ДУШАНБЕ, 7 феврал - Sputnik. Аҳлиддин Турдиев, мураббии дастаи футболи наврасони Тоҷикистон, таассуроти худро пас аз пирӯзӣ бар тими миллии Беларус ва пирӯзӣ дар "Ҷоми Рушд-2021" изҳор кард. Навори сӯҳбати мураббии тоҷик дар канали Youtube -и Федератсияи футболи Беларус нашр шудааст.
Турдиев гуфт, ки бозии охирин бо тими миллии Беларус душвор гузашт, қисман аз он сабаб буд, ки бачаҳо каме ором шуданд, зеро медонистанд, ки новобаста аз натиҷа онҳо ҳамчун чемпион мераванд.
"Мо ба раванди бозӣ дохил нашудем, ҳамдигарфаҳмӣ набуд. Аммо ҳангоми танаффус мо бо бачаҳо гуфтугӯ кардем ва дар қисми дуввум онҳо бозиеро, ки мо ҳамеша интизор будем, нишон доданд", - гуфт мураббӣ.
Мураббии наврасони Тоҷикистон қайд кард, ки "Ҷоми рушд" мусобиқаи хеле хубест, ки дар рушди футбол кумак мекунад.
Тоҷикистон қаҳрамон! Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони "Ҷоми рушд": видео
Номбурда аз он изҳори таассуф кард, ки бинобар пандемия, рақибони боқимонда омада натавонистанд ва инчунин қайд карданд, ки набудани тамошобинон ба бозӣ таъсири калон мерасонад.
"Мусобиқа ба мо бисёр чизҳоро дод. Мо ин наврасонро барои оянда омода карда истодаем, кӯшиш мекунем, ки онҳоро ҳар моҳ ба ҷое барем. Талош мекунем, барои онҳо бозиҳои байналмилалӣ бештар созмон диҳем", - гуфт мутахассиси тоҷик.
Турдиев илова кард, ки бозиҳои меҳмонӣ ба футболбозони ҷавон имконият медиҳанд, ки дар оянда як футболбози хуб шудан ва баробари ба тими мунтахаби Тоҷикистон ворид шудан як қадам ба пеш гузоранд.
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Духтарони волейболбози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар сабқати касбӣ ва бонувони ВКД дар мусобиқаи ғайрикасбӣ, ки ба муносибати Рӯзи Модар баргузор шуд, мақоми аввалро ба даст оварданд.
Дар ин сабқат 42 дастаи волейболбозони касбӣ ва ғайрикасбӣ ширкат карданд.
Дар мусобиқаи касбӣ - дастаи волейболбозони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойи аввал, дастаи Душанбе-1 ҷойи дуюм ва дастаи вилояти Суғд мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Аз миёни волейболбозон дар сабқати ғайрикасбӣ, ки байни бонувони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо дастаи волейболбозони "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилӣ ғолиб омада, соҳиби Ҷоми мусобиқа гардид.
Онҳо рӯзи 5-уми март дар даври ниҳоии мусобиқа дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллиро бо ҳисоби 3:0 мағлуб сохтанд. Дар ин гурӯҳ мақоми сеюмро дастаи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба даст овард.
Дар ин росто, рӯзи 6-уми марти соли 2021 вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода волейболбозони ғолибро бо ин дастовардашон ва иди бонувон – "Рӯзи Модар" табрику гуфт.
Ҳамчунин ба варзишгарони ғолиб тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ғолибони мусобиқа аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ бо Ҷом, диплом, медалу Ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мусобиқаи мазкур бахшида ба таҷлили "Рӯзи Модар", ки бо ташаббуси Мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида буд, аз 10-уми феврал то 5 марти соли 2021 дар толори Муассисаи давлатии Маркази омодакунии олимпии тимҳои мунтахаби шаҳри Душанбе (Манеж) идома ёфт.
ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо футболбозони клуби "Хуҷанд" дидору мулоқот кард.
Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят аснои мулоқот бо ҳайати даста гуфтааст, ки роҳбарияти вилоят дар партави дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, клубҳои футболро мунтазам дастгирӣ менамояд.
Дар ин росто бозингарони дастаи "Хуҷанд" бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва омодагӣ ба мавсими нави футбол, инчунин омӯзиши техникаҳои нави бозии футбол ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар карда мешаванд.
"Бозингарони "Хуҷанд" давоми 10 рӯз дар Туркия се бозии рафиқона анҷом дода, барои иштирок дар чемпионатҳо омодагӣ мебинанд", - омадааст дар хабарнома.
Таъкид гардида, ки минбаъд дастаҳои футболи "Эсхата" ва "Истаравшан" низ барои такмили маҳорат ва мубодилаи таҷриба ба кишварҳои дуру наздик фиристода мешаванд.
Раиси вилоят дар поёни мулоқот ба шахсони масъул ҷиҳати беҳтар намудани шароити бозингарон, омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футбол дар лигаи олӣ, рушди варзиш дар шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас додааст.
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Дар Афғонистон 15 нафар бар асари фаромадани баҳман ва ё тарма ҷон аз даст доданд.
Ба иттилои мақомоти Афғонистон, тарма рӯзи 4 март дар як гӯшаи дурдасти вилояти Бадахшони Афғонистон фаромад, ки он зери назорати толибон қарор дорад.
Макони фаромадани тарма рустои Зарандоб, ки дар ноҳияи Роғистон ҷойгир аст, гуфта мешавад. Дар ин макон кони тилло ҷойгир аст.
Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар хабар доданд, ки нахуст ҷасади 12 нафар аз зери тарма берун оварда шуд.
Сипас теъдоди қурбониёни ин офати табиӣ ба 15 нафар расид. Ҳамзамон панҷ нафари дигар бар асари фаромадани баҳман маҷрӯҳ шудаанд.
Дар Бадахшони Тоҷикистон бошад, рӯзи 24 феврал якбора 16 тарма дар масири Хоруғ - Ишкошим фаромад ва хушбахтона талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Тарма танҳо барои чанд муддат баста шуд ва сипас бо талоши поксозони роҳ ин мушкилӣ бартарафгардид.