иҷро кунад, рақибро афтонад ва ҳама чизро дар замин ҳал кунад.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от UFC Russia (@ufcrussia)

Мавриди зикр аст, ки Махачеви 29-сола дӯсти ситораи UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов мебошад. Пас аз ин набарди Махачев 19-умин пирӯзияшро ба даст овард. ғалаба ба даст овард. Дар корномаи варзишияш ӯ танҳо як мағлубият дорад.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от UFC Russia (@ufcrussia)

Махачев фавран пас аз мубориза гуфт, ки вай омодааст бо рақибони олӣ, ба монанди Тони Фергюсон мубориза барад.

283
Барчаспҳо:
тавсия, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, зӯрозмоии размикорон, қаҳрамони UFC
Флагшток в Душанбе. Архивное фото

Таъсиси Палатаи савдои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

0
(Таҷдидшуда 00:23 08.03.2021)
Маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон ҳамчун Палатаи савдои Осиёи Марказӣ таъсис дода мешавад

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст, ки Маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон бо ҳадафи иртиботи бештари корофаринон ва тавлидкунандагони Осиёи марказӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.

Созмондиҳӣ ва фаъолияти ин марказ дар ҳоли баррасӣ аст. 

Дар моҳи феврали соли равон теъдоде аз гурӯҳҳои тиҷорӣ ва сармоягузории кишварҳои ҳамсоя барои ширкат дар ин тарҳ ба Тоҷикистон сафар карданд. 

Ин тарҳро ширкати “Девори ҷаҳон”, ки аз шуракоии ширкати сармоягузорӣ ва тавлидии “ Ориёнинвест”аст, иҷро хоҳад кард. 

Палатаи савдои Осиёи марказӣ тавлидкунандагон ва ширкатҳои мухталиф дар Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркияро ба ҳам    муттаҳид мекунад.

Ҳамзамон дар қолиби ин пружа дар шаҳри Душанбе роҳандозии як намоишгоҳи доимии молҳо ва маҳсулоти кишварҳои ширкаткунанда дар ин пружа барномарезӣ шудааст. 

Ба таври куллӣ, барномарезӣ шудааст, ки фаъолияти ин сохтор тамоми равобити тиҷорӣ ва сармоягузорӣ дар ҳамаи мароҳил, назири ҷазби сармоягузорон, тавсеъаи барномаҳо, музокирот, ироаи хадамоту кумакҳои ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ, тарвиҷи сармоягузорӣ ва маҳсулоти Тоҷикистонро дарбар хоҳад гирифт.

0
Барчаспҳо:
хизматрасонӣ, Осиёи Марказӣ, палата, савдо, Палатаи савдои Тоҷикистон, Тоҷикистон