Юношеская сборная Таджикистана (U-17)

Наврасони Тоҷикистон баъди голборони се ҳариф “Ҷоми рушд-2021”-ро гирифтанд - навор

690
(Таҷдидшуда 20:17 06.02.2021)
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол – “U-17” дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” ғолиб гардид

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон – “U-17” бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар 17-ум мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021”, дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск ғолиб шуд.

Голи пирӯзиовари Алишер Ҷалилов дар Дубай - видео

Наврасони тоҷик 6 феврал дар даври ниҳоӣ ҳамтоёни белорусии худро бо ҳисоби 4:1 шикаст доданд. Голи чорум бо зарбаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонда шуд.

Футболбозони навраси тоҷик инчунин ҳамсолонашон аз Қазоқистон (31 январ), Молдоваро (3 феврал) шикаст доданд.  Аввал ҷавонон рақибони Қазоқистонро бо ҳисоби 7: 1 ва сипас дастаи Молдоваро бо ҳисоби 5: 1 голборон карданд.

Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад. Имсол барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа мунтахаби наврасони соли таваллудашон на бештар аз 2004 талош карданд.

690
Барчаспҳо:
рушди, Футбол, Тоҷикистон
Женский футбол, архивное фото

Фозилова нахустин тоҷикдухтарест, ки ба тими Гурҷистон пайваст

108
(Таҷдидшуда 19:53 02.03.2021)
Мадина Фозилова мегӯяд, ҳоло гузариши ӯ ба тими Гурҷистон дар ҳоли анҷомёбист ва рӯзҳои наздик ӯ ба қасди он давлат Тоҷикистонро тарк мекунад

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Мадина Фозилова собиқ ҳамлавари бошгоҳи "Зебонисо" ва ҳоло сарвони тими мунтахаби бонувони Тоҷикистон, эҳтимол аст, ки фаъолияти футболбозии хешро дар Қаҳрамонии Гурҷистон идома диҳад, хабар медиҳад сомонаи Варзиш.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло гузариши Мадина ба тими Гурҷистон дар ҳоли анҷомёбист.

"Ҳоло гуфтушунид байни футболбоззани тоҷик ва роҳбарияти дастаи "WFC Nike" идома дорад, - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, охири ҳафтаи равон гузариши Мадина ба дастаи мазкур сурат мегирад.

Бояд гуфт, ки Мадина Фозилова нахустин бонуест, ки дар таърихи футболи тоҷик ба як тими аврупоӣ мепайвандад.

Духтарони тоҷику узбак футбол мебозанд: дидори Р.Эмомалӣ ва У. Аҳмадҷонов

Зикр мегардад, дастаи нави Мадина Фозилова дар Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо байни бонувон ҳунарнамоӣ мекунад.

108
Барчаспҳо:
Гурҷистон, футбол
Ученики Зебинисо Рустамова

Камонварони тоҷик дар Тошканд мақоми дуюм гирифтанд

55
(Таҷдидшуда 14:34 02.03.2021)
Дар ин мусобиқа тими занона ва мардонаи кишвари мизбон мақоми аввалро аз худ кард

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Камонварони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Тошканд ду медал ба даст оварданд, хабар медиҳад Кумитаи милли олимпӣ.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ аз 22 то 27 феврал дар шаҳри Тошканд ҷараён дошт, ки тими Тоҷикистон низ дар кори он иштирок кард.

Тими занона ва мардонаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа ба гирифтани медали нуқра даст ёфтанд.

Ба ҳайати тими бонувони Тоҷикистон, Мавзуна Азимова, Фирӯза Зубайдова ва Фирӯза Давлатова шомил буданд. Дастаи мардон аз Анушервон Раҳимӣ, Умед Раҳмонов ва Абдуғаффор Рустамов иборат буд.

Варзишгарони мизбон бошад, қаҳрамони мусобиқа шуданд.

Зимнан, мақоми сеюмро варзишгарони Қирғизистон касб карданд.

55
Барчаспҳо:
ғолиб, Тошканд, варзишгарони тоҷик
Акция по выдаче питания лицам без определенного места жительства

Нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфт

0
(Таҷдидшуда 20:31 02.03.2021)
Коршиносони байналмилалӣ ахиран эълон доштанд, ки қиммати ҷаҳонии ғизо ба болотарин сатҳ дар 6 соли гузашта расидааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нархи ҷаҳонии ғизо таҳти таъсири афзоиши ҳазинаи маводи ғизоӣ ба болотарин сатҳ дар беш аз 6 соли гузашта расидааст, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей" дар истинод ба гузориши шабакаи хабарии "Bloomberg".

Ба гузориши "Bloomberg", ҳамзамон қиммати колоҳои аслӣ афзоиш ёфта ва қимати ҷаҳонии маводи ғизоиро ба болотарин сатҳ дар шаш соли гузашта дар январи 2021 расондааст.

Бо тавваҷуҳ ба таъсири ҳамагирии корона дар раванди рушди иқтисодӣ, нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфтааст.

“Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Соли вазнин хоҳад буд”: нигарониҳои Раҳмон аз соли 2021

Ин шабакаи хабарӣ бо ишора ба афзоиши 30 то 61 дарсадии қимати ғизо дар кишварҳои мухталиф навишт, ки бозорҳои навзуҳӯр, фишори ношӣ аз афзоиши баҳои маводи хомро эҳсос мекунанд, зеро афзоиши қимати колоҳое ҳамчун нафт, мис ва ғаллот болотар аз ҳадди интизор будааст.

0
Барчаспҳо:
боло, қиммат шудан, ғизо, байналмилалӣ, ҷаҳон